Суханронӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2019 - 21:33
Суханронӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!

Ин лаҳзаҳо, ки ҳамаи мо дар остонаи ҷашни мубораки миллиамон - Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, хурду бузурги сокинони ноҳияи Рашт ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик мегӯям.

Ба кулли шаҳрвандони кишвар хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки асоси хушбахтии сокинони мамлакат ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, барору комёбӣ орзу менамоям.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.

Созишномаи умумӣ санади наҷоти миллат, кишвар ва давлати мо буда, натиҷаи музокироти қариб чорсолаи байни тоҷикон - мулоқоту машваратҳои роҳбарони давлат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, заҳмати ҳайатҳои музокиракунанда, кӯшиши кишварҳои нозир ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар натиҷаи ҷанги дохилии таҳмилӣ, ки дар оғози истиқлолияти давлатамон бо гуноҳи душманону бадхоҳони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба вуқӯъ пайваст, садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳи мо ба ҳалокат расида, даҳҳо ҳазор нафар модарону занон бесаробон ва кӯдакон ятим монданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон гуреза шуданд ва ҳазорон иншооти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат харобу валангор ва сӯхтаву нобуд гардиданд.

Дар чунин лаҳзаҳои ниҳоят вазнину фоҷиабор, ки мардуми тоҷик ташнаи сулҳу оромӣ ва қатъи ҷангу хунрезӣ буданд, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва баргузор гардид ва роҳбарияти нав интихобшудаи давлат масъулияти вазнини ба эътидол овардани вазъи мамлакатро ба дӯши худ гирифт.

Вазифаи муҳимтарин ва фаврии Ҳукумати навтаъсис ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани фаъолияти комилан фалаҷшудаи сохтору мақомоти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва таъмин намудани онҳо бо шароити зарурии зиндагӣ ва кор буд.

Дар ин раванд, фароҳам овардани фазои мусоид барои музокироти ҷонибҳо низ аз ҷумлаи корҳои аввалиндараҷаву бетаъхир ба шумор мерафт.

Мо музокироти сулҳро бо мухолифини мусаллаҳ бо талабу дархост ва майлу иродаи халқи азизамон, ба хотири қатъи хунрезиҳои даҳшатнок, ҳифзи ягонагии миллат ва нигоҳ доштани якпорчагии давлатамон оғоз кардем.

Дар раванди музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз чил моҳ дар кишварҳои гуногуни олам идома доштанд, мо чил санади муҳимро ба имзо расонидем.

Дар натиҷа баъди мухолифати мусаллаҳонаи беш аз панҷсола 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шуд.

Вобаста ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро бори дигар ба тамоми мардуми шарифи кишвар хотирнишон созам, ки Ҳукумати Тоҷикистон созишномаи сулҳро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо кард. Яъне мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ҳеҷ гоҳ ягон санад имзо накардаем.

Баъди имзои созишномаи сулҳ дар кишвар марҳалаи барқарорсозии оқибатҳои ҷанг шурӯъ шуд, ки саъю талоши Ҳукумати мамлакат дар давоми даҳ сол асосан ба ҳамин самт равона гардида буд.

Мо дар муддати кӯтоҳ беш аз як миллион нафар ҳамватанони гурезаву аз Ватан дурафтодаамонро ба маҳалли зисташон баргардонидем.

Барқарор кардани сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният, аз нав ба роҳ мондани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, барқарор намудани манзилҳои зисту иншооти сӯхтаву валангоршуда саъю талош ва вақту хароҷоти зиёдро талаб менамуд.

Ба туфайли сулҳу субот мо аз солҳои 2000-ум сар карда, пастравии иқтисодиро боздоштем ва дар мамлакат марҳалаи рушд оғоз гардид.

Дар ин давра барои расидан ба се ҳадафи муҳимми стратегӣ, ки мо ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ онҳоро дар саргаҳи кору иқдомоти худ барои даҳсолаҳои наздик қарор дода будем, ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда сафарбар карда шуданд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки ишора кардам, ваҳдати миллӣ ба василаи талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар барои густариш ёфтани сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва зеҳниву ақлонии мардум, дар навбати аввал, наврасону ҷавононро мунтазам баланд бардорем ва донишу ҷаҳонбинии дунявии онҳоро тавсеа бахшем.

Зеро дар оянда маҳз наврасону ҷавонон масъулияти давлатдориро ба уҳда мегиранд ва мо бояд онҳоро аз ҳоло барои иҷрои ин рисолати бузург омода созем.

Дар замони ниҳоят пуртазоди ҷаҳонишавӣ инсоният ба мушкилоту таҳдидҳои нав рӯбарӯ шуда истодааст, ки ҳаллу фасли онҳо танҳо тавассути ақлу хирад ва фарҳанги инсонпарварона имконпазир мебошад.

Аз ин рӯ, наслҳои имрӯзу фардоро зарур аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ҳарчи бештар муттаҳид бошанд ва нагузоранд, ки дар ҷомеа ғояҳои ифротиву ба фарҳанги мо бегона нуфуз пайдо карда, зиндагии орому осудаи сокинони мамлакатро халалдор созанд.

Мо бояд дар мафкураи мардум арзишу ормонҳоеро ҷой диҳем, ки таҷассумгари ҳадафҳои созанда бошанд ва на танҳо омили таҳкимбахши суботи сиёсӣ, балки воситаи муҳимми ҳимояи рукнҳои давлатдорӣ дар кишвар қарор гиранд.

Гузашти солҳо собит намуд, ки музокироти сулҳ роҳи асоситарини рафъи ихтилофоти дохилӣ ва асоси пешрафту ободии кишвар мебошад.

Беҳуда нест, ки ҳоло таҷрибаи сулҳу оштии миллии мо мавриди омӯзишу истифодаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷомеаи башарӣ қарор дорад.

Бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем.

Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем.

Ҳоло дар ҷаҳон илм бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва ҳар рӯз техникаву технологияҳои навтарин ихтироъ мешаванд.

Дар чунин шароит ба ҷавонони мо зарур аст, ки пойбанди расму ойинҳои хурофотӣ нашаванд, балки аз дастовардҳои муосири илму техникаи ҷаҳон огоҳии бештар пайдо кунанд, диду назар ва ҷаҳонбинии худро вусъат бахшанд, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гарданд ва ҳамқадами шоистаи замон бошанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.

Сохтмон ва таъмиру таҷдиди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ ва умуман, дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро имрӯз ҳар фарди огоҳи кишвар чун ойина дар пешорӯи худ мебинад.

Зикр бояд кард, ки иншооти бузурги бо заҳмати аҳлонаи мардум бунёдгардида на танҳо аҳаммияти иқтисодиву иҷтимоӣ, балки нақши бузурги милливу сиёсӣ низ доранд.

Зеро маҳз тавассути бунёди зерсохторҳои коммуникатсионӣ мо Тоҷикистони амалан чандпораро ба сарзамини воҳид табдил додем.

Воқеан, дар кишваре, ки минтақаҳои он то замони амалӣ гардидани ин дигаргуниҳои бузург тӯли 5–6 моҳ дар як сол аз ҳам ҷудо буда, мардум дар бораи ҳамдигар тасаввуроти кофӣ надоштанд, аз ваҳдати миллӣ сухан гуфтан мушкил буд.

Чунин вазъ, яъне ба ҳамдигар наздик набудани сокинони кишвар яке аз сабабҳои рух додани бадбахтиҳои ибтидои солҳои навадум ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, роҳу нақбҳо мардуми Тоҷикистонро ба ҳам пайваста, барои омезишу ҳамоиши миллӣ ва ташаккули фазои ягонаи арзишҳои миллӣ нақши калидӣ бозиданд.

Танҳо дар давоми солҳои 2000 - 2018 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ қариб 39 баробар ва ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 56 баробар афзуд.

Дар Паёми соли гузаштаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид.

Мувофиқи стратегияи миллии рушд то соли 2030 афзоиши бесобиқаи ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ шудааст.

Ин чунин маънӣ дорад, ки мо бояд дар ин давра садҳо корхонаи муосири саноатӣ бунёд карда, даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё созем ва содироти маҳсулоти тайёри саноатиро зиёд кунем.

Дар ин росто, танҳо соли гузашта 131 корхонаи нав ба истифода супорида шуда, аз соли 2015 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 84 фоиз афзоиш ёфт, яъне аз 13 миллиард сомонии соли 2015 қариб ба 24 миллиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуд.

Ҷашни ваҳдати миллӣ имсол дар шароите ҷашн гирифта мешавад, ки давлати мо ба як қатор дастовардҳои дорои аҳаммияти дохилӣ ва минтақавӣ ноил гардидааст.

Амалӣ гардидани ормони деринаи мардуми сарбаланду тамаддунсози Тоҷикистон ва рӯйдоди муҳимтарини таърихи навини кишварамон - ба кор даровардани агрегати аввали иншооти бузурги аср - нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” яке аз ин дастовардҳо мебошад.

Мо ният дорем, ки соли ҷорӣ дар рӯзҳои ҷашни истиқлолияти давлатӣ агрегати дуюми ин нерӯгоҳи азимро ба кор дароварда, дар роҳи таъмин намудани истиқлолияти энергетикии мамлакат боз як қадами устувор гузорем ва ба саноатикунонии кишвар, яъне ҳадафи чоруми миллӣ роҳи васеъ кушоем.

Бо ин роҳ мо ба рушди Тоҷикистони азиз такон бахшида, барои татбиқи ҳадафҳои стратегиамон заминаи боэътимод муҳайё месозем.

Солҳои наздик дар мамлакат барои таҷдиди роҳҳо, шабакаҳои обрасонӣ ва бунёди нерӯгоҳҳо татбиқи даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузории нав ба маблағи умумии миллиардҳо сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бешубҳа, барои расидан ба зиндагии шоиста мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамватанони гиромӣ!

Имсол ҷашни ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт баргузор мегардад.

Мафҳумҳои сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ барои сокинони водии Рашт бисёр арзишманд буда, онҳо қадру манзалат ва ҷойгоҳи ин неъматҳоро хуб медонанд.

Ин аст, ки мардуми шарифи Рашт аз сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатсози давлат бо тамоми ҳастии худ ҷонибдорӣ мекунанд.

Бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки дар натиҷаи ғамхориву дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва албатта, ба василаи заҳмату талоши ватандӯстонаи сокинон имрӯз симои ноҳияи Рашт куллан дигаргун шудааст.

Чунонки дар яке аз вохӯриҳои худ бо мардуми ин ноҳия изҳор дошта будам, ноҳия ва умуман, водии Рашт мардуми заҳматқарин, деҳқонони асил ва обу хоки зархез дошта, иқлими он барои парвариши ҳама гуна зироатҳои кишоварзӣ бисёр мувофиқ мебошад.

Қисми зиёди меваҳои шаҳдбори кишвар дар ин мавзеъ парвариш ёфта, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар харидори зиёд доранд.

Ноҳияи Рашт, инчунин, аз ҷумлаи мавзеъҳои зебои кишварамон буда, табиати ин макон даҳсолаҳост, ки диққати дӯстдорони саёҳат ва кӯҳнавардиро ба худ ҷалб кардааст.

Чунин имконияту шароити хуби табиӣ аз роҳбарону масъулони ноҳия, инчунин, аз соҳибкорони маҳаллӣ тақозо менамояд, ки барои ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ин гӯшаи зебои ватанамон пайваста саъю талош намоянд.

Солҳои 2007–2016 дар ноҳия танҳо тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ба маблағи 107 миллион сомонӣ беш аз 16 иншооти замонавии таъиноти гуногун бунёд гардидааст.

Умуман, дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт барои сохтмону таҷдиди иншооти гуногун қариб 500 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар ҳаҷми 360 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.

Танҳо дар зарфи се соли охир аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия 270 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Бар замми ин, аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар даҳ соли охир ба маблағи 310 миллион сомонӣ корҳои сохтмону барқарорсозӣ амалӣ гардидаанд.

Масъалаи бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ, ки то имрӯз дар ноҳия яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тавассути таҷдиду азнавсозии шабакаҳои обрасонӣ ва бунёди инфрасохтори зарурии захираву интиқоли об ҳаллу фасл шуда истодааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истеҳсоли меваю сабзавот, картошкаву ғалла ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб зиёд шуда, танҳо соли 2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи қариб 480 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Илова бар ин, таъкид месозам, ки дар ноҳия барои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла доир ба ташкили корхонаҳои коркард низ шароиту имкониятҳои хуб мавҷуданд.

Ҳукумати мамлакат аз ҷониби худ барои фароҳам овардани шароити муосири инфрасохторӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, маркази ноҳияро имрӯз ба як шаҳраки зебои замонавӣ мубаддал гардонидааст.

Ба фаъолият оғоз кардани Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ ва маҷмааи варзишии он, коллеҷи тиббӣ, азнавсозии шоҳроҳи Душанбе–Рашт–Ҷиргатол–Саритош, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ, бунёд гардидани варзишгоҳ ва дигар иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу беморхонаҳо, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва силсилаи биноҳои нави хизматрасониву маъмурӣ намунаи дастовардҳои ноҳия дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, қуллаҳои баланди кӯҳӣ, обҳои мусаффову шифобахш ва табиати нотакрори кишварро барои ҷалби бештари сайёҳон истифода бурда истодааст.

Тавре таъкид карда будам, ҳадафи асосӣ аз эълон гардидани солҳои 2019–2021 ҳамчун "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", пеш аз ҳама, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, яъне беҳсозии вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Дар ноҳияи Рашт низ дар робита ба "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ, дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва андешидани чораҳо дар самти инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ зарур мебошад.

Дар ноҳия ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангие мавҷуданд, ки метавонанд макони боздиди сайёҳону меҳмонон бошанд ва ҳамзамон бо ин, ба густариши ҳунарҳои миллӣ дар ин гӯшаи диёрамон мусоидат намоянд.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ амалӣ намудани ҳамаи чораҳои заруриро барои пешрафт ва ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон, аз ҷумла водии Рашт тавассути амалисозии стратегияву барномаҳои давлативу соҳавӣ ва минтақавӣ идома медиҳад.

Вазифаи ҳар як сокини бонангу номус ва соҳибкорони ноҳия аз он иборат аст, ки дар доираи чорабиниҳои истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ ин раванди ободкориро идома диҳанд ва ҳамаи имкониятҳои худро барои аз имрӯза зеботар гардонидани диёри худ сафарбар намоянд.

Соҳибкорон ва фарзандони ҳимматбаланди ноҳия низ, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият мекунанд, метавонанд бо иқдомоти созандаашон дар ободии зодгоҳашон ва ҳалли мушкилоти ҳамдиёрони худ саҳми арзишманд гузоранд.

Имрӯз тамоми шаҳрвандони огоҳу солимфикри мамлакат вазифадоранд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибватаниро ба ҷо оварда, ҳар як иқдоми ободгаронаву созандаи худро ба номи Ватан ва миллат, ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории навинамон ва таҳкими нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ анҷом диҳанд.

Дар ин раванд зарур аст, ки ҳувияту худшиносии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба ҷузъҳои муҳимтарину таркибии андешаи миллии мардуми мо табдил дода шаванд.

Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест, балки барои ноил шудан ба ин мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу биниши амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маърифату фарҳанги мукаммал зарур аст.

Мо ҳанӯз дар пеш масъалаву мушкилоти зиёд дорем, ки барои ҳаллу фасли онҳо ва ба қатори кишварҳои пешрафтаи дунё баровардани Тоҷикистони азизамон бояд аҳлонаву сарҷамъона заҳмат кашем.

Шубҳае нест, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматпешаи ноҳияи Рашт дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ба шукронаи фазои орому осудаи кишварамон барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандаву ободгарона саъю талош хоҳанд кард.

Итминони комил дорам, ки муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва мардуми моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои бузургу тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату нерӯ ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Бо эътимоду қаноатмандӣ бори дигар иброз медорам, ки барои инкишофу ободии минбаъдаи кишвари азизамон ҳамаи захираву имкониятҳо мавҷуданд.

Иқтидори асосӣ ва захираи бузургтарини Тоҷикистон мардуми заҳматкаш ва бонангу номуси он мебошад.

Бовар дорам, ки тамоми мардуми тамаддунсозу шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Рашт минбаъд низ рисолати муқаддаси худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ва тақвияти иқтидори давлати соҳибихтиёрамон содиқона иҷро карда, ҳамаи кӯшишу талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватандорӣ тарбия кардани фарзандон сафарбар менамоянд.

Дар ин рӯзи фархундаву муборак бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинони ватандӯст ва ҳимматбаланду меҳмоннавози ноҳияи Рашт ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба муносибати ҷашни ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан саломатӣ, сулҳу осоиш ва рӯзгори ободу пурсаодат орзу менамоям.

Бигзор, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвари азизи мо ҳамеша пойдор ва истиқлоли миллати озоду сарбаланди тоҷик ҷовидон бошад!

Ҳамеша саломату сарфароз ва бахтёру комгор бошед, ҳамватанони азиз!

Ҷашни ваҳдати миллӣ муборак бошад!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: