Чоршанбе, Май 15, 2024

Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар мавзуи «Солимии оила - асоси пойдории давлат ва ҷомеа»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Май, 2024 - 13:02

Рӯзи 15-уми майи соли 2024 дар толори Кумитаи забон ва истилоњоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии оила мизи мудаввар дар мавзуи «Солимии оила - асоси пойдории давлат ва ҷомеа» баргузор гардид.
Чорабинии илмӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода чорабиниро ифтитоҳ ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, њамагонро бо таҷлили Рӯзи байналмилалии оила табрик намуда, ҳамзамон, зикр намуд, ки оила сохтори қадимтарине дар дунёст ва нақши муҳимме дар ҷомеаи инсонӣ мебозад. Ҳаёт бо исрор тақозо менамояд, ки мо бояд барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб фарзандонро дар мактаби оила, ба ҳаёти мустақилона омода намоем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун узви асосии ҷомеа муайян намуда, дар баробари он дар кишвар санадҳои зиёди меъёрию ҳуқуқии вобаста ба оила фаъолият мекунанд, ки ба рушд ва таҳкими он, пешгирии зуроварӣ дар оила ва ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила равона гардидаанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)