Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзномаҳои даврӣ»

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 2 ноября, 2017 - 13:32 пользователем Ҳайати тадорукот

«Забони давлатиро дар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, аз ҳама қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ бояд озод кард».

 Эмомалӣ Раҳмон

Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.

Ҷиҳати танзими истифодаи забони давлатӣ ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Дар Қонуни мазкур дар моддаи 3-и банди 6 ба таври дақиқ муайян шудааст, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

Барои тақвияти истиқрори фарҳанги миллӣ ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон пояҳои забони миллиро устувор кардан зарур аст.

Барои ба ин ҳадафҳо расидан Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар аз 20-уми марти соли 2017 ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба баргузории ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар толори Академияи ВАО бо иштироки намояндагони вазоратҳои фарҳанг ва маориф, устодони мактабҳои олӣ, намояндагони муассисаҳои кишвар, масъулони рӯзномаҳои даврӣ, намояндагони ВАО ва кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июни соли 2017, мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзномаҳои даврӣ» баргузор намуд.

Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар, ин доир ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», фасоҳати забони давлатӣ, риояи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, корбурди дурусти истилоҳоти соҳавӣ, инчунин рисолати таърихии забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ буда, ҳамзамон, мизи мудаввар дар иртибот ба вохӯрии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 1-уми марти соли 2016 бо кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи шабакаҳои телевизионии «Варзиш», «Синамо» ва Академияи ВАО баргузор гардида буд, инчунин, ҳангоми вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар аз 20-уми марти соли равон дар Сухарониҳои Сарвари давлат ва супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 оид ба татбиқ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» риояи меъёрҳои забони адабиро дар матбуоти даврӣ зери назорат гирифта, оид ба камбудиҳои рӯзноманигорон, навишти ғалат, риоя нагардидани савтиёти овоии тоҷикӣ, истифодаи истилоҳҳои нодуруст дар забони рӯзномаҳои даврӣ мавриди муҳокима қарор медиҳад.

Рейтинг контента: 
5
Средняя оценка: 5 (1 голос)