Панҷшанбе, Май 23, 2024

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Май, 2024 - 08:08

Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар!

Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.

Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори илмиву фарҳангии ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар намоянд.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҷисмонии ҷавонон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, илму ҳунаромӯзӣ тарбия ёфтани ҷавонон, аз худ кардани техника ва технологияҳои муосир тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Боиси қаноатмандист, ки ҳоло ин талошҳо самараву натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.

Солҳои охир ҷавонони мо ба илмомӯзӣ, азхудкунии донишҳои нав ва омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ бо шавқу завқи бештар рӯй овардаанд, ки ин, албатта, падидаи неку умедворкунанда мебошад.

Илова ба садҳо ҳазор ҷавононе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии дохили кишвар таҳсил карда истодаанд, беш аз 40 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ҳоло дар беҳтарин мактабҳои олии хориҷӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва баъди хатми таҳсил барои пешрафту ободии Ватани худ саҳм хоҳанд гузошт.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)