Шанбе, Октябр 5, 2024

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2024 - 12:18

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки дар миёни ҷашнҳои давлативу миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати хосса дорад, самимона табрик мегӯям.

Масъалаи таваҷҷуҳу ғамхории пайваста нисбат ба забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ва густариш бахшидан ба доираи истифодаи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар сиёсати давлати мо аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз яке аз масъалаҳои афзалиятнок ва аввалиндараҷа мебошад.

Яъне имрӯз забони давлатӣ, ки дар умқи таърих реша дорад, зери ҳимояи бевоситаи давлат қарор дошта, барои рушду пешрафт ва истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё мебошанд.

Дар ин замина, бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат давра ба давра ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030» қабул ва амалӣ шуда истодаанд, ки ба татбиқи саривақтии муқаррароти қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидаанд.

Вале ин нуктаро низ ёдовар бояд шуд, ки забони давлатӣ ба ғамхориву пуштибонии доимӣ на танҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, балки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кулли сокинони мамлакат ниёз дорад, зеро рушди пайваста ва ҳамаҷонибаи он рамзи устувориву пойдории давлат ва истиқлоли сиёсии мо дар замони пурошӯби имрӯза мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.5 (2 овоз)