Халқро тақлидашон барбод дод…

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Ҳоло баҳо надорад

Фарҳанги миллӣ чун забони миллӣ, таърихи миллӣ ва муқаддасоти миллӣ муаррифгари гузаштаву имрўзаи одамон дар рӯйи олам аст. Аз ҷумла, бо касе рў ба рў истода, соатҳо ба ҳам назар афканиву хомўш бошӣ, ҳатман туро ба миллатҳои гуногун, ки чеҳрааш ба ҳам монанд аст, шабоҳат медиҳанд.

 

Чун ба забон биёиву суҳбат биороӣ, боз ҳам аз тарзи сухан гуфтану дурр суфтани шумо шунавандаи зирак зуд баҳо дода метавонад, ки ин лаҳни шевои тоҷикӣ буда, гўяндаи он аз рўи гуфтор, рафтор, тарзи пӯшидани либос миллати барӯманду безаволеро муаррифӣ менамояд, ки забону фарҳанги ин миллат ҳанўз дар асрҳои 9-10 ҷаҳонӣ шудаву марзҳоро убур кардаву ҷаҳониёнро ошиқи шайдои адабиёту фарҳанги худ гардонидааст.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳарчанд пои аспи Искандар, арабу муғул ба хотири ғорат кардан ба сарзамини биҳиштосои мо гузошта шуда бошад ҳам, аз ин забон ва фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги миллии замони суғдиву бохтарӣ ин ғоратгарон идораи давлатро пеш мебурданд. Ҳамзамон тарзи коркарди карбос, атласу кимхоҳро аз худ карда, пӯшидани либоси миллии мардуми таҳҷоиро пеша карда буданд. Чунончи дар тўю маъракаҳо ба домод ва арўс бештар атласу кимхоҳ мепўшониданд, ки ин гувоҳи гуфтаҳои болост.
Дуруст аст, ки мо дар асри 21 умр ба сар бурдаву бо замона ҳамқадам ҳастем, лек ин ҳолат ҳам моро водор месозад, ки дар пойгаҳи дари ҷаҳонишавӣ бо забон, фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои миллӣ ҷаҳонӣ шавем, зеро ин гирдоби беохире, ки миллату қавмҳои зиёдро ба коми нестӣ мебарад, забону фарҳанг ва урфу одатҳои созанда шаҳодатдиҳандаи онанд, ки ин муқаддасот аз мардуми давлатдор, китобдор, шаҳрдоре ҳаст, ки бо забони нобу муҳаббатофаринаш оламро ҷон бахшидаву бо фарҳанги оламгираш гаҳвораи тамаддуни дунёро таккон дода ва бо урфу одатҳои неку созандааш сулҳу ваҳдатро шиори ҳамешагии ин миллат кардааст.
Аммо сад афсўс, ки ҳама он тохтутозҳо, ғоратгариҳову хунрезиҳои лашкарони бегона ба ин сарзамини офтобиву биҳиштӣ таъсири манфии фарҳанг ва урфу одати хешро гоҳе иҷборан ва гоҳе ғайриихтиёр бо фарҳанги волои мо омехта карда, иҷрои онро вазифаи муҳими ҳар ватандор мешумориданд. Ин буд, ки имрўз, мутаассифона, дар раставу хиёбонҳо, корхонаву идораҳо ва бозорҳо занону мардоне ба чашм мерасанд, ки таблиғгари либосу фарҳанги ғайримиллӣ ва бегона мебошанд. Аз ҷумла, иддае аз ҷавонписарон бешармона бо либосҳои нимбараҳна, ронинҳо (шортҳо) дар бар ва пойафзори резинӣ (сланс) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гурўҳ-гурўҳ нишаста, бо забони қабеҳи ба модару миллати мо бегона оромии ҷомеаро халалдор менамоянд. Ё ин ки қисми ками ҷавондухтарон худнамоӣ карда, бехабар аз фарҳанги бою рангини пўшидани либоси ниёгон, дар либоси нимбараҳна ва ё либосҳои ноаёне, ки дар дохили он зан ё мард буданаш маълум нест, ҳамзамон бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик ва ниқобдор, шиму болопўшҳои мардонаи танг, ки тамоми узви баданашон намоён аст, ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ворид шуда, таъсири манфии худро ба фарҳанги безаволу оламгири мо мегузоранд. Ҳатто меҳмонони Тоҷикистони азизамон эҳсос карда наметавонанд, ки дар сарзамини бузургони адабиёту фарҳанги оламгир қарор доранд. Фарҳанги либоспӯшии мо дар гузашта ҳанўз меъёри худро дошт ва имрўз ҳам бояд дошта бошад.
Поягузори назми классикии тоҷику форс, устоди сухан Фирдавсии бузург дар замоне, ки чунин тохтутозҳо ва нооромиҳо вуҷуд дошт, дар аҳди Султон Маҳмуди хунхор таблиғгари фарҳангу забони миллии хеш гашта, эҳтироми ин муқаддасотро то ба сурайё бурд. Бо забони нобу гуворои тоҷикӣ асари безаволи худро эҷод намуда, ҳар қаҳрамони он бо забони модарӣ бо ифтихор ва худшиносии воло сухан мегўяд. Ҳамзамон қаҳрамонҳои ин асар новобаста аз мақому мартабаи доштаашон дар либоси миллӣ қарор дошта, муаррифгари давлату миллати хешанд. Дар майдонҳои бузурги набард ин миллат ва давлатро аз Парчам ва сару либоси доштаашон мешинохтанд. Аз ҷумла Рустам, Сӯҳроб, Шоҳқубод, Рӯдоба, Таҳмина, Гурдофарид, Манижа, Фарангис ва амсоли инҳо муаррифгари давлату миллати хеш дар замони худ буда, имрўз ҳам мардум аз онҳо ифтихор доранд. Имрўз ҳам агар сухан дар бораи Рӯдобаву Таҳмина, Гурдофариду Фарангис ва Манижа биравад, хонандаи арҷманд пеши назар фарзандҳои фарзонаи аҳди Сомонро бо сарулибоси доштаашон ва мардонагиашон дар майдони набард барои ҳимояи марзу бумашон меоранд ва мешиносанд, ки ин қаҳрамонҳо муаррифгари кадом давлат ва миллатанд.
Дар ҳолати ҷаҳонишавӣ қарор доштани мо ва парастиши фарҳанги бегона, мутаасифона, ин шаҳомат, бузургӣ ва забону фарҳанги ҷаҳонии моро метавонад ба осонӣ аз байн бубарад.
Тақлидҳо ба либоси бегона ва бегонапарастӣ як ҷуъзи рахнашавӣ ба забон, фарҳанг ва урфу одатҳои миллиамон буда, он метавонад дар солҳои пасин оқибатҳои нохуш, аз ҷумла аз байн рафтани миллату фарҳангро ба миён биоварад.
Истилоҳи маъмули «худкуши бегонапараст» низ шояд дар ҳамин давраҳои пурталотум ба миён омадааст, ки то имрўз пирони кордида онро дар ҳолатҳои зарурӣ вирди забон меоранд.
Агар дар давоми 70 соли Шўравӣ мо тавонистем беҳтарин рисолатҳои миллӣ, ба монанди эҳтиром ба бузургон, шинохти чор пир ва чор тадбир, оддитарин салом, арҷ гузоштан ба забонро аз даст дода бошем, пас дар давраи тохтутози Искандару арабу муғул омехташавии фарҳангҳо ба назар мерасиданд ва фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла модарон тавонистанд забонро бо ҳама шаҳомат ва покизагӣ аз нестшавӣ эмин нигоҳ доранд ва ин забон таи ҳазорсолаҳои дигар барои миллати тоҷик хизматҳои арзандаи хешро ба анҷом расонидааст.
Ҳамзамон, мо метавонем ин гуна афкорро нисбат ба либоси миллӣ иброз дорем, ки он ҳам муаррифгари миллату фаҳанг буда, метавонад моро то безаволӣ бубарад. Куртаҳои зебо ва сариҳо ё рўмолҳои хурду бузурге, ки бо ҳикмат дар сар баста мешаванд, аз модарону момоёни мо то имрўз беҳтарин либосҳои миллӣ дар минтақа шинохта шуда, ҳар зан- сайёҳе, ки ба Ватани мо қадам ранҷа бикунад, ҳатман дар либоси тоҷикӣ худро ҷой дода, аз он ифтихор ҳам мекунад, ки либоси модари тоҷик, модареро, ки Имоми Аъзам, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Ҳофизу Саъдӣ, Носири Хусраву Камоли Хуҷандиро ба дунё овардаву тарбия намудааст, дар бар дорад.
Инсонҳо дар олам ба хотири ҷовидон мондан ва таъсири хубе бар дигарон расонидан аз муқаддасоти миллиашон бештар ба забон, фарҳанг, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва урфу одатҳои созандаашон арҷгузоранд, зеро тақлид мисли бемории табобатнашавандае аст, ки бузургтарин миллатро аз байн мебарад, чаманистонро ба хорзор мубаддал месозад, дар хонаҳо чуғзҳо макон мегиранд.
Аз ин рў, шоири шинохтаву ҷаҳонии мо тоҷикон фармуда аст:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

 

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.

 

Омор

  • Шумораи меҳмонон: 320153
  • Меҳмонони беҳамто: 2152
  • Бақайдгирифташуда: 10
  • Корбари бақайдгирифташудаи охирин: leiladod@yahoo.com
  • Саҳифаҳои чопшуда: 760
  • Нишонии IP-и шумо: 54.82.79.109
  • Аз санаи: 14 Ноябр 2017 - 16:42
 

Ахбори рӯз

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.
Шумо дар матни зерин хатои имлоро пайдо кардед:
Барои фиристодани гузориш, шарҳи худро гузошта, тугмаи "Фиристодани гузориши хатои имло"-ро зер кунед