Барои ВАО: Фишурдаи гузориш аз ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 (ш. Душанбе 14.02.2018)

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 14 февраля, 2018 - 15:58 пользователем Ҳайати тадорукот
Шарофзода Гавҳар - Раиси Кумитаи забон

Фишурдаи гузориш аз ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 (ш. Душанбе 14.02.2018)

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина фаъолиятро дар самти сиёсати давлат дар бораи забон амалӣ намуд.
Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита маҳсуб мешавад.
Аз ин рӯ, бо мақсади иҷрои дастуру супоришиҳо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4, Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 ҷиҳати иҷрои бечунучарои ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ бо муроҷиати Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” аз 23-юми январи соли 2017, №6 гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ороиши пойтахт ва рекламаву тарғибот дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст, ки дар он корманди Кумита намояндагӣ мекунад. Гурӯҳи кории мазкур дар ҳамкориҳо то имрӯз 396 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ҷиҳати забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онҳо баррасӣ ва мувофиқа намудааст.
Қобили зикр аст, ки дар ҳамин давра дар асоси супориши раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба танзим даровардани низоми реклама дар кӯчаҳои марказию протоколӣ ва бартараф намудани камбудиҳои намоиши рекламаҳо дар назди бозорҳо, Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” гурӯҳи кориро бо ҷалби намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ, шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҲҶТ дар шаҳри Душанбе, Раёсати андози шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт таъсис дод, ки дар ин гурӯҳ корманди Кумита низ сафарбар шуд. Гурӯҳи мазкур 100 адад маводи иттилоотӣ ва рекламавии ташкилоту муассисаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва тарабхонаву ошхонаҳоро мавриди санҷишу баррасӣ қарор дода, барои бартараф гардидани камбудиҳо дар иртибот ба иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур ва талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ муҳлати кӯтоҳтарин муқаррар карда шудааст. Инчунин, дар ин санҷиш зиёда аз 10 адад номгӯю маводи иттилоотӣ ва таблиғотии марказҳои хизматрасонии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки манъ гардидааст, бартараф карда шуд.
Бо мақсади омӯзиши номҳои мавзеъҳои ҷуғрофӣ, ки ба талаботи забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд аз 20-ум то 30-юми апрели соли 2017 роҳбарият ва кормандони Кумита дар ҳамкорӣ бо мутахассисони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар шуда, номҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва ғайра дар асоси моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш ва омӯзиши қарор гирифт. Барои ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ намудан ва эҳё намудани номҳои ҷуғрофӣ дар ҷумҳурӣ дар назди Кумита гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Аз 10295 номҳои дар таҳқиқ қарордошта, 1566 номи ғайримеъёр, аз ҷумла, 836 деҳа, 58 ҷамоат, 672 номи чарогоҳҳо, кӯҳҳо, чашмаҳо, дараҳо, пулҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва дигар мавзеъҳо барои иваз пешниҳод карда шуданд. Бо дарназардошти масъалаи такрори номҳо ва номгузорӣ ба номи ашхос, ҳамчунин, сарфи назар гардидан ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин аз хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ, зисту зиндагонии мардум тағйири номи 50 маҳалли аҳолинишин ва ҷамоатҳои деҳотро рад намуда, 46 номи ҷуғрофӣ барои омӯзиш ва баррасӣ ба гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ пешниҳод карда шуда буданд ба номгузории 148 деҳаву маҳалҳои аҳолинишин ва 29 номи шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, 2 Хонаи фарҳанг ва 3 номи кӯча (ҳамагӣ 182 адад) хулоса пешниҳод гардид, ки ин нишондод дар муқоиса аз соли гузашта 91% зиёд аст.
Дар асоси Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 ҳамзамон, банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» тибқи фармоиши раиси Кумита соли 2017 гурӯҳи корӣ оид ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти раёсату шуъбаҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, раёсатҳо ва шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, студияҳои «Фаридун», «Муҳаммад», «Суғдвидео», шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан, бозори марказии он инчунин, шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси ноҳияи Зафарободи Суғд, шуъбаю бахшҳои «Рекламаи берунии шаҳри Душанбе», ҶДММ «Тродат» ва ҶДММ «Толе» тибқи Номгӯи барномаи санҷишӣ мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он ба муассисаи мазкур санад барои ислоҳи камбудиҳо пешниҳод гардид. Тибқи фармоиши раиси Кумита гурӯҳи корӣ вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар фаъолияти шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ванҷу Дарвози ВМКБ-ро вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи Номгӯи барномаи санҷишӣ мавриди санҷиш қарор дод. Қобили зикр аст, ки аз натиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ санад таҳия гардида пешниҳод карда шудааст.
Ҳамзамон, дар асоси фармоиши раиси Кумита гурӯҳи корӣ, вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» мавриди санҷиш қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо санад тартиб дод. Дар баробари ин, тибқи фармоиши раиси Кумита гурӯҳи корӣ, вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Ёвон санҷида аз камбудиҳои ҷойдошта санад тартиб дода шуд. Санҷиши вазъи Қонуни мазкур дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби мутахассисони Кумита бори аввал буда, давраи солҳои 2016-2017-и фаъолияти мақомот, шуъбаҳои маориф ва баъзе муассисаҳои таълимии он, нозироти андоз, Бозори марказӣ ва Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита мавриди санҷиш қарор дода шуд. Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ дар муҳлати муқарарнамудаи қонунгузорӣ 8 санад ба масъулони субъектҳои хоҷагидор аз натиҷаи санҷиши вазъи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, санад барои ислоҳи камбудиҳо ба мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, дар Раёсати андоз, Сарраёсати омор бозори Марказии шаҳри Қурғонтеппа, Раёсати маориф ва сохтори МИМҲД-и вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ санҷиш гузаронида, барои ислоҳи камбудиҳо санад тартиб дод. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ташкилоту муассисаҳои он, раёсати маориф, шуъбаи омор, нозироти андоз, аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита мавриди санҷиш қарор гирифта, санад барои ислоҳи камбудиҳо пешниҳод шуд.
Кумита дорои сомона (kumitaizabon.tj) буда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба таври доимӣ фаъол аст ва аз сафҳаҳои «Асосӣ», «Ахбори рӯз», «Кумита», «Қонунгузорӣ», «Фаъолият», «Забоншиносӣ», «Ихтиёриён», «Робитаҳои электронӣ», «Фарҳангҳо», «Истилоҳот» ва «Китобхона» иборат мебошад. Ҳар як саҳифа ба қисматҳо ҷудо гардида, маводи ҷудогонаро дар бар мегирад. Муштариён имкон доранд, ки бо истифода аз сафҳаҳои мазкур доир ба саволҳои худ посухи дурусту мушаххас бигиранд. Аз ҷумла, дар сафҳаи «Кумита» хонанда метавонад ҳама гуна маълумот, мавод ва сарчашмаҳои мансуб ба фаъолияти Кумитаро дастрас намояд. Дар саҳифаи «Забоншиносӣ», ки аз зерсаҳифаҳои «Истилоҳот», «Экспертиза», «Олимони забоншиноси тоҷик» ва «Забонҳои Тоҷикистон» иборат аст, иттилои фаровон доир ба забоншиносони тоҷик ва забонҳои Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст. Баъд аз таҷдиди сомонаи Кумита шурӯъ аз 14.11.2017 то имрӯз шумораи хонандагони сомона 700 маротиба зиёд шудааст. Қобили зикр аст, ки дар сомонаи Кумита хизматрасонии онлайн (дар ҳолати электронӣ) барои номгузорӣ ба фарзанд ва номгузории ташкилоту муассисаҳо ба роҳ монда шудааст. Дар чанд моҳи охир даҳҳо аризаи электронӣ ворид шудаанд, ки тавассути онлайн ҷавоб фиристода мешавад. Барои боз ҳам беҳбуд бахшидан ва эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ дар сомонаи Кумита саҳифаи нави “Кишвари бехато” кушода шудааст, ки ҳар як шаҳрванд минбаъд метавонад дар рушди забон саҳмгузор буда, барои тозаю озода нигоҳ доштани забони давлатӣ дигаронро низ талқин намояд.
Қобили зикр аст, ки Кумита дар рушду густариш ва истилоҳоти соҳаи варзиш бо МД Телевизиони “Варзиш” ҳамкории доимиро ба роҳ мондааст, ки то ин давра 92 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футбол ба тоҷикӣ гардонидаву ҳамгун сохта ва пешниҳод гардиданд, ки онҳо тариқи барномаи “Вожаварз”-и МД телевизиони “Варзиш” ҳар ҳафта ба тамошобинон манзур мегардад.
Ҳамчунин, пешниҳоди вожаҳои ғалат ва шакли дурусти он ва номҳои миллии тоҷикӣ дар асоси Феҳристи миллӣ барои барномаи «Субҳ»-и Телевизиони “Тоҷикистон” аз ҷониби кормандони Кумита мунтазам пешниҳод мегардад, ки то имрӯз шумораи онҳо ба 550 адад мерасад.
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти судӣ вобаста ба риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 319 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 60720 сомонӣ ҷарима таъин гардидааст, ки ба фоидаи давлат рӯёнида мешавад.
Кумита дар соли 2017 зиёда аз 54 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои зерқонунӣ ва ғайра мавриди экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот қарор дод.
Ҳамчунин, Кумита дар соли 2017 90 номгузории фарзанд ва ивази ному насаби тоҷикиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, хулосаи экспертизаи забоншиносиро пешниҳод кардааст, ки аз он 55 муроҷиат оид ба номгузории фарзанд дастгирӣ ёфта, 35 номгузории дигар рад гардид.
Дар ҷамъбасти соли 2017 15 фарҳангнома (дар соҳаҳои техникӣ варзиш, кишоварзӣ, байторӣ, илмҳои дақиқ, ҳарбӣ, сохтмон ва меъморӣ) дар ҳаҷми 53 343 истилоҳ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Инчунин, ба номгузории 67 ташкилоту муассисаҳо аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хулоса пешниҳод гардидааст, ки ин дар муқоиса ба соли гузашта 52% зиёд аст.
Кумита ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва “Соли Ҷавонон” Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Нақши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» рӯзи 23-юми июни соли 2017 дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 85 нафар олимону муҳаққиқон иштирок намуданд ва дар охир аз натиҷаи Конференсия тавсиянома қабул гардида, ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда шуд. Дар асоси банди 48-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016, №99 дар бораи ҳимоя ва рушди забони давлатӣ дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо иштироки олимону донишмандон, намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ҷамъиятҳо, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Кумита дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми июни соли 2017, №283 «Дар бораи Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2017, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Умри миллат ба умри забон вобаста аст» дар ҷумҳурӣ аз 5-уми сентябр то 10-уми октябри соли равон давраи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ташкил намуд.
Доир ба бандҳои Нақшаи мазкур, роҳбарият ва кормандони Кумита 5-уми октябри соли 2017 дар ҳамоиши илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси якҷояи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳот, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Инчунин, дар ҳамин сана чорабинии фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» баргузор гардид, ки дар он кормандони вазорату идораҳои мазкур, мактабҳои олӣ, донишҷӯён ва роҳбарони муассисаҳо иштирок намуданд.
Тибқи банди 5-и Нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон» ва Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Умри миллат ба умри забон вобаста аст» кормандони Кумита дар барномаҳои сиёсӣ ва фарҳангии муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Телевизиони Тоҷикистон», «Телевизиони Душанбе», «Телевизиони Синамо» ва радиои «Тоҷикистон», ки вобаста ба сиёсати забони давлатӣ бахшида ба Рӯзи забон доир гардид, иштирок намуданд. Роҳбарият ва кормандони Кумита дар ин муддат дар 156 барномаҳои телевизиониву радиоӣ иштирок доштанд.
Ба хотири рушду густариши забони давлатӣ ва ташаккули сатҳи забономӯзии хонандагон, инчунин, бо мақсади баланд бардоштани сифати муҳтавои китобҳои таълимӣ мусаввадаи китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» барои синфҳои 2 то 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русии ҷумҳуриро мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор дода, эроду тавсия ва пешниҳоди худро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Дар асоси банди 4-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 2016, №325 китоби “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” ба миқдори 10 000 адад нашр гардид ва Кумита соли равон китоби “Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ”-ро низ ба чоп супорид, ки нусхаи ниҳоии он чоп шуд.
Ҳамзамон, дар соли 2017 145 адад фармоиши раиси Кумита ба тасвиб расида, 1349 муроҷиати хаттӣ, тавассути телефон ва зимни қабули шаҳрвандон пешниҳод гардид, ки ҳамаи онҳо баррасӣ шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид. Муроҷиатҳо тавассути телефон, шабакаи интернет ва дар ҷараёни қабули рӯзҳои шанбе ба Кумита ворид гардида, аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Кумита сари вақт баррасӣ гардида, ба муроҷиаткунандагон дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷавобҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.
Дар соли 2017 ба Кумита 953 мактубу дархост ва барқияи телефонӣ, аз ҷумла, 233 мавод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 512 мавод аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, 59 адад барқия ва 169 аризаи хаттӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ба Кумита ворид гардида, ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки аз Кумита 845 мактуб, барқияи телефонӣ ва пешниҳоду хулосаҳо, аз ҷумла, 152 мактуб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 693 адад ба вазорату идораҳо ирсол гардидааст.
Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва сатҳи дониши касбии хизматчиёни давлатӣ ва таъмини мувофиқати онҳо ба мансаби ишғолнамуда тибқи банди 17-и Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008, №468 тасдиқ карда шудааст дар соли 2017 бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар кормандон аз аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ гузаронида шуданд.
Дар доираи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми апрели соли 2008, №443 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ» бо фармоиши раиси Кумита ба 9 нафар хизматчии давлатӣ рутбаи тахассусӣ дода шуд. Ҳамзамон, дар соли 2017 як нафар корманди Кумита бо мукофоти давлатии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Кумита дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорат ва татбиқи муассири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат ҷиҳати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила устувор намудани пояҳои он чораҳои муассир меандешад.

Рейтинг контента: 
5
Средняя оценка: 5 (2 голос)