ФАРҲАНГИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 2026

Вожаеро ворид намоед

Чоршанбе, Феврал 4, 2026

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИМЛОИ САДОНОКҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Феврал, 2026 - 17:53

Назарзода Сайфиддин
доктори илмҳои филолгия, узви вобастаи АМИТ, профессор

     Дар асоси меъёрҳои забони адабӣ, ки дар забоншиносии муосир муайян шудааст, шакли талаффузи овозҳои ба забони адабӣ воридшуда бояд ҳадди аксар барои тамоми соҳибони забон (ки бо лаҳҷаҳои гуногун суҳбат мекунанд) ва ҳадди ақал барои аксарияти соҳибзабонон умумӣ бошад. Яъне ҳангоми таҳияи имлои забони адабӣ меъёрҳои таърихие ба назар гирифта мешавад, ки дар тамоми ё қисмати бештари лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ таърихан ташаккул ёфта, хусусияти умумӣ ё фаролаҳҷавиро гирифта бошанд. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст мефармояд, ки «Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки бояд мавриди таҳқиқи ҷиддии донишмандон, махсусан забоншиносон қарор гирад, масъалаи муқаррар намудани меъёрҳои забони адабӣ мебошад. Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёр ва таърихи он таъмин кардан мумкин аст»[7, 23]. Аз ин нуқтаи назар таҳаввули таърихии садонокҳои забони тоҷикӣ бисёр омузанда аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад