Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Октябр, 2024 - 14:55

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои то охири соли 2024
11-уми октябри соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024 баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024 ифтитоҳ намуд, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, сардорони шуъбаю бахшҳо ва дигар кормандони Кумита иштирок карданд.
Ҳисобот оид ба фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум барои фаъолияти Кумита дар соли равон аз ҷониби муовини раиси Кумита ироа гардид.
Дар анҷом, пас аз шунидани суханрониву пешниҳодоти аъзои Ҳайати мушовара оид масъалаҳои мубрами сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатӣ ва риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ва татбиқи онҳо вобаста ба масоили пешбурди забони давлатӣ қарори Ҳайати мушовара муҳокима ва тасдиқ карда шуд.
Раиси Кумита иштирокдорони ҷаласаро барои арҷгузорӣ ба забон ва эҳтиром ба ин муқаддасоти олиамон даъват карда, саҳмгузорӣ ва ҳамкориҳои пайвастаро дар таҳкими пешбурди сиёсати давлатии забон ва иҷрои босамар ва вазифаҳои барои семоҳаи охир дар фаъолияти Кумита пешниҳодгардидаро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ҳар як вазифа сари вақт иҷро шавад, зеро иҷрои ин гуна масоили мубрам дар роҳи рушду густариши забони давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)