Забони яғнобӣ

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 2 мая, 2018 - 11:46 пользователем Ҳайати тадорукот

Забони яғнобӣ
Забони яғнобӣ (yaγnobi zivok) ба забонҳои эронии гурӯҳи забонҳои шимоли шарқӣ мансуб аст. Ин забон идомаи таърихии як лаҳҷаи кӯҳистонии шохаи Уструшанаи забони суғдист, ки ба сабаби дар инзивои кӯҳистон қарор доштани соҳибонаш то ба ҳол маҳфуз мондааст3 ва аз ин рӯ, бархе аз эроншиносон онро «забони суғдии нав» низ гуфтаанд4. Номи он аз номи дара (водӣ)-и Яғноб (ҳоло қисмате аз ноҳияи Айнии вилояти Суғди Тоҷикистон), ки дар болооби рӯди Зарафшон воқеъ буда, ватани аслии соҳибони ин забон аст, гирифта шудааст ва бархе аз муҳаққиқон онро ба маънии «дараи
яхин» ва бархи дигар «дараи васеъ» тафсир кардаанд. Гӯишварони забони яғнобӣ дар 22 деҳаи водии Яғноб зиндагӣ мекарданд. Дар асрҳои XVI-XVII бархе аз яғнобиён ба минтақаҳои соҳилии рӯди Варзоб кӯчида, ҳоло дар рустоҳои Кӯктеппа, Зуманд, Гаров, Роғ ва Дара иқомат доранд. Хонаводаҳои яғнобиён дар деҳоти дараи Харангон ва рустоҳои Мавлонҷари Боло, Бешбулоқ, Келитош, Ҷабалай, Чағатой, Хонақоҳ ва Чиптӯраи водииҲисор низ истиқомат мекунанд.
Имрӯз аксари мутлақи яғнобиён дузабонаанд ва дар канори забони модарии худ забони тоҷикиро низ медонанд. Забони яғнобӣ дар зери таъсири шадиди забони тоҷикӣ қарор дорад ва забони тоҷикӣ ин забонро тадриҷан аз тамоми доираи зиндагӣ, ҳатто аз доираи хонавода ҳам берун мекунад ва аз ин сабаб бисёре аз яғнобиён акнун забони модарии худро фаромӯш карда, ба забони тоҷикӣ сухан меронанд. Ҳоло дар ҳудуди минтақаҳои тоҷикизабони болооби водии Зарафшон (Фондарё ва Яғноб), Анзоб, Такфон номҳои маҳалҳо (топонимҳо)-и зиёде маҳфуз мондаанд, ки аз ривоҷ доштани забони пешини суғдӣ (ё яғнобӣ) дар ин сарзаминҳо гувоҳӣ медиҳанд (2), аммо боқӣ мондани забони яғнобӣ шаҳодат медиҳад, ки раванди аз доираи истеъмол берун кардани забони суғдӣ аз сӯи забони тоҷикӣ ҳанӯз ба охир нарасидааст. Дар соли 1970 ба мақсади ривоҷи пахтакорӣ яғнобиёнро ба ноҳияи пахтакори Зафарободи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) кӯчонданд, ки аксарашон то ба ҳол дар деҳкадаҳои ин ноҳия зиндагӣ мекунанд. Ба тавре ки А.Л.Хромов иттилоъ додааст, дар деҳкадаи Гулистон сокинони собиқи рустоҳои яғнобии Пискон ва Деҳбаланд, дар деҳкадаи Пахтакорон сокинони собиқи деҳоти Векоб
ва дар маркази Зафаробод сокинони рустоҳои Қул ва Номиткон маскун шудаанд. Дар ин деҳкадаҳо ҳатто кӯчаҳо бо номи рустоҳои Яғноб номгузорӣ шудаанд (1). Забони яғнобӣ забони навхат ба шумор меравад ва аз охирҳои даврони шӯравӣ кӯшишҳои соҳибхат кардани
ин забон ба миён омад, ки ба ин раванд қабул шудани Қонуни забон, ки дар яке аз моддаҳои он пуштибонии давлат аз забонҳои помирӣ ва яғнобӣ зикр шуда буд, суръат бахшид. Барои забони яғнобӣ дар асоси хатти кириллӣ алифбое таҳия шуд, ки пасон бар пояи он китобҳои дарсӣ ва осори бадеию фолклорӣ ва фарҳангҳои мухталиф ба чоп расиданд (2).
Забони яғнобӣ бо се лаҳҷа – шарқӣ, ғарбӣ ва мобайнӣ асосан чун забони гуфтугӯи хонаводаҳои яғнобӣ дар истеъмол қарор дорад. Тафовути асосии диалектологии миёни лаҳҷаҳои шарқӣ ва ғарбӣ асосан дар истеъмоли ҳамсадои -s дар лаҳҷаи шарқӣ ба ҷои ҳамсадои -t дар лаҳҷаи ғарбӣ (mes – met «рӯз») ва монофтонги -e- дар лаҳҷаи шарқӣ ба ҷои дифтонги -ay- дар лаҳҷаи ғарбӣ (weš – wayš «алаф») ба назар мерасад. Тафовути луғавӣ ва грамматикии ин лаҳҷаҳо он қадар зиёд нест.
Дар сохтори морфологии забони яғнобӣ воситаҳои флективӣ бо воситаҳои аналитикӣ дар канори ҳам ба кор мераванд. Аксаран калкаҳои грамматикии забони тоҷикӣ дар сохтори он мушоҳида мешаванд. Қисми асосии луғоти иқтибосиро калимаҳои тоҷикӣ, тоҷикӣ-арабӣ, туркӣ ва русӣ ташкил медиҳанд. Аксари ҷонишинҳо ва
феълҳои забони яғнобӣ калимаҳои аслии ин забон мебошанд.

Адабиёт
1. Хромов А.Л. Ягнобский язык // Основыы иранского
языкознания. Новоиранские языки: восточная группа. – М., 1987, с.
644-645.
2. Мирзозода С. Яғнобӣ зивок.Забони яғнобӣ. Дастури илмӣ-таълимӣ
барои муаллимон. – Душанбе, 1998; Ёрзода Т. Фолклори Яғноб
(Маҷмуаи илмӣ-оммавӣ). – Душанбе, 2007; Мирзозода С. Фарҳанги
яғнобӣ-тоҷикӣ. – Душанбе, 2008 ва ғ.
3. Исаев М.И. Очерки по истории изучения осетинского языка. –
Орджоникидзе, 1974.
4. Абаев В.И. Историко-этимологический язык осетинского языка. Т.1. – М.-Л., 1958; т.2. – Л., 1973; т.3. – Л., 1979; т.4. – Л., 1989; т.5. – М., 1995.
5. Лившитс В.А. Иранские языки народов Средней Азии // Народы Средней Азии и Казахстана, т. 1. – М., 1962, с. 152.
6. Боголюбов М.Н. Ягнобский (новосогдийский) язык. Исследования и материалы. Автореферат докторской диссертации. – Л., 1956.
7. Неменова Р.Л. Сложение таджикского населения Варзоба // Советская этнография, 1969, № 5, с. 40.
8. Хромов , Очерки по топонимии и микротопонимии Таджикистана. Вып. 1. – Душанбе, 1975.

Бардошт аз «Муқаддимаи филологияи Эрон»-и А.Мирбобоев

Рейтинг контента: 
2
Средняя оценка: 1.5 (370 голос)

Категория: