(Паёми Президенти ҶТ аз 28.12.2024)
Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба ММ МО Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 дастуру ҳидоят намуданд, то имсол 2550-солагии яке аз кишварсозони ниёгони мо Куруши Кабир ва «Эъломияи ҳуқуқи башар»-и ӯ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда шавад. Куруши Кабир воқеан, дар таъриху рӯзгору дунёи мо шахси ҳуввиятии мо ориёиҳо – тоҷикон-порсизабонон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз кирдору корнамоиҳо ва таъсири мардуми мо баҳри рушду тамаддуну афкори инсонӣ гузаштаи миллатамонро чунин шарҳ медиҳанд: «Халқи тоҷик табиатан халқи созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанфсу меҳнатдӯст аст. Дар хуни аҷдодии ӯ пархошҷӯйиву набардписандӣ ва ҷанг пеша кардан қариб набудааст. Ба сари касе аз рӯйи ҷагҷӯйиву зӯроварӣ теғ накашидааст ва ҳавову ҳаваси забт кардани кишварҳои бегонаро низ аз азал надоштааст. Ва агар ба ҷангу набардҳои хунин хеста бошад ҳам, ғолибан барои ҳимояи сарзамини поймолшуда, барои ҳифзи нангу номус шамшеру сипар ба даст гирифтааст. Мисли мурғи самандар дар оташи лашкаркашиҳои аҷнабиён борҳо сӯхта, боз аз нав эҳё гаштааст».
Сарнавишти мо ориёиҳо аз ҷумлаи саҳифаҳои басо рангину шигифтангези таърихи башар буда, аз асотиру ривоятҳои офариниш, “Авасто”-ву Зардушт, Эрону Тӯрон, Суғду Бохтар, асолати давлатдории Пешдодиёну Каёниён, Ҳахоманишиёну Кӯшониён, Сосониёну Сомониён сарчашма мегирад.
Яке аз ситораҳои рахшони тамаддуни ориёӣ, ки ҳанӯз 2500 сол қабл аз ин ба қавли файласуфи бузурги немис Гегел ба оламиён усули мутамаддини давлатдориро эҳдо кардааст, Куруши Кабир мебошад, ки дар таърихи башарият номи ӯ бо давлатдориву афкори неки инсонхоҳӣ ҷовидон боқӣ мондааст.
Куруши Кабир ба нахустин империяи мутамаддини аҳди қадим бунёд гузоштааст, ки то замони лашкаркашию кишваркушоиҳои Искандари Мақдунӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ назире надошт. Империяи таъсисдодаи ӯ мутобиқи маълумоти катибаҳои Дорои Бузург ва муаррихони Юнони қадим чандин давлатҳҳои ҷаҳони куҳан – Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финикия, Лидияву Урарту, Бохтару Суғд ва ғайраро дар қаламрави 22 вилоят муттаҳид намуда, дар ҳудуди се қитъаи олам – Осиё. Аврупо ва Африка доман густурда будааст.
Куруши Кабир саромадони худро нисбат ба подшоҳони наҷиб ва табори ориёӣ мансуб медонад. Зиндагии пурҳангомаи ӯ саҳифаҳои хотирмону ибратомӯзи зиёде дошта, дар таърихи тамаддуни башарӣ бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ, усули нави идоракунию шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус, пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқу манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Куруши Кабир дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз хирадмандтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки бо оини инсонпарварӣ, банданавозӣ, адолатпешагӣ ва тамаддунофариву давлатсозиаш нуфузи оламгир ёфтааст.
Куруши Кабир аз нахустин шоҳанхоҳонест, ки дар кишвардориву кишварсозӣ сиёсати оқилонаи давлатдориро пеш гирифта, эътиқоду ақоид ва дини миллатҳои ғайрро эҳтиром мегузошт. Ӯ ба ҳар кишваре, ки мерафт худоёни мазҳабҳои мухталифро ба расмият мешинохт, худро ҷонишини қонунии подшоҳони бумӣ эълон медошт ва аз рӯйи расму русуми онҳо подшоҳиро мепазируфт. Беҳуда нест, ки руҳониёни бонуфузи Бобул ӯро ҳамчун писари худои олитабори бобулиён Мардук муаррифӣ намуда, ба тахти шоҳӣ нишастанашро бо хушнудии тамом истиқбол карда буданд. Ба ибораи имрӯз сиёсати давлатдории Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос ёфта буд. Шояд яке аз сабабҳои шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтану империяи абарқудрати замони худ шудани давлати Форс дар пеш бурдани ҳамин сиёсати давлатдории дунявӣ нуҳуфта бошад. Барои мисол навиштаҷоти устувонаи гилиеро меорем, ки алҳол, дар осорхонаи Британия маҳфуз буда, Куруши Кабир дар он таассуроти ғолибият ва фатҳи Бобулро чунин сабт кардааст:
“Манам, Куруш. Шоҳи шоҳон, шоҳи бузург. Шоҳи неруманд... Вазъи дохилии Бобул ва маконҳои муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва бединон онҳоро наёзоранд. Фармон додам, ки ҳеҷ як хонаи мардум хароб нашавад. Фармон додам, ки ҳеҷ кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва ба тамоми лашкариён аз роҳи иноят баракати худро нозил кард”.
Бояд зикр намуд, ки Куруши Кабир зимни сиёсати давлатдорӣ ва тарзи дунявии тафаккур ҳадафҳои кишваркушоӣ ва густариш додани иқтидори рӯзафзуни империяи Форсро пеш мебурд. Ба қавли муаррихони аҳди қадиму ҷадид Куруши Кабир қабл аз ҳуҷум ба Бобул дар симои савдогарону тоҷирон, руҳониёни мазҳабҳои гуногун аз дастаи ҷосусони озмуда, тарғиботчиёни сиёсати худро ба он ҷо интиқол дода, намояндагони миллату мазҳабҳои азияткашидаро қаблан ба империяи Ҳахоманишиён дилгарм месохт. Куруши Кабир, алалхусус, нисбат ба миллати Бани Исроил, ки аз замони Бухтуннаср дар асорати давлати Бобул буд, меҳрубонӣ ва инояти зиёде кардааст. Ӯ ашёҳои гаронбаҳо ва зарфиёти тиллоиву нуқрагинро. ки ҳангоми хароб намудани маъбади яҳудиён дар Байтулмуқаддас ғорат шуда буд, ба ибодатхонаи яҳудиён бозгардонд. Гузашта аз ин, бо иҷозати Куруш аз 42 ҳазор нафар яҳудӣ, аз ҷумла, 7 ҳазор ғулому каниз барои таъмиру таҷдиди маъбадҳои Байтулмуқаддас раҳсипор шуданд. Аз ин ҷост, ки эҳтироми паямбарони Банӣ Исроил ба Куруш хеле зиёд буда, номи ӯ дар китоби муқаддаси онҳо чун фиристодаи Худо зикр шудааст.
Хусусан, дар аҳди Куруши Кабир, ки давраи марказиятёбӣ ва дар қаламрави давлати бузурги Ҳахоманишиён муттаҳид шудани давлатҳои хурд, аз қабилаҳои парокандаи ориёинажод ва ориёизабони сарзамини Ориёнои Ғарбӣ ва Ориёнои Шарқӣ ба шумор мерафт, таъқибу саркӯб кардани сакоиҳои кӯчманчии марказгурезу озодипараст авҷ гирифта, барои аз тохтутози онҳо эмин доштани сарҳадҳои шарқии империяи Ҳахоманишиён қалъаи истеҳкомии Курушкада бунёд мегардад.
Куруши Кабир, дар айни ҳол, маъбадҳои Бобулистон, Ошур ва Эломро таъмир намуда, ба онҳо назру ниёз ва қурбониҳои зиёде нисор месохт, халқиятҳои мухталифро барои баргаштан ба ватани аслиашон рухсат медод. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ҷавҳари зӯроваронаи империяи Ҳахоманишиён ва сиёсати бузургдавлатии онҳо боқи мемонд.
“Воқеан таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили худ огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд. Ашхоси аз решаву насаби хеш канда, одатан, аз хотираи таърихӣ, гузаштаи дур ва мероси фарҳангии миллати худ бенасиб монда, чун махлуқи худпараст, бемасъулият ва бегонапарвар ба камол мерасанд ва гирифтори тафаккури ғуломона мегарданд.”
Давлати бузурги Ҳахоманишиҳо, ки беш аз дусаду бист сол яке аз тавонотарин империяҳои ҷаҳонӣ буд, аз ҷумла, марзҳои Осиёи Миёна – Парфия, Хоразм, Суғд, Бохтар, Ҳирот, Сакистон ва ғайраро фаро мегирифт. Ин империяи абарқудрат баробари забт намудани кулли кишварҳои ҳамсоя барои ҳукмронӣ дар қаламрави роҳҳои баҳрӣ талош меварзид.
Ҳеродот дар бораи лашкаркашиҳои Куруш ва устувор гардидани давлати Ҳахоманишиён сухан ронда, аз ҷумла, Лидия, Гиркания ва Парфияро мутеъ намудану ҷониби сакоиҳои ҳамсояи Гиркания лашкар кашидани ӯ маълумот дода бошад ҳам, аз бобати забт гардидани Бохтар чизе намегӯяд. Пас аз фатҳи Лидия ба қавли Ҳеродот “..дар сари роҳи Куруш кишвари Бобул, мардуми Бохтар, сакоиҳо, мисриён қарор гирифта буданд, ки дар набардҳои зидди онҳо ӯ мехост шахсан худаш сардорӣ кунад, аз ин рӯ, ба ҷанги зидди онҳо сарлашкари дигареро фиристод”.
Воқеияти таърихӣ низ тасдиқ менамояд, ки Куруши Кабир баъди бар зидди шоҳи Мод – Астияг қиём намудан ва ӯро мағлуб сохтан, ба устувор намудани иқтидори давлати Форс кӯшида, тақрибан аз солҳои 546 то милод пай дар пай аввал Парфия, Гиркания, Лидия ва давлатҳои юнонии Осиёи Хурдро забт мекунад. Сипас, барои бехатар намудани марзҳои шимолу шарқии қаламрави Форс кӯшида, тақрибан солҳои 545-540 то милод, яъне дар давоми бештар аз панҷ сол ба ҳудудҳои Марғиён. Хоразм, Суғд ва Бохтар, инчунин, сарзамини скифҳо (сакоиҳои резишгоҳи рӯди Омӯ ва канораҳои Сир) лашкар мекашад. Гумони ғолиб он аст, ки Куруши Кабир баъди кишваркушоиҳо ва вусъат бахшидани ҳудудҳои шарқии империяи Форс қалъаи устувор ва истеҳкоми марзбонии Курукадаро дар ҳудуди Истаравшани қадим (ҳозира Ӯротеппа) бунёд гузоштааст, ки он дертар бо номи Курушкада (шаҳри Куруш) шуҳрат ёфтааст. Ҳадафи асосии сохтани Курушкада мустаҳкам намудани сарҳадҳои қисми шарқии қаламрави Форс ба хотири лашкаркашиҳои минбаъда. яъне дар оянда забт намудани давлатҳои пуриқтидори Бобулистон ва Мисри қадим буд.
Дар бораи лашкаркашиҳои Куруш ба марзҳои Осиёи Миёна сухан ронда, як ахбори хеле ҷолиби Ктесийро ёдовар шудан бамаврид аст. Ктесий меорад, ки ҷанговарони бохтарӣ ба муқобили Куруш азми қавии ҷангидан ва ҳифз намудани сарзамини худро доштанд. Вале Куруш ба пешвои ҷанговарони бохтарӣ худро ҳамчун ҷойнишин ва валиаҳди шоҳи Мод – Астиаг шинос намуда, онҳоро водор сохт, ки мартабаи подшоҳии ӯро бишносанд ва аз сари ҷангу хунрезиҳо бигзаранд. Дар натиҷа бохтариён ба суханони ӯ эътимод баста, силоҳҳояшонро фурӯ гузоштанд ва ихтиёран ба Куруш созиш бастанд.
Воқеан, мувофиқи ахбори Ҳеродот, баъди марги подшоҳи Мод Киаксар тоҷу тахт ба писари ӯ Астиаг мемонад. Астиаг қариб 35 сол подшоҳӣ намуда, аз дасти набераи худаш Куруши Кабир, ки фарзанди Мандана ном духтари Астиаг ва Камбуҷия ном ҳокими Парсумаш (номи собиқи вилояти Форс) буд, аз тахти шоҳӣ бенасиб мегардад. Куруши Кабир соли 550 то милод худро ба ҷойи бобояш Астиаг расман подшоҳи Мод эълон мекунад.
Ин амали Куруши Кабир аз ҷониби подшоҳони Миср, Бобул, Ошур ва Юнон чун силсилаи навбатии ба тахт нишастани яке аз намояндагони сулолаи Мод пазируфта мешавад. Чунонки аз навиштаҷоти “Солномаи Набонид” бармеояд, Куруш хазинаи пурсарвати подшоҳони Модро аз пойтахти он Экбатон (Ҳамадон) ба вилояти Форс интиқол дода, ҳокимони миёнаҳоли кишварҳои хурди Пармусашу Аншанаро аз фаромӯшхонаи рӯзгор ба арсаи таърихи башарият ҳидоят месозад.
Куруши Кабир баъди устувор намудани ҳудудҳои шимолу шарқии давлати Форс азми Бобул мекунад. Ба қавли Ҳеродот, яке аз лашкаркашони тавонои форсҳо – Осиёи Хурд ва Куруши Кабир Осиёи Пешро таҳти нигини худ овардаанд. Соли 539 то милод қушунҳои Куруши Кабир азми Бобул намуда, ин давлати пуриқтидорро хеле ба осонӣ шикаст медиҳанд.
Э. Раҳмон дар иртибот ба давлату давлатдорӣ ва афкори сиёсиву ҳуқуқии ниёгони мо, ки инсонпарвариву инсондӯстӣ сарчашмаи ташаббусу иқдомоти таърихан азалии бунёди онҳост, чунин менигорад; «Таърихи ҳазорсолаҳои дуру наздик гувоҳ аст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқирози чашмрас, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон фарҳанги давлатдории тоҷикон номид».
Воқеан, табиист, ки дар таърихи башар дар ҳудуди ин сарзамин бохтариёну суғдиён, портиёну хоразмиён ҳамчун як қавми ориёинажод ташаккул ёфтаву таъриху фарҳанги хешр ташаккул додаанд.
Умумияти тамаддуни ориёӣ, ки ба қавмҳои ориёинажоди Ориёнои Шарқӣ низ (Бохтар ва Суғд) хос буд, ба ҳайати давлати ориёҳои Порс ҳамчун як қавми ҳамрешаву бо ҳам хеш ва аз ҷиҳати тамаддуни ориёӣ, умумияти забон, фарҳангу мазҳаб басо наздику як буданд, аз давраҳои аввал як тақдири муштараки таърихиро бунёд гузоштаанд. Дини яктопарастӣ, ки ҳанӯз дар оғози густариши хеш дар каламрави давлати Бохтару Суғд моҳияти иҷтмоию сиёсӣ пайдо карда, аввалин давлатҳои мутамаркази ориёиёни шарқӣ – Бохтари қадим,3 Суғд ва Хоразмро ба зинаи пеш расонида буд, тавассути тоҷирони бохтарию суғдӣ ва муғҳои зардуштӣ ба қаламрави Моду империяи ориёиҳои Порс паҳн гардида, дар шакли дуалистӣ инкишоф ёфтааст.
Усулҳои идоракунӣ ва низоми коргузории империяи Ҳахоманишӣ, ки дар тули беш аз дусад сол яке аз бузургтарин империяи ҷаҳонӣ буд, аз тамаддун ва рисолати давлатдории ориёӣ сарчашма мегирад, ки он назар ба системаҳои идоракунии давлатҳои пешгузаштаи Машриқзамин – Мисру Бобул, Ошуру Мод, Бохтару Суғд ва ғайраҳо афзалияту бартариҳо дошт.
Э. Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» (китоби дуюм) тибқи сарчашмаҳои таърихӣ чунин овардаанд, ки қаламрави империяи Ҳахоманишиён ба се қитъаи олам – Осиё, Аврупо ва Африко доман афрохта, аҳолии мутеъшуда, қариб бо 55 забон гуфтугӯ мекардаанд. Ҳеродот дар қатори 20 вилоят (сатрапиҳо)-и империяи Ҳахоманишӣ, ки баъзан, як давлати бузург (масалан, Миср, Ошур, Мод)-ро фаро мегирифт, ки дар айни рӯйхати 70 халқиятро, ки дар ин вилоятҳо мезистанд, овардааст.
Ба қавлу андешаи Б. Ғафуров «Тамоми давлати Ҳахоманиширо бо вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарбӣ, яъне сатрапиҳо» идора мекарданд. Бо маълумоти Ҳеродот шумораи ин вилоятҳо дар аҳди Дорои 1 (522-486 пеш аз милод) ба 20 адад мерасид. Волиҳо, ки бевосита ба подшоҳ итоат мекарданд, аксаран, аз байни форсҳо таъин карда мешуданд. Вазифаи волӣ, асосан, аз ҷамъоварии андоз ва нигаҳдории қушун иборат буд».
Қабл аз замони давлатдории Дорои 1, одатан, кишварҳои забтшуда ба ихтиёри амалдорони маҳаллӣ ё ҳокимони собиқе гузошта мешуданд, ки сари итоат фурӯ овардаанд. Мувофиқи ислоҳоти Дорои 1 барои идоракунии ҳар як вилоят се амалдори воломақом - волӣ, девондори шоҳ ва сипаҳсолор таъин мегардид, ки онҳо ба якдигар мутеъ набуданд ва ҳар кадомашон бевосита ба ҳокимияти марказии шоҳаншоҳ итоат мекарданд.
Муҳаққиқи таърихдон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ –“Ҷеҳраҳои мондагор” аввалин чеҳраи мондагори таърихиро дар китоби худ, аз Куруши Кабир оғоз намудааст, ки ин шахсияти таърихӣ дар тамаддуни ориёӣ ҳамчун асосгузори нахустин империя дар таърихи башар номбар мешавад, муаррифӣ менамояд. Дар заминаи сарчашмаҳои боэътимоди таърихиву бостоншиносӣ, маълумотномаҳои катибаҳо, муаллифи китоб собит месозад, ки Куруши Кабир, маҳз, тавассути сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, сабку услуб ва тартиби нави идоракунии давлат, адолатҷӯйӣ, ободгарӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо эҷоди эъломияи худ, ки нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф гардидааст, машҳуру номдор аст. Муаллифи китоб тақдири имрӯзаи тоҷиконро ба тақдири давлатдории Куруш монанд кардаанд. Аз ҷумла, «Руҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкориву ободонӣ, ислоҳоти низомиву лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз назари муаллифи асар монандӣ ва ҳамоҳангии онҳоро муқаррар мекунад».
Воқеан, сифатҳои ҳукуматдории Пешвои миллат аз Куруши Кабир сарчашмаи таърихию ҳуқуқӣ гирифтааст, ки чунин ҳамонандиҳоро мо дар иқдому ташаббус ва хусусиятҳои ифтихор аз ватану ватандориву миллатдӯстдорӣ, адолат ба мардум, масъулияти баланд дар назди ҳифзу ҳимояи марзу бум ва соҳибони он, пуштибонии забон, сулҳу ваҳдати мардуми меҳан ва мисли инҳо рӯйи кор омадаанд.
Ҳахоманишиён на танҳо озодии расму оин ва мазҳабу дин, балки забону расмулхати кишварҳои забтшударо пос медоштанд, ки мисоли равшани он «Катибаи Бесутун» шуда метавонад. Хати мехӣ хати расмии давлати Ҳахоманишӣ буда, дар асоси хати мехии бобулӣ бо баъзе тағйироту иловаҳо падид омада, чун қадимтарин хати ориёии аҳди қадим то замони мо омада расидааст .
Муҳаққиқи тоҷик Бароти Абдураҳмон дар роман таърихии худ – «Куруши Кабир шоҳаншоҳи тамаддуновар» (китоби 1) ва «Камбуҷия - Пирӯзӣ ва марг» (китоби дуюм), хонандаро аз нахустин Эъломияи хуқуқи башар, ки онро Куруши Кабир ба тасвиб расонидааст, ошно менамоядд ва он сарчашма аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстиамон гирифтаву нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст. Ин Эъломия, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур аст, дар Осорхонаи Британия маҳфуз буда, шояд намунаи нахустини Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният бошад. Ба назарам, матни ин эъломияро, ки бо хат ва забони бобулӣ навишта шуда, тарҷумаи форсӣ-тоҷикии он бо саъй ва эҳтимоми олими шинохта Парвона Ҷамшедов ба табъ расидааст, овардан аз аҳаммият холӣ нест: «Манам Куруш, шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи неруманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Аккод, шоҳи чаҳор мамлакат, писари Камбуҷия — шоҳи бузург, навосаи Куруш, шоҳи бузург аз шохаи салтанати адабӣ, ки салтанаташ мавриди худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст. Вақте ки бе ҷангу ҷидол вориди Бобул шудам, ҳама мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул ба сарири салтанат нишастам. Мардук — Худои Бобул дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро муҳтарам ва гиромӣ доштам. Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул ва амокини муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳеч яке аз хонаҳои мардум хароб нашавад. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони Ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул бар пойҳои ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акод… ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Шумеру Аккодро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном доранд, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».
Эъломияи мазкур падидаи комилан нави сиёсию фарҳангӣ буд. Ӯ ба мисли шоҳони пешинаи ин минтақа мағлубонро ғуломи худ эълон накард. Баръакс, Куруш олиҳимматии сиёсӣ, адолат ва инсондӯстии бемисл нишон дода, ба халқҳои мағлуб озодӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ ато кард. Ин эъломияи башардӯстона, ки метавон нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандони гуногунмиллату мухталифойин шумурд, аз тамаддуни ориёӣ сарманшаъ гирифтааст.
Шояд дар таърихи аҳди қадим ин эъломия нахустин иқдомест сӯйи ҷомеаи дунявию адолатпарвар. ки дертар тавассути рӯшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстонаро падид овард.
Куруш сиёсатшиноси нуктасанҷ буд. Пеш аз ҳама гуна муҳориба, ӯ барои нарехтани хун ба рақибонаш бо кафолати амният, озодӣ ва бо шартҳои барои онҳо имтиёзнок бастани сулҳро пешниҳод мекард. Танҳо дар сурати аз ҷониби муқобил қабул нашудани пешниҳодҳояш даст ба ҷанг мезад. Баъди ғолиб баромадан кӯшиш мекард мағлубонро беҳуда озор надиҳад ва иззати нафси онҳоро паст назанад. Ӯ одамшиносу инсондӯст буд ва шахсони лаёқатмандеро, ки барояш содиқона хидмат мекарданд, қадр мекард ва ба онҳо мансабҳои калони давлатиро медод. Бештар ҳолатҳо ӯ подшоҳони мағлубшуда ва ба асирӣ афтодаро мебахшид. Шоҳи Лидия Крез, шоҳи Бобул Набонид ба ин мисол шуда метавонанд. Куруш дар ҳайати империяи худ қариб 70 қавму миллатҳои гуногунро муттаҳид карда, ба ҳамаи онҳо расман озодӣ ва баробарҳуқуқӣ ато намуд. Башарият метавонад имрӯз ҳам аз таҷрибаи инсондӯстӣ ва адолатпарварии ин шахсияти беназир истифода барад. Таҷрибаи давлатдории Куруши Кабир ибратомӯз аст, мо бояд онро ҳамаҷониба омӯзем, зеро сохтори давлатии Ҳахоманишиён яке аз муҳимтарин тарзи ҳукуматҳои императории Аҳди бостон ба шумор меравад. Сазовори ёдоварист, ки ӯ бори нахуст чандин кишварҳо ва халқҳои ориёиро дар ҳайати як давлат муттаҳид намуда, барои ташаккулу инкишофи забону фарҳанги ягонаи онҳо мусоидат намуд. Хусусан, дар аҳди Куруши Кабир, ки давраи марказиятёбӣ ва дар қаламрави давлати бузурги Ҳахоманишиён муттаҳид шудани давлатҳои хурд ва қабилаҳои парокандаи ориёинажод ва ориёизабони сарзамини Ориёнои Ғарбӣ ва Ориёнои Шарқӣ ба шумор мерафт, таъқибу саркӯб кардани сакоиҳои марказгурезу озодипараст авҷ гирифта, барои аз тохтутози онҳо эмин доштани сарҳадҳои шарқии империяи Ҳахоманишиён қалъаи истеҳкомии Курушкада бунёд мегардад.
Куруши Кабир 2500 сол муқаддам қавмҳои парокандаи ориёиро аз доманаи қуллаҳои Ҳимолой то қаторкӯҳҳои Қафқоз ва аз канори рӯди Сир то соҳилҳои баҳри Миёназамин таҳти парчами худ муттаҳид сохта, чун падари воқеан, – ориёинажодони Осиё эътироф гардид.
Мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруши Кабир на танҳо як давлати муқтадиру мутамарказ, балки тақдири муштарак, забону хати муштарак ва расму оини муштаракро бунёд гузоштем. Решаҳоямон тавъам буд ва оғози оғозҳоямон аз як сарчашмаи фарҳангию таърихӣ-тамаддуни ориёӣ об мехӯрд.
Куруш сиёсатмадори оқил, пайрави илму ҳикмат, ростию адолат, ободонию созандагӣ буд ва худро чун “чӯпони раият” хонда, ба озодии дину мазҳаб ва баробарҳуқуқии халқиятҳои қаламраваш кафолат медод. Тақдири давлатдории Куруш ба тақдири давлати имрӯзаи тоҷикон басо шабоҳат дорад, ки руҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкорию ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандиву ҳамоҳангиҳост.
Ман Куруш, аз дудаю дудмони Ҳахоманиш, шоҳи бузург, аз табори ориёӣ. Бо ёрии Аҳурамаздо ва роҳнамоии мардони наҷиб бар тахти шоҳии Порс ва Мод нишастаам. Дар талиаи партави эзадӣ савганд мехӯрам, ки ҷон ба гарав мениҳаму шоҳигарии тавоно, пурқудрат ва паҳновари Ориёиро барпо мекунам ва ростиро пеша месозам. Бигузор пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек ва дар партави хиради эзадӣ раҳнамои мо бошад.
Куруши Кабир пас аз 60 солагиаш ҳам чолокию нерумандии овони ҷавониро набохта буд. Дар зӯрозмоиҳои тан ба тан, набардҳои шамшерзанӣ, варзишҳои тирандозӣ ва пайкори аспдавонӣ кам таҳамтане бо ӯ баробар омада метавонист.
Аз қавли Ҳеродот юриши охирини Куруш бар зидди массагетҳое равона шуда буд, ки дар он тарафи Аракс (шояд Ому бошад) зиндагӣ мекарданд. “Маликаи массагетҳо зане буд Томирис ном, ки баъди марги шавҳараш ба ҷойи ӯ сарварӣ мекард. Куруш аввал сафирон фиристода аз малика Томирис хоҳиши занушӯ шуданро менамояд. Лекин Томирис пай мебарад, ки Куруш на ин ки қасди хостгорӣ, балки хостгории салтанати массагетҳоро дорад, пешниҳоди ӯро рад мекунад. Ҳангоме, ки ин ҳила кор надод, Куруш бо фавҷи сарбозони сершумор ҷониби рӯди Аракс омада, бар зидди массагетҳо ҷанги ошкорро сар мекунад; барои убур намудани сарбозон ӯ аз болои дарё пулҳо (кӯпрукҳо) месозад. Массагетҳо дар ҷанг ғалаба ба даст овардаанд ва Куруш дар ин ҷанг кушта мешавад.
Муаррихони юнонӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҷасади Курушро баъди як соли маргаш писараш Камбуҷия ба баҳои гароне харида, дар Пасаргад (пойтахти нахустин империяи Ҳахоманишиҳо) дафн мекунад. Мақбараи Куруши Кабир дар Пасаргад то кунун маҳфуз аст, ки чун нишонае аз он рӯзҳои куҳан ба ёдгор мондааст.
Дар замони Ҳахоманишиён аввалин бор дар таърих шакли оқилона ва башардӯстонаи муносибати халқҳо, гурӯҳҳои этникӣ, пайравони оину мазҳабҳои мухталифи динӣ ва мактабҳои гуногуни илмию фалсафӣ тарҳрезӣ ва корбаст гардид, ки барои мову шумо ҳатто, имрӯз низ ибратомӯз мебошад. Вақте ки Куруши Кабир соли 539 то милод шаҳри Бобул – пойтахти давлати муқтадири Бобулистонро фатҳ кард, бар хилофи шоҳони аҳди бостон, ки маъмулан, ба куштору ғорат мепардохтанд, ӯ эъломияе интишор сохт, ки дар он ҳифзи ҷону мол ва озодии эътиқоди динии шаҳрвандон кафолат дода мешуд.
Яке аз сарчашмаҳои таърихӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои инсониятро ҳифзу ҳимоя мекунад, ин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад. Ин Эъломия соли 539 пеш аз милод аз тарафи шоҳ Куруш, ки асосгузори давлати Ҳахоманишиён мебошад, қабул карда шудаасст.
Ин Эъломия манбаи асосии он афкору ақидаҳои мардуми ориёист, ки барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи инсонҳо сарчашмаи нахустини таърихӣ буда, он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва мазҳабу дин ва дороии мардумонро пуштибонӣ мекунад. Эъломияи мазкур бо номи «Устувонаи Куруш» машҳури олам гардидааст, ки ҳоло дар осорхонаи Британия маҳфуз мебошад.»
Дар ҳақиқат, аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар замони бостон комилан падидаи нави сиёсӣ буд, зеро Куруши Кабир бар хилофи шоҳони пешина, мағлубонро ғуломи худ накардаву ба онҳо озодӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст. [2, 16-19].
Ин Эъломияи башардӯстонаро метавон санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва гузашта аз ин, ҳуқуқи шаҳрвандии гуногунмиллату мухталиф шуморид, ки он аз тамаддуни ориёии мо сарчашма гирифтааст. Куруш сиёсатшиноси нуктасанҷе буд, ки ӯ заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстонаро гузоштааст ва ин иқдом сарманшаи санадҳои ҳуқуқии равшанфикрони Юнону Рим гардидааст. Куруш тибқи Эъломияи худ нарехтани хун дар набардро пешниҳод мекарду тавсия медод, то шахсони лаёқатмандро қадрдонӣ намоянд.
Муаллиф равшан баён мекунанд, ки Эъломияи Куруши Кабир яке аз манбаъҳои муътабари давлати Ҳахоманишиён аст, ки дар он ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба моликият, баробарҳуқуқии инсонҳо возеҳ дарҷ ёфтаанд.
Дар Эъломияи Куруши Кабир се арзиши демократиро метавон пай бурду дарк намуд, ки инҳо озодии дину мазҳаб, озодии интихоби ҷойи зист, поймол накардани ҳуқуқи каси дигар маҳсуб мешаванд ва мерос аз тафаккури башардӯстонаи ниёгони мо орпиётаборон мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки ҳамин меъёрҳо дар муқаддимаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10-уми декабри соли 1948 қабул гардидааст, истифода шудаву барои тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид сарчашмаи арзишҳои инсонӣ ва раҳнамои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.
Эъломияи ҳуқуқи башар баъди қабул гардиданаш миёни мардумони дигар низ нуфузу эътибор пайдо кардааст. Академик Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон»-и худ зикр намудаанд, ки «Ҳахоманишиҳо бар хилофи подшоҳони пешини замони Шарқи қадим нисбат ба оину мазҳабҳои соири халқҳо бо таҳаммул муносибат карда, ҳатто, маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро ба мисли ибодатхонаҳои Бобулу Яҳудистон дубора барқарор намуданд. Хусусан, асосгузори давлати Ҳахоманишиён Куруш шуҳрати зиёд пайдо карда буд. Форсҳо ӯро Ҷадди Бузург, бобулиҳо расули Худои Мардук, юнониҳо раҷули бузурги давлат ва яҳудиён наҷҳве номида буданд».
Дар ҳақиқат, дар Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки дар китоби Пешвои миллат сабт шудааст, суханони охирини Куруш ба орзую омол ва ниятҳои Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон монандӣ дорад, ки «Сулҳу оромиро ба тамоми мардум меорам»-ро ифода мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Куруши Кабир дар заминаи сарчашмаҳои муътамади илмиву таърихӣ муфассал бо забони фасеҳ аз таърихи зиндагӣ ва корномаҳояш ҳикоят мекунанд. Аз ҷумла, оид ба муҳорибаҳо, кишваркушоиҳо, муносибатҳои дипломатӣ, бурду бохти Куруши Кабир, хулосаҳои илмии Сарвари давлат дар мавриди мақом ва манзалати Куруши Кабир раднопазир аст. Муаллиф Куруши Кабирро ҳаргиз дар қатори забткорону ҷаҳонкушоёни маъруфи олам - Чингиз, Темур, Искандари Мақдунӣ намегузорад. Зеро Куруши Кабир дар муҳорибаҳову лашкаркашиҳо ҳаргиз ба қатли ом роҳ намедод ва дар риояи ҳуқуқи инсон беназир буд ва ӯро бунёдгузори аввалин давлати мутамаддини инсонӣ меҳисобанд. Хулосаи дигари Пешвои миллат дар китоб, ки низ бебаҳс аст, ин шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани Куруши Кабирро дар бунёди давлатдории дунявӣ дидаанд. Ба ибораи дигар, нахустин империяи пурқудрати давлати Форс ба шакли дунявӣ асос ёфта буд. Метавон собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари давлат ва усули давлатдорӣ дар кишвари мо дуруст ва барҳақ аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки “Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамлакатҳои Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳалли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат, ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дуюним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист...”.
Ин огаҳӣ аз таърихи пурғановати миллатамон ва шахсиятҳои таърихиву машҳурамон моро ба он водор менамояд, то бо чунин афкори инсондӯстонаву умумибашарии сулҳҷӯёна, ки дар вуҷуди гузаштагони мо реша доштааст, пайваста амал намуда, баҳри аҳлонияти оламиён ва зисту зиндагии бомарому осуда ва ҳуқуқу озодиҳои мардумон доим камар баста, дар фазои ваҳдатсароӣ умр ба сар барем, то намунаи беназир бар дигар кишварҳо бошем, ки ин ҳам ифтихори миллати мост. Дар Тоҷикистон боғи Куруши Кабир, имрӯз дар пойтахти мо бунёд гардидаву пайкараи ӯ фахру ифтихори миллати мо тоҷикон аст. Бояд ин макону боғи хушҳаво зиёратгоҳи ҳар тоҷикистониву тоҷикони Осиёи Марказӣ ва тамоми дунё бошад ва мо инро беш аз пеш бояд ташвиқу талқин намоем.
Зулфониён Раҳим
сардори шуъбаи номгузорӣ
ва танзими истилоҳоти КЗИНҲҶТ
31.02.2025