Панҷшанбе, Январ 30, 2025

БЕРУНӢ ВА ЁДКАРДИ ҶАШНИ САДА

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Январ, 2025 - 18:08

Ҳасани СУЛТОН,
узви вобастаи АМИТ

   
    Устодурраис Абурайҳони Берунӣ (973-1048) аз бузургтарин донишмандони миллии мо барои ҳамаи давру замонҳост. Бо камоли итминону ифтихор метавон гуфт, ки дар таърихи илму фарҳанги мо тарҳи масъалаи ҳувияти миллӣ ва  худшиносию худогоҳии эронию ориёӣ ба номи ӯ бастагӣ дорад.
Аз осори гаронмояи Берунӣ, аз ҷумла “Китоб-ут-тафҳим”, ки ба забони модарии мо таълиф кардааст, ҳисси ифтихори фаровонаш аз асолати эронию ориёӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳамин аст, ки донишманд ва арабшиноси маъруфи рус, академик И.Ю.Крачковский (1883-1951) бо таваҷҷуҳ ба матолиби китоби “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор”-и Берунӣ андешаи айни савобе пеш ронда буд, ки ҳанӯз аз ҳамин асар, ба сифати яке аз аввалин асарҳои Берунӣ ва пас аз он дар дигар осори баъдии ӯ, як ҷанбаи барои Берунӣ хос – эҳсоси амиқи “худшиносии эронӣ” ба дид меояд.
Абурайҳони Берунӣ дар осори мондагораш, ба хусус дар робита ба одобу русум ва ҷашну рӯзҳои маъруфи гузаштагони мо: ҷашнҳои Наврӯз, Наврӯзи нахустин, Наврӯзи бузург, Тиргон, Тиргони хурд, Тиргони бузург, Меҳргон, Меҳргони бузург, Парвардагон, Баҳмангон, Мардгирон, Гаҳанбор, Хуррамрӯз ё Навадрӯз, Озарҷашн, Ҷашни Нилуфар ва ғ., аз ҷумла дар бораи ҷашни Сада ва таърихи пайдоиши он тавзеҳи ҷолиб ва қобили мулоҳиза манзур кардааст.
 Аслан Сада аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мост, ки ҳамрадифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Тиргон қарор дорад ва дар фарҳангномаҳо ва осори назму насри пешиниёнамон зиёд ёд шудааст. Дар таърихи куҳани мардуми мо, панҷ моҳ, яъне аз оғози моҳи обон то анҷоми моҳи исфандро фасли сармо ё зимистони бузург ном мебурданд. Ҷашни Сада оғози коҳиш ёфтани фасли сармост, яъне сад рӯз пас аз оғози ҳамин фасли сармо ва панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз то ҷашни Наврӯз ҷашни Сада ё ҷашни оташ таҷлил мегардид. Сада дар фарҳангномаҳо, аз ҷумла “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “Луғатнома”-и Алиакбари Деҳхудо ва “Фарҳанги форсӣ”-и Муҳаммади Муин ғолибан ба маънии ҷашн аст, ки дар даҳи моҳи баҳман, яъне сад рӯз пас аз оғози зимистони панҷмоҳаи Эрони бостон баргузор мешуд… ва дар ин ҷашн мардум оташафрӯзӣ мекарданд.
Дар «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» омадааст, ки Сада мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ тайи маросими хосса анҷом мегирад.
Абулқосими Фирдавсӣ бунёд ниҳодани ҷашни Садаро ба Ҳушанги Пешдодӣ марбут дониста, чигунагии пайдоиши ин ҷашнро дар «Шоҳнома» тасвир кардааст. Фишурдаи тасвири ӯ ин аст, ки Ҳушанг бо гурӯҳе сӯйи кӯҳ рафт ва мори сиёҳи бузург дид. Санге ҷониби мор андохт. Санг ба мор нарасид, вале ба санги дигар бархурд ва аз бархурди ду санг оташ берун ҷаст. Ҳарчанд мор кушта нашуд, вале рози пайдо кардани оташ ошкор шуд. Ҳушанг шукри Яздон ба ҷой овард ва оташро ба сифати “фурӯғи эзадӣ” қиблаву маҳалли парастиш қарор дод. Чун шаб фаро расид, оташе чун кӯҳ барафрӯхт ва бо ёрон гирди он оташ бода хурду шодмонӣ кард ва ба ин тариқ ҷашни фархундаи Садаро бунёд ниҳод:
            Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
            Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
            К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
            Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)