ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ЛИБОСИ ТОҶИКӢ
Либос дорои хусусиёти хос буда, дар рушду такомули ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори худшиносии инсон нақши муҳим мебозад. Либос дар замири инсон ҳисси зебоипарастӣ, озодагӣ ва хулқу рафтори ҳамидаро ҷой карда инсонро водор месозад, ки хушбину хушрафтор ва хушгуфтор бошад. Либос инъикосгари фарҳанг, одоб ва сатҳи камолоти инсон аст. Чандест, ки дар саҳифаҳои матбуот мақолаву андешаҳо оид ба сару либоси аъзоёни ҷомеа ба табъ мерасанд. Андешаҳо гуногунанд. Яке мехоҳад ба баҳс ҷомаи фалсафӣ пӯшонад ва ҳикматҳо мегӯяд, дигаре ба он ҷомаи мазҳабӣ мепӯшонад ва савумӣ мехоҳад, ки онро аз нигоҳи зебопарастии зоҳирӣ таҳлил намояд.
Фарҳанг ва оини либоспӯшӣ мавзуест доманадор ва бояд дар доираи силсилаи таҳқиқотҳои арзишманд баррасӣ шавад. Боиси таассуф аст, ки аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ доир ба таъриху фарҳанги либоспӯшӣ ва мақоми он дар ҳаёти мардуми тоҷик таҳқиқоти ангуштшумор анҷом дода шудаанд. Дар таҳқиқоти ҷойдоштаи муҳаққиқони тоҷик масъалаи либоспӯшӣ, ҷанбаҳои ахлоқиву равонӣ ва эстетикии он ба сифати масъалаи меҳварӣ омӯхта нашудаанд.
Мехостем, ки то дар чаҳорчубаи имконоти ақливу илмиву назарии хеш дар атрофи шинохти либоси миллии худ, худдорӣ аз зиёдаравиҳо дар либоспӯшӣ, андозаи ахлоқии истифода аз либос масъалагузорӣ намоем.
Либос на танҳо ниёзҳои сирф биологии инсонро қонеъ мегардонад, балки таъиноти иҷтимоиву маънавӣ ва фалсафӣ ҳам доштааст.
Даромад
Харита
Тамос






Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
