Ҷумъа, Июл 28, 2023

Озмун барои мансабҳои озод

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Июл, 2023 - 17:40

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1. Мутахассиси бахши умумӣ – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаи мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба назар гирифта мешавад;
    - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 1112 сомонӣ иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (дараҷа ва унвони илмӣ);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)