Забон - шиносномаи миллат

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Май, 2024 - 15:34

7-уми майи соли 2024 аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода семинар-машварати омўзишӣ оид ба гиромидошти забони давлатӣ таҳти унвони «Забон - шиносномаи миллат» баргузор гардид. Дар семинар-машварати зерин раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Турсунзода, директори муассисаи мазкур, номзади илмҳои филологӣ Сафарзода Хуршед ва донишҷӯёну устодони муассиса иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳои муҳимми соҳавӣ, аз ҷумла, корбурди Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат дар раванди коргузорӣ, шаклҳои истилоҳсозӣ, меъёрҳои номсозии тоҷикӣ ва номгузории фарзандон дар асоси фарҳанги миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода дар рафти суханронї зикр намуд, ки эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Забони давлатӣ ва эҳтиром гузоштан ба он аз ҷумлаи арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб шуда, гиромидошти забони давлатӣ ҳамчун як рукни арзишманд дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар анҷоми чорабинӣ маъмурияти муассисаи таълимӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумита қадрдонӣ гардида, ҷиҳати ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи илмӣ-адабии муассиса аз ҷониби Кумита китобҳои соҳавӣ тақдим карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: