Ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар даврони Истиқлол” ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 33-солагии соҳибистиқлолии кишвар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Ноябр, 2024 - 15:59

     14-уми ноябри соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми июли соли 2024, №30251 (26.5), барқияи ҳукуматӣ аз 25-уми октябри соли 2024, №16/10-95 оид ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар даврони Истиқлол” ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 33-солагии соҳибистиқлолии кишвар баргузор гардид.
     Дар кори ҳамоиш даъватшудагон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
     Баъдан, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Раҳматуллозода Сахидод ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрик намуда, аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар 33 соли даврони Истиқлол ёдовар шуда, қайд намуданд, ки мо миллати хушбахтем, ки ба бахти мо тоҷикон таърих роҳбареро ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуд, ки ҳар лаҳзаи умри пурбаракати худро барои бунёдкорӣ, созандагӣ, меҳрпарастӣ ва арзишҳои миллии ин сарзамин сарф намуда, барои наслҳои ояндаи миллату кишвари тоҷикон дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳадти миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Роҳбари давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостарин марҳилаи таърихи тоҷикон бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва сулҳу субот рост меояд, ҳамчун достони мардонагию ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи ин миллати фарҳангию куҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст.
     Маҳз, тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзию фидокориҳои Пешвои миллат мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои сулҳу ваҳдат сарҷамъ омада, Тоҷикистон имрӯз дар роҳи рушди устувор ва босубот қарор дошта, бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз забони тоҷикӣ мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ғамхорӣ ва мувозибат аз забони модарӣ, пеш аз ҳама, пуштибонӣ аз халқу миллати худ мебошад. Бори дигар муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллозода Сахидод ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон ва солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрик намуда, ҳамзамон, ба иштирокдорон филми мустанад намоиш дода шуд.
     Дар кори ҳамоиш муовини аввали Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам сухан карда, саҳми ҷавононро дар сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд. Ҳамзамон, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.ф, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд ва иштирокдорони дигари чорабинӣ дар мавзуъҳои нақши ҷавонон дар худшиносии миллӣ, аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва ғ. ироа намуданд.
Дар бахши фарҳангӣ суруд ва шеръҳо дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тараннуми Ватану Модар аз ҷониби ҳунармандон, устодон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон суруда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (2 овоз)

Категория: