Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар мавзуи «Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дарси мардонагист»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Май, 2024 - 14:06

Мувофиқи Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми майи соли 2024 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба мизи мудаввар дар мавзуи «Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дарси мардонагист» баргузор гардид.
Чорабинии илмӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода чорабиниро ифтитоҳ ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи Ғалаба табрик намуда, ҳамзамон, зикр намуд, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун ҷашни умумимиллӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд аст. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки барои зафар ёфтан бар фашизм мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромушнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла, мо Тоҷикистониён низ, азиз ва гиромӣ аст.
Дар суханрониҳои роҳбарият ва кормандони Кумита санаи бисёр муҳим ва воқеан, тақдирсозу таърихӣ, муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам бар зидди фашизм, ҷасорату фидокорӣ дар майдони муборизаҳои хунин ва ақибгоҳ, санаи ёдбуди шаҳидони ҷанг ва бузургдошти корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ, дӯстиву ҳамкорӣ ва таҳкими равобити неку созандаи халқу давлатҳо зикр гардиданд.
Чорабинии зебои фарҳангӣ идомабахши ҳамоиши мазкур гардида, он хотири иштирокдоронро болида гардонд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Категория: