Таърих
Эъломи истиқлолияти давлатӣ. Волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар давраи муқовиматҳои шадиди сиёсӣ Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
Соҳибистиқлолие, ки дар ин санади таърихӣ эълон шуда буд, ҳанӯз «соҳибистиқлолӣ дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шӯравӣ» маҳсуб мешуд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави худ ҳамаи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро, ба истиснои масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ дода мешуданд, мустақилона ҳал мекард.
Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ барои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқии он як давраи инкишофи ғайричашмдошти таърихӣ буд. Воқеан, падида ва ҳодисаҳои сиёсӣ ончунон босуръат тағйир меёфтанд, ки ҳатто баъзе роҳбарони мақоми аввали ин ҷумҳуриҳо аз дарки маънии ин раванд оҷиз мемонданд.
Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 аз оғози рӯзҳои вопасини ин давлати абарқудрат дарак медод. Акнун ҷумҳуриҳо муҳтавои истиқлолияти сиёсиро дар ин марҳала дарк намуда, барои ба даст овардани истиқлолияти комил саъй ва талош менамуданд. Чун ин таҳаввулоти сиёсӣ ва раванди сиёсӣ Тоҷикистонро, низ бидуни истисно, метавонист фаро гирад, аз ин рӯ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи соли 1990 равшан эҳсос карда мешуд.