Конференсияи ҷумҳуриявӣ (19-уми сентябри соли 2014)

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 19 сентября, 2014 - 18:36 пользователем Ҳайати тадорукот
Конференсияи ҷумҳуриявӣ (19-уми сентябри соли 2014)

Конференсияи ҷумҳуриявӣ
(19-уми сентябри соли 2014)
«ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИСТИЛОҲОТ»

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюм” аз 3-юми июли соли 2014, №424, мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 тасдиқ гардидааст, ҳамчунин, мувофиқи дастури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми июли соли 2014, №26/14-17 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми сентябри соли 2014, баргузор намуд, ки дар он 100 нафар муҳаққиқону донишмандон, аз ҷумла, намояндагон аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ниҳоду пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои чумҳурӣ, ҳамчунин, намояндагони Воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири калони ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мансур Суруш зимни суханронии худ иштирокдорони Конференсияро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.

Дар Конференсия 12 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ, илмҳои тиббӣ, иқтисодӣ, техникӣ, ва нуҷум мавриди баррасӣ қарор гирифт: «Танзим ва ташхиси истилоҳот дар мисоли як намуна аз вожаи форсӣ-тоҷикӣ» (узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов), «Назаре ба усулҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ» (доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода), «Танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти анатомӣ дар забони тоҷикӣ» (доктори илми тиб Убайдулло Қурбонов, номзади илми филология, дотсент Абдулло Юсупов), «Оид ба рақобати истилоҳоти миллӣ ва байналмилалӣ» (доктори илми филология Назрӣ Офаридаев аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Хорӯғ ба номи Моёншо Назаршоев), «Монеаҳо дар роҳи эҳёи истилоҳот ва истилоҳотофаринӣ» (номзади илми филология Шаҳбоз Кабиров аз ДМТ), «Вазъи истилоҳнигории забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолият» (доктори илми филология Мирзоҳасан Султонов аз Бонки миллии Тоҷикистон), «Мавқеи истилоҳоти дипломатӣ дар забони тоҷикӣ» (доктори илми филология, Ҳалимҷон Саидов аз ДМТ), «Таҳлили вожаҳои суғуртавӣ» (номзади илми иқтисодӣ, Насриддин Шаропов аз Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Мушкилоти истилоҳоти забоншиносӣ» (номзади илми филология, дотсент Сулаймон Анварӣ аз (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), «Мавқеи истилоҳоти байналмилалӣ дар осори Фарзона» (Гулбаҳор Шералишоева аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд), «Мухтасар дар бораи инкишофи истилоҳоти муосири техникӣ» (номзади илми филология, дотсент Тӯхта Ҷӯраев аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ), «Шоҳнома ва рушди истилоҳоти забони тоҷикӣ» (Озода Кенҷаева аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ).

Пас аз баррасии маърӯзаҳо Тавсияномаи Конференсия қабул карда шуд:

1) Таҳқиқ ва омӯзиши назария ва амалияи истилоҳсозӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо тақвият дода шавад.

2) Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ҷиҳати тақвияти забони давлатӣ ҳамчун забони илм тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шавад.

3) Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо барои таҳияи фарҳангҳои решашиносӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

4) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо барои таҳия ва нашри вожаномаю фарҳангномаҳои тахассусӣ ҷалб карда шавад.

5) Таҳқиқ ва омӯзиши фарҳангҳои дар замони Истиқлолият нашршуда дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ба роҳ монда шавад.

6) Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ҷиҳати таъмини китобхонаҳо бо фарҳангҳои дар замони Истиқлолият нашргардида тадбирҳои зарурӣ андешад.

Зикр намудан бамаврид аст, ки ки Тавсияҳои Конференсия ба вазорату идораҳо ирсол гардида, иҷрои он таҳти назорат қарор мегирад.

Мақсад аз баргузории Конференсия ба пояи забони илм баланд бардоштани забони тоҷикӣ ва густариши он дар соҳаҳои мухталифи илму фан буда, чунин иқдому чорабинӣ соли савум аст, ки дар Кумита баргузор гардида, маводи Конференсия дар шакли маҷмӯа нашр мегардад. Дар интиҳо, пас аз баррасии Ҳайати Комиссияи озмуни « Мақолаи беҳтарин»-и Конференсия муаллифони беҳтарини озмун муқаррар гардида, ғолибон бо туҳфаҳои пулӣ қадр карда шуданд.

Ҷои якум ба доктори илми филология Додихудо Саймиддинов барои мақолаи «Танзим ва ташхиси истилоҳот дар мисоли як намуна аз вожаи форсӣ-тоҷикӣ» бо маблағи 1500 сомонӣ (сарпараст – ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”).

Ҷои дуюм ба доктори илми филология Назрӣ Офаридаев аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Хорӯғ ба номи Моёншо Назаршоев барои мақолаи «Оид ба рақобати истилоҳоти миллӣ ва байналмилалӣ» бо маблағи 1000 сомонӣ (сарпараст – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ҷои сеюм ба Озода Кенҷаева аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ барои мақолаи «Шоҳнома ва рушди истилоҳоти забони тоҷикӣ» бо маблағи 500 сомонӣ (сарпараст – ҶСК “Амонатбонк”) сазовор дониста шуд ва туҳфаҳо ба олибон бо тантана супорида шуд.

Рейтинг контента: 
1
Средняя оценка: 1 (1 голос)

Категория: