Конститутсия

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Ноябр, 2018 - 13:12

Манбаъ: https://president.tj/tajikistan/constitution

Дар саргаҳи ибтикороти давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаву андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.

Истиқрори ҳокимияти конститутсионӣ ва тағйиру иловаҳои бунёдӣ, ки ба дунболи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падид омаданд, дар низоми қонунгузорӣ ва мақому мавқеи Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари комилҳуқуқ эътироф гардид, давраи комилан наверо ба миён овард. Таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар меҳвари пайомадҳои ин марҳалаи нав қарор дошт.

Аз таърихи таҳаввулоти низоми қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти конститутсионӣ дар поёни асри ХХ бармеояд, ки кӯшишҳои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон дар аввали солҳои навадум шурӯъ гардид, аммо ташаккули ғояи меҳварӣ ва ҷараёни пайрезии он то ба марҳалаи ниҳоии таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани назария ва тадбирҳои мушаххаси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳоти конситутсионӣ мебошад.

Қабули «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар солҳои 1990-1991 аз ҷумлаи омилҳое буданд, ки раванди қабули Қонуни асосиро суръат бахшиданд.

Вале кӯшиши воқеан ҷиддӣ ва ҳадафманди таҳияи Лоиҳаи Конститутсия баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқрори сохти конститутсионӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ дар кишвар оғоз шуд. Баъдан Иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ аз роҳи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шӯрои Олӣ дар таърихи 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили Комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳайати нави Комиссияи конститутсиониро бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуд.

Дар ҳамин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ва тафсири моҳияти сиёсии ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат изҳор дошт: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат, мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кумаки машваратии муассисаҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем».

Сарвари Тоҷикистон бо зикри аҳаммият ва зарурати ҳамоҳангсозии низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба равиши судманди ислоҳоти конститусионии Тоҷикистон асос гузошт, ки яке аз заминаҳои бисёр муҳимми истиқболи ҷаҳонии кишвари мо гардид.

Дар асоси дастурҳои Сарвари давлат гурӯҳи кории Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корбандии дастовардҳои илми ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва суннату тафаккури ҳуқуқии миллӣ дар муддати шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия, яке дар шакли идораи президентӣ ва дигар дар шакли идораи парламентиро таҳия намуда, ба баррасии мардум пешниҳод кард. Таҳия намудани ду лоиҳа бесабаб набуд. Аз замони таҳияи аввалин лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 1992 пешниҳод гардида буд, дар афкори умум дар асоси бархӯрди неруҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоии кишвар дар масъалаи интихоби шакли идории давлати Тоҷикистон ақидаҳои гуногун ва ҳатто комилан хилофи ҳамдигар изҳор мешуданд. Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулият ва дар натиҷаи таҳлили амиқи воқеияти сиёсии кишвар, бинобар набудани ҳизбу созмонҳои соҳибтаҷриба ва фароҳам наомадани пойгоҳи муносиби идоракунии парламентӣ дар Тоҷикистон, ба хулосаи ягона расид, ки лоиҳаи шакли идораи президентӣ ба баррасии халқ тавсия карда шавад.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бори нахуст 6 ноябри соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия баргузор гардид. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ хеле муассир буд ва беш аз 87 фоизи шаҳрвандон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, сарнавишти худро мутобиқи он муайян карданд.

Ин истиқболи мардум аз лоиҳаи Конститутсия ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамин рӯз ба вуқӯъ пайваст, далели қотеи дастгирии ҳамаҷонибаи ислоҳоти конститутсионии Президент, ҳадафу барнома ва дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии ӯ буд.

Дар фосилаи панҷ сол, ки баъди қабули Конститутсия сипарӣ гардид, бо таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳаёти ҷомеа таҳаввулот ва пешрафтҳои зиёди ба назар намоён ба вуҷуд омаданд. Пайвастани Тоҷикистони тозаистиқлол ба равандҳои бунёдгузори ҷаҳони муосир, ҳамкорӣ ва робитаи мутақобилан судманд бо кишварҳо, созмонҳо ва эътирофи конунҳои байналмилалӣ зарурати ҳамоҳангӣ ва тавсеаи уфуқҳои ҳуқуқии низоми қонунгузории мамлакатро дар паҳнои расидагӣ бо ин вусъати мақоми ҷаҳонӣ тақозо мекард.

Аз ҷониби дигар, Конститутсия дар айёме қабул шуд, ки оташи зиддият ва муқовимати неруҳои мухталифи мухолифон ҳанӯз фурӯ нанишаста буд ва сохтори сиёсиву низоми иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳоли таҷдиду ташаккул қарор дошт. Танҳо пас аз се соли қабули Конститутсия, ки талошҳои хастагинопазири Сарвари давлат дар роҳандозии сулҳу оштӣ ба марзи фарҷоми мантиқии худ расид, мамлакат дар ҳама бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии худ ба давраи сифатан нави пешрафту таҳаввул ворид гардид.

Зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия тақозои раванди такмили низоми сиёсӣ ва афзудани мақоми ҷаҳонии Тоҷикистон ва натиҷаи ибтикороти сарнавиштсози роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки муваффақ шуд кишварро аз марҳалаҳои ташаккули низоми қонунгузорӣ ва давлатдорӣ то ба мақоми давлатдории сатҳи ҷаҳонӣ раҳнамун созад.

Чунонки таҷрибаи таърих нишон медиҳад, Конститутсия санадест зодаи шароит ва муносибатҳои муайяни ҷамъиятӣ, ки дар худ таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоиро бо маҳфуз доштани аслҳои бунёдии хеш таҷассум менамояд. Бо дарки ҳамин ҳақиқат ва бо дарназардошти тасаллути ваҳдати миллӣ дар субот ва рушди давлату давлатдории тоҷикон ҳам роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам сарварони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик дар раванди музокироти тӯлонии сулҳи байни тоҷикон тасмим гирифта буданд, ки ба Конститутсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд. Тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақоме, ки амалӣ шудани меъёрҳои онро ба уҳда дошт, Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) буд. Дар қатори масъалаҳои дигаре, ки ҳаллу фаслашон ба уҳдаи Комиссия вогузор карда шуд, масъалаи дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар низ шомил буд.

Ҷараёни таҳия ва баррасии «Андешаҳо оид ба пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз як сол тӯл кашид ва билохира бо иштироки мустақими Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки лоиҳа барои анҷом додани расмиёти конститутсионӣ ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳоди худро доир ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ирсол дошт. Маҷлиси Олӣ қарорро «Дар бораи гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд ва дар таърихи 26 сентябри соли 1999 бо раъйи халқ як силсила тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар ворид гардиданд.

Тағйиру иловаҳо дар қисмати ҳокимияти иҷроия асосан ба салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доштанд ва муҳлати салоҳияти президентиро аз панҷ то ба ҳафт сол тамдид намуда, ба ӯ ҳуқуқи мустақилона таъсис ва барҳам додани вазорату кумитаҳои давлатӣ, мустақилона баровардани масъалаи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ҳаққи мустақилона таъин ва озод намудани намояндагони салоҳиятдори Тоҷикистон (сафирон) ва ғайраро муқаррар намуданд.

Соли 1999 дар асоси тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида бо таваҷҷуҳ ба таъсиси парламенти касбӣ, ки имконияти такмили сифатии қонунҳо ва ифодаи пурратари манфиати воҳидҳои ҳудудии алоҳида ва табақаҳоро фароҳам меовард, сохтори парламенти думаҷлиса муайян гардид ва дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.

Бар асоси ин муқаррарот қонунҳое, ки Маҷлиси Олӣ ба унвони мақоми қонунгузор таҳия ва қабул мекунад, аз ҷониби ҳокимияти иҷроия ба амал татбиқ мешаванд ва аъзои парламент дар таъини шахсони мансабдори мамлакат иштирок мекунанд. Ин салоҳият маҳакест, ки тавозуни ҳокимиятро фароҳам меоварад. Маҷлиси Олӣ чун мақоми воқеан қонунгузор ва намояндагӣ ба сифати мақом расмият пайдо кард, ки манфиатҳои ҳама табақаҳои ҷамъиятро ифода менамояд.

Мутобиқи ин навовариҳои конститутсионӣ аввалин бор дар таърихи сиёсии Тоҷикистон парламенти думаҷлисаи доимамалкунандаи касбӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар рушду инкишофи андешаи парламентаризми миллӣ ва амалияи демократисозии давлату давлатдорӣ таъсири файзбахше расонид.

Дар доираи қонунмандии иҷтимоӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷомеа ва дастовардҳои кишвари рӯ ба инкишоф ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад, ки он рӯзи 22 июни соли 2003 бо раъйи мардум амалӣ гардид.

Президенти мамлакат дар консепсияи давлатдорӣ ва сиёсати амалии худ ба ҳайси кафили Конститутсия такмили ислоҳоти ҳуқуқиро як раванди муназзаму муттасили ҷомеаи шаҳрвандӣ, раванди ҳамешагии таҷаддуд дар роҳи камолоти давлати демократӣ тафсир намуда, ҳамвора таъкид ва гӯшзад мекунад, ки бо дарназардошти ташаккули муносибатҳои нав дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои рушди низоми нави ҳуқуқӣ, аз байн бардоштани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ, таъмин намудани ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ, экспертизаи дақиқи илмӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зиддикоррупсионӣ, эҷоди қонунҳои нав ба манзури танзими ҳуқуқии муносибатҳои бозаргонӣ, фаъолияти бонкиву соҳибкорӣ ва дигар ниҳодҳои иқтисодӣ роҳро барои таҳияи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамвор бояд кард. Дар ин робита, 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳои нав ворид карда шуданд.

Дар натиҷаи тағйиру иловаҳои солҳои 2003 ва 2016 инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардида, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф ва ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуданд, синни 30-солагӣ ва таҳсилоти олӣ барои интихоб шудан ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ муқаррар гардид.

Қобили зикри хос аст, ки Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшудаи Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини дунё эътироф гардидааст.

Тавре академик Маҳкам Маҳмудзода дар мақолаи худ зикр намудааст: «сарфи назар аз он, ки дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон дуввумин шуда баъди Русия соҳиби Конститутсия гардид ва ин Конститутсия бинобар таҳлили коршиносони САҲА ҷиҳати ҳуқуқи инсон дар радифи 5 конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст, танҳо бо исботи он далел, ки қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (на бо усулҳои дигар, масалан тавассути муассисаҳои намояндагӣ – маҷлиси муассисон, парламент ва ғайра) сурат гирифтааст, гуфтаи Сарвари давлатро оид ба ҷавобгӯи арзишҳои демократӣ будани Конститутсия дуруст мебарорад».

Дар асоси Конститутсияи соли 1994 қабулгардида шаш маротиба ҷиҳати таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии намояндагӣ интихоботи даврии парламентӣ (солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020), панҷ маротиба интихоботи президентӣ (солҳои 1994, 1999, 2006, 2013, 2020) бо иштироки бевоситаи халқи Тоҷикистон баргузор шуда, низоми қонунгузорӣ бо се раъйпурсии умумихалқӣ се ислоҳоти конститутсиониро (солҳои 1999, 2003, 2016) ҳамчун давраҳои рушди табиати ҳуқуқии мардум паси сар кард ва талаботи моддаи 6 Конститутсия, ки халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намудааст, воқеан амалӣ ва соҳибихтиёрии халқ дар Тоҷикистон собит гардид.

Конститутсия бо истифода аз таҷрибаи сиёсиву ҳуқуқии тамаддуни башарӣ принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба ҳайси маҳаки аслии низоми давлатдорӣ таъйид намуда, усули классикии таҷзияи ҳокимияти давлатиро расмият бахшид. Дар асоси моддаи 64 Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия мебошад. Ҳокимияти иҷроия ба ҳайси рукни тавоно ва зудамали ҳокимияти давлатӣ пурра ба Президент мутааллиқ дониста шуда, ӯ ҳамчун раис роҳбарии Ҳукумати мамлакатро низ ба уҳда дорад.

Дар асоси муқаррароти Конститутсия ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ амалӣ мегардад. Ҳокимияти қонунгузорро Маҷлиси Олӣ, ҳокимияти иҷроияро Президент ва ҳокимияти судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар зинаҳои судӣ амалӣ месозанд.

Ин се рукни ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ мустақил буда, ба якдигар тобеъ намебошанд. Аммо мустақилияти рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ба маънои мутлақ нест, зеро ҳеҷ яке аз онҳо бе ширкати рукни дигар, яъне бидуни робита ва таъсиргузории мутақобила вазифаҳои худро дар ҳадди лозим ба сомон расонида наметавонад. Чунончи, қабули қонунҳо салоҳияти Маҷлиси Олӣ аст, вале қонун фақат баъди имзои Президент ҳукми амал пайдо мекунад. Ва ё худ ҳама фармонҳои Президент дар бораи таъину озод намудани аъзои Ҳукумати мамлакат барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод мешаванд. Дар ташкили сатҳи олии сохторҳои ҳокимияти судии мамлакат ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия низ ширкат меварзанд. Ин иртиботи судманд ҳам барои назорати тарафайн ва ҳам барои истиқрори тавозун дар миёни рукнҳои ҳокимияти давлатӣ бо ҳифзи мустақилият ва ҳудуди салоҳияти онҳо омили самарабахш мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)