Якшанбе, Октябр 19, 2025

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Октябр, 2025 - 17:12

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон, ки чун арзиши бузурги маънавӣ аз гузаштагони некномамон ба мо мерос мондааст, самимона табрик мегӯям.

Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии    мо – тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад.

Меҳргон ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад.

Ҷашни Меҳргон чун дигар ҷашнҳои миллии мо асосҳои муътамади нуҷумӣ дорад.

Гузаштагони хирадманди мо тибқи тақвими бостонӣ ва дар асоси илми нуҷум санаи понздаҳуми меҳрмоҳро рӯзи меҳр меномиданд ва ҷашни Меҳргонро дар ҳамин рӯз таҷлил мекарданд.

Тайи ҳазорсолаҳо арзишҳои ин ойини мардумӣ дар тамаддуни тоҷикон решаҳои амиқ давонда, ҷанбаҳои гуногуни фарҳангиву фалсафӣ гирифта, дар адабиёти оламшумули тоҷик васеъ инъикосу тавсиф шудааст.

Ҷашни шоҳону хусравон будани Меҳргонро ҳанӯз дар асри даҳи мелодӣ қофиласолори шеъри Аҷам устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле зебо сурудааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Заминаи ривоятии пайдоиши ҷашни Меҳргон дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст ва шоир ин падидаро ба рӯзи ба тахт нишастани Фаридун нисбат медиҳад:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳрёр,
Ба рӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)