Конференсияҳо

Фишурдаи конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик - академик Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»

Чоп карданЧоп карданПаёми электронӣПаёми электронӣPDFPDF

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Фишурдаи
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик – устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»

13-уми апрели соли 2018,                                                                              ш. Душанбе


        Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбо мақсади иҷрои банди 2.3-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8-уми июни соли 2017, №283 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик – устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» баргузор менамояд.Ҳадафи асосии баргузории Конференсияи мазкур арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ буда, баҳри амалӣ намудани сиёсати забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ мебошад. Мақолаҳо ва суханрониҳои пуртаъсири ин олими барҷаста - маорифпарвари тоҷик аз минбарҳои матбуот, конференсияу анҷуманҳо ва баҳсу мунозираҳои илмӣ оид ба ҳифзи забони адабии тоҷик, таълифу нашри нахустин китобҳои дарсӣ, адабиётшиносӣ, таърихнигорӣ, рӯзноманигорӣ, фарҳангнигорӣ,имлову иншо, нақши боризи устод дар навсозӣ варушду такомули забони миллӣ, тарбияи адибони ҷавон ва ғайраҳо таҷассумгари фаъолияти пурсамару ибратбахши ӯ маҳсуб меёбанд. Ин нуктаҳо дар маърӯзаҳои илмӣ ва музокираҳои иштирокчиёни Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саҳми устод С. Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ», ки бо иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид,таъкид ёфтанд.
     Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар ифтитоҳи конференсия аз сиёсати фарҳангии давлату ҳукумати кишвар, оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду такомули забони миллӣ ва арҷгузорӣ ба бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат ёдовар шуда, зикр намуд, ки мақому манзалати устод С. Айнӣ дар байни шахсиятҳои маъруфи тоҷик ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад.Дар ҳамин мавзӯъ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ибрози ақида намуданд.
     Олимони забоншинос ва адабиётшиноси тоҷик С. Назарзода, Б. Камолиддинов, Т. Ҷӯраев, Н. Офаридаев, Р. Ваҳҳоб, Т. Ваҳҳобов, Д. Бобоҷонов, Ш. Кабиров, Н. Акрамов, К. Раҷабов, Ш. Ҷамшед ва дигарон нуқтаи назари илман асосноки хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи ҳаёту эҷодиёти С. Айнӣ бо мисолҳои воқеӣ иброз доштанд. Онҳо аз ҷумла зикр намуданд, ки С.Айнӣ на танҳо нисбат ба фаъолияти эҷодии худ, балки ба нависандагону мутарҷимони замони худ серталабу сахтгир буд, услуби нигориш ва таҷрибаи андӯхтааш чун дастури раҳнамо ба аҳли қалам ва умуман, ба ҳар фарди ҷомеа хизмат хоҳанд кард. Хидматҳои беамсоли ин шоиру олими забардаст, арбоби барҷастаи сиёсиву ходими ҷамъиятӣдар бедории тафаккури ҷомеа, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ заминаҳои боэътимод гузоштаанд.Худи устод С. Айнӣ дар ин хусус менависад: “«Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд.Ҳамаи китобҳо – дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт».Аз чопи нахустини «Одина», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳои илмию адабии С. Айнӣ, ки ба чандин забонҳои ватанию хориҷӣ нашр гардидаанд, солҳои зиёд сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо арзиши илмии онҳо коста нагардидааст.Чунончи, афкори интиқодӣ ва назариёти раҳнамоёнаи устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” қобили пажӯҳиши доманадор аст.
     Дар он айёми пурошӯби солҳои бистум, ки душманону бадхоҳони халқи тоҷик мавҷудияти ӯро ба сифати як қавми муаззам инкор карданӣ мешуданд, С. Айнӣ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳояш аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ намуда,бо қалам, бо сухан дар шуур, афкору андешаи мардуми тоҷик инқилоби ҷиддӣ ба вуҷуд овард.Аз нуқтаи назари С. Айнӣ дар ҳама давру замон мактабу маориф, рӯзномаву маҷалла, китобҳои дарсии адабиёт, таърих, ҷуғрофия ва кишваршиносӣ омили аввалиндараҷаи худогоҳии мардум ва ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ маҳсуб меёбанд.Масъалаҳои омӯзиши манбаъҳоитаърихии забони ноби тоҷикӣ, истифодаи захираи лаҳҷаҳо дар забони адабӣ, аз худ намудани забони асарҳои классикони адабиёти адабиёти тоҷик, ба мавқеъ кор фармудани вожаҳо, нигоҳ доштани тозагии забон маҳаки кору эҷодиёти устод С. Айниро ташкил медоданд, - зикр намуданд иштирокчиёни конференсия.- Устод Айнӣ асарҳои адабиёти классикиро сарчашмаи ноби ғановати забони адабӣ дониста, истифодаи вожаҳо ва истилоҳоти он замонро яке аз василаҳои асосии бойшавии захираи луғавии забони тоҷикӣ донистааст.Ҳамзамон ӯ таъкид мекард, ки мо бояд дар асоси шеваҳои халқии забони тоҷикӣ як забони маҳкам ва зебои адабии тоҷик ба вуҷуд оварем.
     Маърӯзачиён ҳамчунин ба ному хизматҳои С. Айнӣ аз нигоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон баҳо дода, аз суханони раҳнамунсози Пешвои миллат дар маросими баъди азнавсозӣ ба истифода супоридани Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ, дар мулоқотҳо бо зиёиёни кишвар ва дигар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣёдовар шуданд:“Басо рамзист, ки имсол мо 140-солагии зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Садриддин Айниро ҷашн мегирем. ... Корномаи беназири устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст. ... Устод Садриддин Айнӣ аз шахсиятҳое миллатсоз буда, дар раҳоии миллат аз вартаҳои нестӣ нақши бузурге гузоштааст...”. Ба қавли Пешвои миллат, ки дар асари бунёдии худ «Чеҳраҳои мондагор»овардааст, «омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ки бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем». Дар робита олимон намунаҳо аз осори илмию бадеӣ ва публитсистиии С. Айниро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид доштанд, ки аз назари забоншиносии имрӯза бори дигар баррасӣ намудани назару андешаҳои забоншиносии Устод,услуби нигориш, таҷрибаю малака,маҳорати нозукадоии ӯ метавонад ба масъалаҳои ҳувияти забони тоҷикӣ ва самтҳои рушди он дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони расмӣ ва давлатии кишвар равшанӣ андохта, ҷиҳати рушду такомули минбаъдаи забони миллӣ кумак расонад.
   Таҷлили ҷашни 140-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсияти нотакрори илму маърифат, фарҳангу маориф, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва дастуру ҳидоятҳои фазилатбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, бори дигар барои муаррифии чеҳраи беназири илмию адабӣ, фарҳангӣ ва корномаи ҷовидонии устод Айнӣ дар даврони кунунӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд, - иброз доштанд маърӯзачиён.

Барномаи конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»

Чоп карданЧоп карданПаёми электронӣПаёми электронӣPDFPDF

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: 

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»

Чоп карданЧоп карданПаёми электронӣПаёми электронӣPDFPDF

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Айнӣ Садриддин Саидмуродзода (1878 - 1954)

     Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми апрели соли 2018 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик - академик Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст. Бақайдгирии иштирокдорон дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» соати 08:00 оғоз мегардад.
     Дар Конференсия масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолият ва саҳми бузурги устод Садриддин Айнӣ дар ҳифзи асолати забон ва бузургдошти анъанаҳои миллӣ ва мақоми ҷаҳонии Айнӣ ҳамчун мутафаккири тоҷик баррасӣ хоҳад шуд. Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 6-уми апрели соли 2018 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.

Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
Маърӯзаро дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman бо истифодаи тарҳбандии ҳарфкалиди стандартӣ ва ҳарфҳои алифбои тоҷикии стандартӣ, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли чопӣ ё электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад. Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.

Телефонҳо барои тамос: 227-59-25; 227-64-51; 92-721-53-46.


Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru

Санаи чорабинӣ: 

Ҷумъа, 13 Апрел, 2018 - 08:00

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» (3 октябр 2017)

Чоп карданЧоп карданПаёми электронӣПаёми электронӣPDFPDF

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Ҳоло баҳо надорад
Китобхонаи миллӣ

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми октябри соли 2017, соати 900 дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» баргузор мегардад. Конференсияи мазкур бо иштироки забоншиносон, олимон, донишмандон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор мегардад. Дар конференсия зиёда аз 30 маърӯза пешниҳод шудааст, ки дар он масъалаҳои «Асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна», «Истиқлолият ва нақши имло дар танзими забони миллӣ», «Забон ҳамчун ниҳоди бунёдии ҷомеа», «Мушкилоти имло дар навишти реклама», «Зарурати татбиқ ва истифодабарии барномаҳои компютерӣ барои осонсозии риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забони давлатӣ» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Санаи чорабинӣ: 

Сешанбе, 3 Октябр, 2017 - 09:00

Конференсияи байналмилалӣ (10-уми июни соли 2016)

Чоп карданЧоп карданПаёми электронӣПаёми электронӣPDFPDF

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Ҳоло баҳо надорад
Конференсияи байналмилалӣ (10-уми июни соли 2016)

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар асоси банди 48-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016, №99 «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», банди 27-уми боби IV ва VI-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 аз 30-юми июни соли 2012, №335 дар бораи ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи кории Кумита аз 7-уми январи соли 2016, №1 9-уми июни соли равон Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ»-ро бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои хориҷии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Британияи Кабир, намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, инчунин, намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар, ҷамъиятҳо, аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО баргузор намуд.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ доир ба масъалаи мазкур бори дувум чунин конференсия дар сатҳи байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар конференсия зиёда аз 120 нафар олимон, муҳаққиқон, таълимгарон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода оғоз намуд.

Конференсияи байналмилалӣ (27-уми июли соли 2015)

Чоп карданЧоп карданПаёми электронӣПаёми электронӣPDFPDF

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Ҳоло баҳо надорад

Конференсияи байналмилалӣ «МАСОИЛИ ВОЖАГУЗИНӢ ВА ИСТИЛОҲОТИ ЗАБОНИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ» (27-уми июли соли 2015)

Кумита дар асоси банди 3-и қисми 3-и Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мувофиқи банди 60-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2015, №106 «Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» 27-уми июли соли 2015 Конференсияи байналмилалиро таҳти унвони «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муҳаққиқону донишмандони кишвар ва намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуд.

Конференсияи ҷумҳуриявӣ (19-уми сентябри соли 2014)

Чоп карданЧоп карданПаёми электронӣПаёми электронӣPDFPDF

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Ҳоло баҳо надорад
Конференсияи ҷумҳуриявӣ (19-уми сентябри соли 2014)

Конференсияи ҷумҳуриявӣ
(19-уми сентябри соли 2014)
«ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИСТИЛОҲОТ»

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюм” аз 3-юми июли соли 2014, №424, мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 тасдиқ гардидааст, ҳамчунин, мувофиқи дастури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми июли соли 2014, №26/14-17 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми сентябри соли 2014, баргузор намуд, ки дар он 100 нафар муҳаққиқону донишмандон, аз ҷумла, намояндагон аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ниҳоду пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои чумҳурӣ, ҳамчунин, намояндагони Воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири калони ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мансур Суруш зимни суханронии худ иштирокдорони Конференсияро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.

Дар Конференсия 12 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ, илмҳои тиббӣ, иқтисодӣ, техникӣ, ва нуҷум мавриди баррасӣ қарор гирифт: «Танзим ва ташхиси истилоҳот дар мисоли як намуна аз вожаи форсӣ-тоҷикӣ» (узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов), «Назаре ба усулҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ» (доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода), «Танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти анатомӣ дар забони тоҷикӣ» (доктори илми тиб Убайдулло Қурбонов, номзади илми филология, дотсент Абдулло Юсупов), «Оид ба рақобати истилоҳоти миллӣ ва байналмилалӣ» (доктори илми филология Назрӣ Офаридаев аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Хорӯғ ба номи Моёншо Назаршоев), «Монеаҳо дар роҳи эҳёи истилоҳот ва истилоҳотофаринӣ» (номзади илми филология Шаҳбоз Кабиров аз ДМТ), «Вазъи истилоҳнигории забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолият» (доктори илми филология Мирзоҳасан Султонов аз Бонки миллии Тоҷикистон), «Мавқеи истилоҳоти дипломатӣ дар забони тоҷикӣ» (доктори илми филология, Ҳалимҷон Саидов аз ДМТ), «Таҳлили вожаҳои суғуртавӣ» (номзади илми иқтисодӣ, Насриддин Шаропов аз Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Мушкилоти истилоҳоти забоншиносӣ» (номзади илми филология, дотсент Сулаймон Анварӣ аз (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), «Мавқеи истилоҳоти байналмилалӣ дар осори Фарзона» (Гулбаҳор Шералишоева аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд), «Мухтасар дар бораи инкишофи истилоҳоти муосири техникӣ» (номзади илми филология, дотсент Тӯхта Ҷӯраев аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ), «Шоҳнома ва рушди истилоҳоти забони тоҷикӣ» (Озода Кенҷаева аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ).

Пас аз баррасии маърӯзаҳо Тавсияномаи Конференсия қабул карда шуд:

1) Таҳқиқ ва омӯзиши назария ва амалияи истилоҳсозӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо тақвият дода шавад.

2) Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ҷиҳати тақвияти забони давлатӣ ҳамчун забони илм тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шавад.

3) Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо барои таҳияи фарҳангҳои решашиносӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

4) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо барои таҳия ва нашри вожаномаю фарҳангномаҳои тахассусӣ ҷалб карда шавад.

5) Таҳқиқ ва омӯзиши фарҳангҳои дар замони Истиқлолият нашршуда дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ба роҳ монда шавад.

6) Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ҷиҳати таъмини китобхонаҳо бо фарҳангҳои дар замони Истиқлолият нашргардида тадбирҳои зарурӣ андешад.

Зикр намудан бамаврид аст, ки ки Тавсияҳои Конференсия ба вазорату идораҳо ирсол гардида, иҷрои он таҳти назорат қарор мегирад.

Мақсад аз баргузории Конференсия ба пояи забони илм баланд бардоштани забони тоҷикӣ ва густариши он дар соҳаҳои мухталифи илму фан буда, чунин иқдому чорабинӣ соли савум аст, ки дар Кумита баргузор гардида, маводи Конференсия дар шакли маҷмӯа нашр мегардад. Дар интиҳо, пас аз баррасии Ҳайати Комиссияи озмуни « Мақолаи беҳтарин»-и Конференсия муаллифони беҳтарини озмун муқаррар гардида, ғолибон бо туҳфаҳои пулӣ қадр карда шуданд.

Ҷои якум ба доктори илми филология Додихудо Саймиддинов барои мақолаи «Танзим ва ташхиси истилоҳот дар мисоли як намуна аз вожаи форсӣ-тоҷикӣ» бо маблағи 1500 сомонӣ (сарпараст – ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”).

Ҷои дуюм ба доктори илми филология Назрӣ Офаридаев аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Хорӯғ ба номи Моёншо Назаршоев барои мақолаи «Оид ба рақобати истилоҳоти миллӣ ва байналмилалӣ» бо маблағи 1000 сомонӣ (сарпараст – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ҷои сеюм ба Озода Кенҷаева аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ барои мақолаи «Шоҳнома ва рушди истилоҳоти забони тоҷикӣ» бо маблағи 500 сомонӣ (сарпараст – ҶСК “Амонатбонк”) сазовор дониста шуд ва туҳфаҳо ба олибон бо тантана супорида шуд.

Категория: 

 

Омор

  • Шумораи меҳмонон: 2457859
  • Меҳмонони беҳамто: 16089
  • Бақайдгирифташуда: 40
  • Корбари бақайдгирифташудаи охирин: Боймуродов Эрки...
  • Саҳифаҳои чопшуда: 3501
  • Нишонии IP-и шумо: 54.80.81.223
  • Аз санаи: 14 Ноябр 2017 - 16:42
 

Ахбори рӯз

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомона Сомонаи расмӣ.
Шумо дар матни зерин хатои имлоро пайдо кардед:
Барои фиристодани гузориш, шарҳи худро гузошта, тугмаи "Фиристодани гузориши хатои имло"-ро зер кунед