ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ЛИБОСИ ТОҶИКӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Июл, 2024 - 12:39

     Либос дорои хусусиёти хос буда, дар рушду  такомули ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори худшиносии инсон нақши муҳим мебозад. Либос дар замири инсон ҳисси зебоипарастӣ, озодагӣ ва хулқу рафтори ҳамидаро ҷой карда инсонро водор месозад, ки хушбину хушрафтор ва хушгуфтор бошад. Либос инъикосгари фарҳанг, одоб ва сатҳи камолоти инсон аст. Чандест, ки дар саҳифаҳои матбуот мақолаву андешаҳо оид ба сару либоси аъзоёни ҷомеа ба табъ мерасанд. Андешаҳо гуногунанд. Яке мехоҳад ба баҳс ҷомаи фалсафӣ пӯшонад ва ҳикматҳо мегӯяд, дигаре ба он ҷомаи мазҳабӣ мепӯшонад ва савумӣ мехоҳад, ки онро аз нигоҳи зебопарастии зоҳирӣ таҳлил намояд.
Фарҳанг ва оини либоспӯшӣ мавзуест  доманадор ва  бояд дар доираи силсилаи таҳқиқотҳои арзишманд баррасӣ шавад. Боиси таассуф аст, ки аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ доир ба таъриху фарҳанги  либоспӯшӣ ва мақоми он дар ҳаёти мардуми тоҷик таҳқиқоти ангуштшумор анҷом дода шудаанд. Дар таҳқиқоти ҷойдоштаи муҳаққиқони тоҷик масъалаи либоспӯшӣ, ҷанбаҳои ахлоқиву равонӣ ва эстетикии он ба сифати масъалаи меҳварӣ омӯхта нашудаанд.
Мехостем, ки  то дар чаҳорчубаи имконоти ақливу илмиву назарии хеш дар атрофи шинохти либоси миллии худ, худдорӣ аз зиёдаравиҳо дар либоспӯшӣ, андозаи ахлоқии истифода аз либос масъалагузорӣ намоем.
Либос на танҳо ниёзҳои сирф биологии инсонро қонеъ мегардонад, балки таъиноти иҷтимоиву маънавӣ ва фалсафӣ ҳам доштааст.
Ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидоӣ одамон аз ашёи тайёри   табиат (баргу пӯсти растаниҳо, пӯсту пашми ҳайвонот) барои худ «либос» омода мекарданд. Аз давраҳои қадим то ҳозир либос чанд ниёзи инсонро қонеъ гардонида, вобаста ба он таъиноти худро иҷро менамояд. Яке аз ақидаҳои маъмул ин аст, ки либос давоми ҷисми инсон буда, ҳарорати баданро нигоҳ медорад ва бо ҳамин васила узви инсонро аз таъсирҳои манфии гармию сардӣ, боду борон ва ғ. эмин нигаҳ медорад. Ин аввалин таъиноти таърихӣ ва бунёдии либос буд, ки бе он дар минтақаҳои дур аз ҳудуди тропикӣ зисту зиндагонии одамон дучори мушкилот мегардид. Маҳз ҳамин таъиноти либос аввалӣ мебошад, зеро бе он либосе, ки касро аз таъсирҳои манфии муҳит ҳифз мекарда бошад, зистан мушкил аст.
Ҳамзамон, таъиноти иҷтимоии либос ҳамчун қонеъкунандаи ниёзҳои намояндагони табақаҳои гуногун барои ҷомеаи мо аз масъалаҳои мубрам ва дар як вақт нозук ба шумор меравад. Албатта, бояд ба инобат гирифт, ки мо дар кадом замон ва макони ҷуғрофӣ зиндагӣ мекунем, кадом арзишҳоро мепарастем, ба даъвоҳои тамаддуни муосир чӣ ҷавоб дорем (ё ҷавоб доданӣ ҳастем) ва чи гуна фарҳанг ва забони миллиро ҳифз карда тавонем.
     Аз ин бармеояд, ки бо қабули ин ё он тарзи либоспӯшӣ шахс, то дараҷае дар бозтавлиди муносибатҳои ҷамъиятӣ, анъанаҳо ва меъёрҳои муносибати байни аъзоёни ҷамъият масъул низ ҳастанд. Аз ин лиҳоз, иқдоми мақомоти раҳбари соҳаи маориф, ки доир ба меъёру тарзи либоспӯшии муҳассилин пеша шудаанд, мисоли масъулиятшиносӣ шуда метавонанд. Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 таҳти рақами  14/72 «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» тасдиқ шуда буд, ки боиси вокуниши гуногунранг дар ҷомеа гардид.
Иқдоми мазкур аз тарафи ҷомеаи мо писандида шуд ва иброз гардид, ки пӯшидани либоси ягона ва якхеларо татбиқи воқеии демократия  маънидод карданд.
Албатта ворид кардани либоси ягона барои ниҳоду муассисаҳои алоҳида боиси ворид шудани низом ва маънӣ ба махсусияти ин ниҳодҳо мегардад.
«Униформа»,  яъне либоси ягона мафҳумест, ки нисбат ба либоси расмии кормандони соҳаҳои алоҳидаи хидмати давлатӣ ба кор бурда мешавад. Ин гуна либосҳои ягона барои мақомоти қудратӣ, вазорати корҳои дохилӣ,  вазорати дифоъ, прокуратура, гумрук, ҳамчунин,  дар соҳаи хӯроки умум, тандурустӣ, ва ғ. таъин шудаанд.
Либоси ягона дар баъзе ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ҷиҳати дӯхту истеҳсол ва барои хизматчӣ қулай буданаш бартарияти худро дорад. Дар баъзе ҳолатҳо, албатта, мақоми хизматчиёни соҳаро чунин либос «хос» мегардонад ва воқеист, ки ҳамзамон, хизматчиёни ин соҳаро аз кормандони дигар соҳаҳо фарқ мекунонад. Нишонаҳое, ки ба либос ҳамроҳ карда мешавад (масалан, дар ниҳодҳои қудратӣ), ба мақоми хизматии корманд ишора мекунад.
Соҳаи маориф ниҳоди татбиқ ва тарғибгари фарҳанги либоспӯшӣ, донишу арзишҳо, тарбиятгари насли нав дар руҳи худшиносии миллат аст. Ҳадафи он тарбияи инсони ҳамаҷониба инкишофёфта мебошад. Ин идеал ҷанбаи соф гуманистӣ дошта, дар чаҳорчӯбаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ қадам ба қадам бояд воқеӣ гардонида шавад. Дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ овезаҳои махсус ҳастанд, ки дар онҳо суратнамунаҳои 15-20 гунаи сарулибоси писарона ва духтаронаи донишҷӯйӣ вобаста ба фаслҳои сол нишон дода шудааст. Чунин дастурро чораи маҳдудсозии ҳуқуқи интихоби либос тафсир кардан хато мебуд.
Либоси миллӣ рамзи миллат аст. Бонувон бояд бо ифтихори баланд онро ба бар кунанд. Ба назари ман, духтаракони атласпираҳани тоҷик чун гулҳои баҳорӣ тозаю тар менамоянд. Рангҳои атлас, ки рангҳои тиру камони баҳориро мемонанд, ифодагари оромию осоиштагӣ мебошанд. Мо - тоҷикон мардуми бодавлатем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол, забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Бояд ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба ояндагон супорем.
     Аслан, либоспӯшии анъанавӣ на ҳамеша бо муд созгор аст. Дар он арзишҳои анъанавии умумибашарӣ ташвиқу таблиғ мешаванд. Дар ҷомеаҳои бисёрқавмӣ ва бисёрфарҳангӣ ҳамзистии  муд ва анъана ҳолати муътадили фарҳангӣ ба шумор меравад. Аммо таъсири муд дар ҳама ҷо ҳис карда мешавад. Муд чизест, ки дар давраи муайян маъмул мешавад ва аксарияти кулли мардум онро эътироф доранд. Либос ҳам ҳамон вақт муд мешавад, ки онро миллионҳо одамон бипазиранд. Инсон ҳамеша майли таҷдидгароӣ, тағйирпазирӣ дорад. Чи тавре ки олами атрофи мо тағйир меёбад, ҳамон тавр ҳам либос ҳам тағйирпазир мебошад. Муд бояд по ба пойи замона равад ва ин раванди табиист. Дар замони мо пешрафти босуръати саноат маводду газворҳои нав ба нав пешниҳод гардида, ҳаёти басуръат тағйиркунанда либоси шинамро талаб дорад. Бо пайдо шудани муди нав либоси пештара ҷанбаи зебошиносии хешро гум мекунад.
Ҳангоми интихоби либос бояд дар назар дошт, ки вай ба чи кор меояд. Дар ин маврид на танҳо намуди зоҳирӣ, балки синну соли инсон ҳам нақш мебозад. Ҷавонон бештар кӯшиш мекунанд, ҳамон либосҳоеро пӯшанд, ки саҳифаҳои маҷаллаҳои мудӣ пешниҳод мекунанд. Интихоби мушаххаси шакл, ҷузъиёт, ранги либос бояд таъқибгари ҳадафи асосӣ – шаклдиҳии симо ва образ бошад. Либоспӯшӣ низ ҳунар аст, ки қонуну қоида ва нозукиҳои худро дорад.  Либосро пӯшида тавонистан ҳунар аст.
Либосро тавре ки гуфтем, бояд дониста пӯшем, зеро ифшогари ҳолати ботинии мо, ифодаи «бесухан»-и нияту хоҳишҳои мо аст.  Дар он вазифаҳои асосии либоси ҳозира: муҳофизатӣ, иттилоотӣ ва эстетикӣ таҷассум мегардад, яъне ҳадафи ва вазифаи муҳофизатиашро ишора намудем. Ҷанбаи иттилоотии либос аҳаммияти фарқкунандаи мансубияти иҷтимоӣ ва фаъолияти касбии инсонро дорост.  Ҷанбаи эстетикии либос – ҳамчун ашёи фарҳанги моддии инсон таҷассумгари хусусиятҳои давраи муайяни таърихӣ, вижагии миллӣ ва эҷодии фард мебошад. Имрӯз либос ҳамчун предмети ҳунар ва зебоишиносӣ баромад мекунад. Одамон кӯшиш мекунанд, ки либосашон зебову шинам бошад.   Либоси дуруст интихоб шуда барои эҷоди муҳити зарурии корӣ, арзёбии рафтору одоби инсон кумак мекунад.
Либоси анъанавии ҷиддӣ, ки бо як нигоҳ шахсро чун одами ҷиддӣ ё соҳиби кору бори муҳимми давлатӣ ё ҷамъиятӣ муаррифӣ менамояд. Либоси роҳбарони давлат, вазирон, соҳибкорон, устодону профессорони донишгоҳҳо, кормандони идора намунаи онанд.  
Яке аз меъёрҳои интихоби либос қулай ва шинам будани он мебошад. Аз ин лиҳоз, мо чандин гунаи либос, аз қабили корӣ, истироҳатӣ, «кӯчаравӣ», хобравӣ ва амсоли инро дорем. Либоси донишҷӯ низ барои ӯ бояд қулай бошад. Зеро ӯ дар ин либос тули 5-8 соат бояд фаъолият намояд, яъне ӯ бояд худро озодонаву ботартиб, эстетикӣ ҳис кунад. Либосе, ки мисли «халта» дар китф аст, ё ниҳоят танг, ё вазнину дағал мебошад, ҳисси фаъолмандии касро коҳиш дода аз безавқии шахс хабар медиҳад. Либоси шахс бояд озода, зебо ва шинам бошад.
Баъзан омехташавии тарзи пӯшидани либосҳои мардонаву занона ҳусн ва муҳити муҳит ё ҷомеаро мекоҳонад. Агар шахс дар ҷойҳои ҷамъиятӣ либоси ҷинси худро дар бар надошта бошад, ин  ҳамчун нишонаи эътироз ба ҷинси худ ё намоиш додани омодагӣ ба фаъолияти ғайрикорӣ фаҳмида шуданаш мумкин аст.
Либос бо тарзи ҳаёти мо, кори мо робитаи зич дорад, аз ин рӯ, вай бояд мувофиқи матлаб буда, ба кори инсон, ба истироҳати ӯ кумак расонад. Аз ин рӯ, бояд либос ба ҳар шароити мушаххас созгор афтад.  Либоси хидматӣ, ки дар он инсон вақти зиёди рӯзро мегузаронад, мисли либос барои театр, консертҳо, ҷашнвораҳо таваҷҷуҳи хоссаро талаб мекунад. Аз ин ҷост, ки либоси хидматӣ бояд шинам, қулай буда ба инсон дар раванди кор кумак кунад, инсонро ба низом дарорад, диққати инсонро аз кор дур накунад.
Ранги интихобкардаи либос низ бояд оромкунанда  буда, бо шароити корӣ ҳамранг бошад.
Либоси идона бояд инсонро зеб диҳад, ба инсон зебоӣ бахшад. Ҷавобгӯйи шароит буда барои нигоҳ доштани муҳити идона, ҷашнӣ мусоидат кунад. Либоси идона ҳам мисли дигар намуди либосҳо мутобиқи вижагиҳои симои зоҳирӣ ва хислати инсон, рафтору муоширати инсон хоксорона бошад.  
Либос дорои хусусиятҳои гуногун мебошад. Вай метавонад хоксорона ё диққатҷалбкунанда, оромкунанда, ё ҳидояткунанда, варзишӣ ё лирикӣ бошад. Ҳангоми интихоби либос синну сол, хислат ва ҳусну қубҳи инсонро ба назар бояд гирифт. Танҳо дар либоси шинаму зебо инсон худро қулай, дилпур ва ором ҳис мекунад.
Ҳоло нафарони зиёде вомехуранд, ки либоси рамздорро мепӯшанд. Ба назар чунин менамояд, ки соҳиби либос ба қаҳрамонони муайяне пайравӣ кардан мехоҳад ва онҳоро мепарастад. Дар навбати худ, ин соҳиблибосҳо дониста ё надониста идеологияи муайянро дар байни мардум ҳамин тарз тарғиб, яъне реклама мекунанд. Бояд зикр кард, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либос қобили қабул нест. Ин ба мафкураи дигарон таъсири манфӣ мерасонад ва мумкин аст, ки сабаби фитнаангезиҳо гардад.
Ороишоти иловагӣ ба либос, ороишот бо зарру зевар низ диққатҷалбкунанда буда, аз бисёр нияту хоҳишҳои нуҳуфтаи шахс дарак медиҳанд. Аз меъёр зиёд будани чунин ороишот дар дасту гардани шахс нишони назарбаландӣ, худписандӣ, нуфузпарастӣ, молнодида будан аст. Дар баъзе ҳолатҳо барои нишон додани сарватмандии худ аз ин усул истифода мебаранд. Дар чунин намуд фаъолият кардан дар коргоҳу муассисаҳо муносибати одамонро ғайрисамимӣ мегардонад, ҳисси нобовариро дар ҷомеа ба миён меорад. Одамоне, ки ҳадди истифодаи ороишотро намедонанд, дар назари ҳамнишинон, ҳамсабақон, рафиқону ҳамкорон содалавҳонаю дағал метобанд.
    Бояд таъкид намуд, ки дар коргоҳу муассисаҳо малакаю маҳорати шахсӣ шахсро соҳибэҳтиром мегардонад, на ороишоти заррину тарҳи ороиши рӯю абру. Қонуни асосии зебоӣ  ин ҳудуду андоза мебошад, ки миқдори зиёда аз андоза ин сифатро тағйир дода, баҳою арзиши онро коста мегардонад.
Рукни  асосӣ ҳангоми интихоби либос – мутобиқати комили  либос ба вақт ва шароит мебошад. Аз ин хотир, усули асосии этикети либоспушӣ ҷиддӣ будан ва озодагии он аст.
Либос, ки аслан нишондиҳандаи камолот, фурутанӣ, хоксорӣ ва инсонияти мост, аксар чун инъикосгари боигариву, ҳавобаландӣ ва худписандии инсон шуда мондаааст.  Он бояд дар чаҳорчӯби зарурат ва ниёз, мувофиқи шароит, анъана ва урфу одат, қулай ва шинаму зебо бошад.  Дар ҷомеаи пешине, ки ҷомеаи суннатиаш мегӯем ва зебоиву зебоипарастӣ хосси озодагон  буд, суннати либоспӯширо қотеъона риоя мекарданд ва либос як рукне аз фарҳанги волои ниёгонамон ба шумор мерафт. Дар муҳити мухолифати мазҳабӣ либос фарогири маълумот барои шинохти худиву бегона буд ва либоси сиёҳро ҷонибдорони равияҳои мазҳабӣ мепӯшиданд, либоси сабзро намояндагони руҳониён мепӯшиданд, либоси сафедро аҳли зиё мепӯшид, либоси сурхро барои он намепӯшиданд, ки либоси фиръавнҳо ҳисоб мерафт, подшоҳон либоси кабуд ба бар мекарданд.   
Намуд ва ранги либос бояд на танҳо ба ин ё он хислати симои зоҳирӣ ишора кунад ё онро пинҳон намояд, балки бояд мақсаднок бошад, ба намуди зоҳирӣ ва синну соли шахс мувофиқ ояд.
Ҳоло дар муҳити таъсири неруи нарм ва ҷаҳоншумулӣ бояд диққати асосӣ ба ифодаи самти идеологии образсози инсон равона шуда бошад. Ватандӯстӣ, ҳисси ифтихор аз миллат ва ватан бояд дар шакли либос ҳам зоҳир гардад. Тарҳи либосдӯзӣ ва анъанаи либоспӯшии дорои хусусиятҳои хоси миллат дастоварди зиёде дорад, ки аз ҷониби кишварҳои пешрафтаи соҳибфарҳанг эътироф ва пазируфта шудааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд. Дар кишвари мо нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон набошад. Либоси миллии мо маҳз, бо ҳамин рангу ҷило дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
    Суннатҳои бойи мардумӣ ба рассомону тарроҳон кумак мерасонанд, ки дар эҷоди либосҳои тозаву озода ва хоси марду зани тоҷик роҳи дуруст пеша кунанд.
Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хосси фарҳангҳои бегона буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Тавассути воситаҳои ахбори омма мушоҳида мешавад, ки анвои гуногуни либоси миллӣ бо тобиши аврупоӣ – доману куртаҳои чакан, киманоҳои атлас, беостинҳои адрасу чакан ва ғайраҳо симои духтарони тоҷикро оро медиҳанд, ки диққати меҳмонони хориҷиро ҷалб ва мафтун месозанд.
    Бо назардошти он чи гуфта шуд, метавон чунин пешниҳодҳо кард:
- ба барномаи таълими ҳамаи зинаҳо  мавзуъҳои амиқи ифшогари хусусиятҳои фарҳанги миллӣ ворид карда шавад;
- ташкили силсилаи намоишҳо ва суҳбатҳо бо мутахассисон ва донишмандон дар бораи таърих ва оини либоспӯшӣ, арзишҳои маънавӣ ва миллии либос аз тариқи садо ва симо;
- ташкили марказҳои зебоипарастӣ дар марказҳои ноҳияҳову шаҳрҳо, ки тарғибгари зебоии  маънавӣ ва ботинии инсон бошанд, на тарғибгари танпарастиву шаҳватпарастӣ ба мисли мудхонаҳову ҳар гуна салонҳои бемаънӣ ва ба Ғарб тақлидкунанда;
- тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо ҳамаи нозукиҳояш, ба таври васеъ ва дар дохил ва хориҷи кишвар бо дарназардошти муҳити фарҳангии миллӣ аз чораҳои муҳими муассири замони муосир хоҳад буд.

Маҳмадҷонова Муҳиба,
доктори илмҳои фалсафа, профессори
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муродова Ибодат,
унвонҷӯйи фарҳангшиносӣ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Категория: