Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи байналмилалии «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ»

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 2 ноября, 2017 - 13:35 пользователем Ҳайати тадорукот

«Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт».

Эмомалӣ Раҳмон

Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Дар ин замина ҳанӯз 1100 сол пеш ба сулолаи Сомониён муяссар шуда буд, ки дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон бори нахуст дар таърих давлати мутамарказ ва миллии тоҷиконро бунёд намояд.
Ташаккул ва паҳншавии босуръати забони тоҷикӣ дар асрҳои IX-X на фақат ба инкишофи минбаъдаи халқи тоҷик мусоидат намуд, балки эътибори ин забон гувоҳномаи ҳуввияти миллии тоҷикон гардид. Дар минтақаҳои пайдоиш ва густариши ин забон номи тоҷик низ мақоми таърихӣ пайдо кард ва устувор гардид.
Пас аз сукути сулолаи Сомониён, ҳарчанд халқи тоҷик аз давлатдории худ маҳрум гардид, вале забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми поянда дошт. Тамоми корҳои ташкилу танзими давлатдорӣ, низоми мамлакатдорӣ, идораи девону дафтар, коргузорӣ маҳз бо забони тоҷикӣ сурат мегирифт. Пеш бурдани сафорату тиҷорат, танзими дахлу харҷ, таҳкими пояҳои иқтисоди кишвар, сарварии ҳавзаҳои илмию адабӣ ва ғайра суннати соф тоҷикона дошт.
Таъкид кардан баҷост, ки дар рӯзгори давлати Темуру Темуриён (1369-1585) ва Темуриёни Ҳинд (1526-1587) доманаи корбурд ва густариши ин забон боз ҳам фарохтар гардид. Табиист, ки забони расмии муносибати дипломатӣ байни империяи Темур ва кишварҳои Аврупо ғолибан забони форси тоҷикӣ буд ва як номаи асли боқимондаи Темур ба шоҳи Фаронса Карли VI де Валуа (1380-1422), ки дар таърихи 15-уми июни соли 1403 иншо шудааст, ин воқеиятро таъйид менамояд.
Ҷиҳати танзими истифодаи забони давлатӣ ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Боби 6-уми Қонуни мазкур маҳз ба истифодаи забони давлатӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда, забони гуфтушунидҳо ва мукотибот, забони фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ, забони шартномаҳои байналмилалӣ ва забони пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони хориҷӣ ба таври дақиқ муайян шудаанд.
Сиёсати давлатӣ дар бораи забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо, новобаста аз мақоми ҳуқуқии онҳо ва шумораи мардумоне, ки ба ин забонҳо гуфтугӯ мекунанд, амалӣ карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати давлатӣ дар бораи забон буда, 30-юми июни соли 2012, таҳти рақами 335 «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016»-ро тасдиқ намуд. Яке аз вазифаҳои асосии Барнома ин робита бо марказҳои илмии ҷаҳон дар масоили таърихи забони тоҷикӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ бо кишварҳои ҳамзабон мебошад.
Барои ба ин ҳадафҳо расидан Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 48-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016, №99 ва банди 1- уми боби VI Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» аз 30-юми июни соли 2012, №335 дар бораи ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷӣ - олимону донишмандони ҳавзаҳои форсизабон, давлатҳои муштаракулманофеъ, тоҷикзабонони Осиёи Марказӣ ва Аврупо инчунин, намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ҷамъиятҳо, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО Конференсияи илмию амалии байналмилалиро таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» баргузор намуд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби оқои Ҳасан Қарибӣ, устоди Донишгоҳи ҷомеи исломии Деҳлӣ - профессор Қамар Ғаффор, раиси Донишгоҳи «Дунё»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Махдум Раҳин ва устодони Донишкадаи забони русии Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Пекин ҷаноби Хэ Фан, хонум Сай Хувэй ва намояндаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Мансур Парҳезгор (Британияи Кабир) ҳамчунин, донишмандон аз кишварҳои Чин, Афғонистон, Олмон дар суханрониҳои хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании ин забон ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон мебояд фаҳмид. Зеро барои ба ин мақсадҳо ноил гаштан доираи омӯзиш ва таълими ин забонро дар кишварҳои олам бояд васеъ намуд.
Дар Конференсия 13 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар мавзӯи «Пешинаи таърихии корбурди забони тоҷикӣ дар мукотиботи байналмилалӣ», - доктори илмҳои филологӣ Мирзо Ҳасани Султон (Бонки миллии Тоҷикистон), «Доир ба иқтибоси истилоҳҳои форсӣ-тоҷикӣ дар забони русӣ» -доктори илмҳои филологӣ Тӯхта Ҷӯраев (Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ), «Омӯзиши забони тоҷикӣ дар дунёи имрӯз» - номзади илмҳои филологӣ Худоёров Раҷабалӣ (Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон), «Вазъи дирӯзу имрӯзи забони форсии тоҷикӣ дар муҳити тоҷикони Чин»- профессор Шаҳбоз Кабиров, номзади илмҳои филологӣ Хуршед Кабиров (ДМТ), «Забони тоҷикӣ дар хориҷа»- доктори илмҳои филологӣ Туғрал Шокиров (Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон), «Сайри аносири луғавӣ ва ёвари форсӣ-тоҷикӣ дар бархе аз забонҳои туркӣ»- доктори илмҳои филологӣ Абдуҷамол Ҳасанов (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) ва «Густариши забони тоҷикӣ дар сарзаминҳои дур ва наздик»- раиси Департаменти дарии Донишгоҳи Кобул Азима Маҷид (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) маърӯза намуданд.
Забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад ва тамоми мардуми форсизабони дунёро бо ҳам мепайвандад. Забони тоҷикӣ-форсӣ дар баробари забони давлатии кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон будан, инчунин, дар як қатор давлатҳои аврупоиву шарқӣ ба монанди Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Канада, Чехия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва ғайра омӯзонида мешавад ва дар ин кишварҳо нашрияҳо бо забони тоҷикӣ-форсӣ табъу интишор мешаванд, ки ин аз густариш ёфтани забони тоҷикӣ-форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дарак медиҳад.
Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони Конференсия Тавсияномаи он қабул гардида, бо дарназардошти дурнамои таҳқиқи муқоисавии ин забон дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ баҳри рушду густариши забони тоҷикӣ-форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва мақоми он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими омӯзиши ин забон дар кишварҳои хориҷӣ ва таъсиси Марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ-форсӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ҳамгунсозии истилоҳоти ҳавзаҳои форсизабонон, омӯзиши муқоисавии таърихии забонҳои мардумони эронизабон ва дигар ҳамкориҳо дар ин самт бо баргузории силсилаи анҷуману семинарҳо ба нақша гирифта шуд.

Рейтинг контента: 
5
Средняя оценка: 5 (1 голос)