Натиҷагирӣ аз татбиқи сиёсати забонӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

ФАРҲАНГИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 2026

Вожаеро ворид намоед
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Феврал, 2026 - 18:53

Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ, назорат ва санҷиши вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин, таъмини амалисозии Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкил намудани гурӯҳи корӣ дар ҳайати шахсони зерин: директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума» назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа (роҳбари гурӯҳи корӣ), мудири бахши коргузорӣ ва назорати Кумита Абдуллоев Шариф Раҳматуллоевич ва сардори раёсати экспертизаи забоншиносии Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Фирӯз Ғайратҷон (аъзои гурӯҳи корӣ) дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода санҷиш гузаронид.
Дар ҷараёни санҷиш вазъи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба забони давлатӣ, сатҳи риояи қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат дар ҳуҷҷатнигорӣ, дурустии номгузории сохторҳо, сифати матнҳои расмӣ ва лавҳаву овезаҳо мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Зимни ҷамъбаст дастовардҳои назаррас дар самти гиромидошти забони давлатӣ ва талошҳои роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати таҳкими мақоми забон мусбат арзёбӣ шуданд. Ҳамзамон, баъзе камбудиҳои ҷузъӣ низ ошкор гардида, барои бартараф намудани онҳо ба садорати донишгоҳ тавсияву маслиҳатҳои мушаххас пешниҳод карда шуд. Тавсияҳо бештар ба такмили сатҳи таҳриру таҳияи ҳуҷҷатҳо, мутобиқ намудани матнҳо ба қоидаҳои амалкунанда, тақвияти назорати дохилӣ ва боло бурдани маърифати забонӣ равона гардиданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ роҳбари гурӯҳи корӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа суханронӣ намуда, доир ба асолат, покизагӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ андешаҳои пурмуҳтаво баён карданд. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ ва пояи ҳувияти миллӣ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад. Ба гуфтаи мавсуф, риояи меъёрҳои забон танҳо иҷрои як талаботи ҳуқуқӣ набуда, балки нишонаи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад. Қайд гардид, ки рушди устувори ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ бидуни эҳтиром ва нигоҳдории забони давлатӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ҳар як корманди соҳаи маориф ва илм вазифадор аст дар фаъолияти рӯзмарраи худ ба тозагӣ, саҳеҳӣ ва фасоҳати забон диққати ҷиддӣ диҳад.
Ин иқдом ҳамчун василаи муҳимми таҳкими сиёсати забонӣ дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ давра ба давра гузаронида мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория: