Сухани табрикотии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Сентябр, 2021 - 10:15

Ҳамватанони азиз!
Дар арафаи ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон– 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мардуми сарбаланди кишварро бо камоли ифтихору сарфарозӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатию умри дароз, сарбаландию муваффақият ва дастовардҳои нав ба навро таманно менамоям.
Лозим ба таъкид аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла, таҳдиди хатарҳои терроризм, экстремизм ва мафкураи ифротгароӣ, зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо оила ва муассисаҳои таълимӣ наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки онҳо дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбиниву дониши муосир, зираку соҳибмаърифат ва худшиносу ватанпарвар буда, барои рушду ободонии ояндаи кишвари соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд ва дар арсаи ҷаҳонӣ давлату миллати худро муаррифию пуштибонӣ карда тавонанд.
Мо бояд ҳамеша барои рушди давлатдории худ ва ба хотири баланд бардоштани ифтихори ватандориву худшиносӣ, ҳифзи фазои орому осуда ва сулҳу субот дар ҷомеа, ҳамчунин, таҳкими Истиқлоли давлатӣ кӯшишу талош намоем.
Моро зарур аст, ки ҳамеша аз Истиқлолу озодӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем ва пойдевори азими давлати миллиамонро зина ба зина устувору қавӣ гардонем.
Дар охир бори дигар ҳамаи Шумо – мардуми арҷманди кишварро ба ҷашни пурифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки ғояи волои Истиқлол, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ, омӯзиши донишҳои замонавӣ ва касбу ихтисосҳои муосир ҳамеша ҳидоятгар ва раҳнамои мо ба хотири ободии Ватан ва сарзамини маҳбубамон боқӣ мемонанд!

Рӯзи Истиқлоли кишвар муборак бод!
Саломату сарбаланд бошед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: