Занон дар меҳвари Паёми Пешво

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Феврал, 2024 - 22:01

Ҳамасола дар арафаи Соли нави милодӣ ҳамчун пайки шодиву иқдоми нек Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои соли оянда ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, амният, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, дар умум, оид ба тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва ба миён гузоштани вазифаҳои мушаххас ироа мегардад.
Бояд зикр намуд, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паём санади муҳимми расмӣ буда, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва роҳнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон ба ин ҳуҷҷати дастуриву сарнавиштсоз такя намуда, нуктаҳои онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли паёмҳои солҳои қаблӣ бар пояи таърихи миллат ва давлатдории миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ояндабинӣ асос ёфта, бо тарзи баёни содаву мавзун ва корбурди ифодаҳои фасеҳ сарчашмаи бузурги омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат мебошад. Ҳамзамон, дар баробари дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа, масъалаи марҳала ба марҳала баланд бардоштани мақом ва манзилати занон, фароҳам овардани шароити муносиби фаъолият ва баробарҳуқуқи онҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар меҳвари Паёми Пешво қарор гирифтааст.
Аксари таҳлилгарони масоили гендерӣ бар он ақидаанд, ки ҳалли мусбат ва самараноки масъалаҳои гендерӣ, пеш аз ҳама, ба мавҷудияти иродаи сиёсии сарварон вобаста мебошад. Мавҷудияти заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ дар самти дастгирии ташаббусҳои занон ва мустаҳкам намудани мавқеи он дар ҷомеа аз иродаи устувори сиёсии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занон дарак медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони оқилу фарзонаи тоҷик ҳамеша такя менамоянд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ, – таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони бонангу номус, худшиносу ватандӯст, инчунин, бо заҳмату талошҳои худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми арзанда доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи 32 соли соҳибистиқлолӣ зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби занон дар тамоми соҳаҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин қабул гардиданд:
-Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” (аз 3 декабри соли 1999, №5);
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” (аз 1 марти соли 2005, №89);
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” (аз 19 марти соли 2013, №954);
-Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 декабри соли 2015, №801);
-Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 апрели соли 2021, №167);
-Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030 (аз 27 апрели соли 2022, №204) ва ғайра.
Маҳз, натиҷаи ҳамин ғамхорӣ ва дастгириҳост, ки имрӯз дар мамлакат саҳм ва фаъолияти занону бонувон дар рушди давлат самаранок арзёбӣ мегарданд. Зан – бонуи тоҷик дар баробари тарбияи хуб ва боло бурдани сатҳи маърифатнокии фарзандон, инчунин, саҳми онҳо дар хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат хеле арзишманд аст. Тибқи омори соли 2022 аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 дарсад, аз ҷумла, 20 дарсад кадрҳои роҳбарикунанда занон мебошанд.
Хурсандиовар аст, ки дар ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаи таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Зеро зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбият намояд. Ҳоло дар кишвар ва берун аз он занону духтарони боистеъдод ва соҳибмаърифат фаъолияти назаррас дошта, сол то сол шумораи онҳо меафзояд: “Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд”. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи соҳибкасб ва дорои маълумоти олӣ гардидани духтарони деҳоти дурдасти кишвар диққати ҷиддӣ дода, барои дар ин самт муваффақ гардидани онҳо ҳамасола теъдоди ҷудо намудани квотаҳои президентӣ зиёд шуда истодааст.
Бояд зикр намуд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани мутахассисони соҳаҳои гуногун бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони кишвар, хусусан, духтарон пайваста кӯшиш менамоянд, ки дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҳсил намоянд, то ки дар оянда бо илму таҷрибаи омӯхтаашон ба манфиати давлату миллати худ хизмат кунанд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 дарсадашон духтарон мебошанд.
Пешвои миллат дар асоси маълумотҳои оморӣ шумораи занону бонувони соҳибмаълумотро дар муқоиса ба солҳои қаблӣ нишон дода, қайд намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд, дар ҳоле ки соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Ин албатта, аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Сарвари давлат дарак медиҳад. Чунки дар баробари эҳтирому арҷгузорӣ ба зан – модар фароҳам овардани шароити мусоид барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа медонанд. Ин нуктаро ба таври васеъ дар Паёми хеш соли 2021 чунин баён доштаанд: “Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъйу талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.”
Дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият доштани занону духтарон нишони эътимоду боварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруву дониш, малакаи зеҳнӣ ва мавқеи арзандаи занон дар ҷомеа мебошад. Пешвои миллат дар ин хусус чунин қайд намуданд: “Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.” Дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сарвари муваффақ, табиби хозиқ ва ҳомии Ватанро мебинем. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, сохтмону меъморӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Дар баробари ҳамаи ин дастовардҳои дар боло зикргардида, нақш ва мақоми занро дар оила хуб эҳсос менамоем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш оид ба муқаддас будани оила дар фарҳанги тоҷик чунин қайд карда буданд: “Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзиши инсонӣ, аз қабили муҳаббату саодат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ дар оила ташаккул меёбад”. Пешвои миллат қадру қиммати занро ҳамчун модар дар ташаккули ҷомеа ва тарбияи фарзандон дар оила нишон дода, қадри онро ҳамчун як ҷузъи нозуку ҳассостарин ва баробари ин як инсони пурқудрат арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин, Президенти кишвар дар Паёми худ соли 2015 қайд намудаанд, ки “Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамоии фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, такими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила баён гардидааст.”
Ба мо маълум аст, ки дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила маҳсуб ёфта, дар он боз ҳам мавқеи зан намудор мегардад. Дар оилаи тоҷик, махсусан, барои зан хушбахтии фарзанд дар зинаи аввал меистад. Мақоми зан дар оила ва ҷомеа хеле бузург буда, аз қадимулайём зан рӯзгорсозу бунёдгари оила мебошад. Мо аз таърих медонем, ки парастор ва ҳомию офарандаи бузургон аз як тараф модар бошад, аз тарафи дигар зан дар хонавода мебошад. Як қиёс кунед, ки оё Рӯдакӣ ё Фирдавсӣ, Айнӣ ё Лоҳутӣ барин бузургон бе зани отифа, ки шабу рӯз дар ҳар пастиву баландии ҳаёт бар ба бари онҳо буданд бузургу номдор шуда метавонистанд? – не, албатта! Маҳз, чи дар мубориза чи дар эҷодиёт дар ҳама ҳолат ҳамсарони эшон паҳлуи онҳо буданд ва имрӯз бе муҳобот онҳоро низ бузургу номдор гуфтан шоиста аст.
Бояд зикр намуд, ки суханони пандомӯз ва таъкидҳои Пешвои миллат оид ба арҷгузорӣ ва қадру қимати занону модарон дар радифи модарномаҳо ва ҳамосаҳои қаҳрамонии бузургони тоҷику форс дар бораи модарон қарор дошта, аз ҳар яки мо ҳисси баланди қадрдонӣ ва пайваста меҳрубонӣ зоҳир намудан ба модарону хоҳарон ва духтарони худро таъкид менамояд: “Мову шумо на фақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”. Зеро ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад ва дар ин раванд фаромӯш накардани расму оини аҷдоди гиромӣ доштани зан низ воҷиб аст.
Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки модарону бонувони кишвар дар риояи қонунҳои миллиамон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сириштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати мост, риоя кунанд ва дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллӣ доимо пешсаф бошанд.
Ҷиҳати поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) рисолати модаронро хотирнишон сохта, ба посдорони забони модарӣ – модарон муроҷиат намуда, таъкид намуданд, ки «Бонувону модарони мо бояд муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзанд». Воқеан ҳам, одобу ҳусни баёни сухан ва фарҳанги гуфторро кӯдакон аз модар меомӯзанд.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 дарсад расидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 дарсад расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030”бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2022, №204 тасдиқ гардид. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои ҳамаҷониба ҷиҳати иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва дар ҳамин замина баланд бардоштани мавқеъ, саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, таъмини дастрасӣ ба хизмати давлатӣ. Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони болаёқат мебошад.
Дар умум, ҷавҳари паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат дар баробари дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа масаъалаи боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавии оилаҳо, беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак, нақши занону модарон дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ва тарбияи насли ватандӯсту хештаншинос ва фарзандони боризу ҷонфидои Тоҷикистони азиз мебошад.
Занону духтарони кишвар аз Паёми Пешво бори дигар илҳоми тоза гирифта, ҷавобан ба ин дастгириҳои Пешвои муаззами миллат иброз менамоем, ки барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардонавор камари ҳиммат баста, баҳри ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорем.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)