Нуриддини Амриддин - «Забони тоҷикӣ», «Ганҷи якто», «Забони модар»

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 30 августа, 2019 - 11:19 пользователем Ҳайати тадорукот
Нуриддин Амриддин
Ба озмуни «Забон – пояи миллат»


Забони тоҷикӣ
Ай бақои ҷисму ҷони мо, забони тоҷикӣ,
Давлату ному нишони мо, забони тоҷикӣ.

Себи ширини Самарқандию қанди порсӣ
Шаҳд дар кому даҳони мо, забони тоҷикӣ.

Бо «Авасто», «Занд»-у «Позанд»-у бузургони Аҷам
Сад ҷаҳоне дар ҷаҳони мо забони тоҷикӣ.

Гаштаи болонишин дар минбару тахти баланд,
Офтоби осмони мо, забони тоҷикӣ.

Эътибори миллати моро ба дунё бурдаӣ,
Ифтихору шаъну шони мо, забони тоҷикӣ.

Шири поки модарӣ ҷо гашта дар шарёни мо,
Шираи кому забони мо, забони тоҷикӣ.

Тоҷике то ҳаст дар дунё, бимонӣ ҷовидон,
Ай шукуҳи ҷовидони мо, забони тоҷикӣ.

*****
Забони тоҷикӣ
То забони тоҷикӣ барҷост, тоҷик зинда аст,
То бувад як тоҷике лафзи дарӣ поянда аст.
Дар сари гаҳвора гӯяд алла то як модаре,
Лафзи гавҳарбори модар чашмаи зоянда аст.

Мешавад бо шири модар ҷой он дар мағзи ҷон,
Метаровад ҳамчу чашма аз лаби пиру ҷавон.
Ормони миллати моро ба дунё мебарад,
Парзанон аз лаб ба лабҳо, аз карон то бар карон.

Ҳар ҳиҷову ҳарфи онро моми тоҷик асрҳо
Кишт дар дилҳо ба мисли дони гандум мекунад.
Шираи ҷонбахшу пандомӯзи қанди порсӣ
Ҳамчу шаҳди ноб ширин коми мардум мекунад.

Дурру гавҳар мешавад ҳарфу каломи тоҷикӣ,
То ба олам мебарад назму низоми тоҷикӣ.
Рӯдакӣ афсунгарӣ бо шеъру девон мекунад,
Ифтихори тоҷикии мо ба номи тоҷикӣ.

Аз Халиҷи Форс то Ҳинду ба Чин алфози мо
Мебарад шеъру сухан, овозаю овози мо.
Номи тоҷикро ба гетӣ мебарад бо боли худ,
Мояи иқболу бахту шаҳпари парвози мо.

Ганҷи мову давлати мо, шуҳрату ному нишон,
Дар Самарқанду Бухоро, Балху Чочу Бомиён.
Дар Хуросони Бузургу дар Варорӯди куҳан
Ҳалқаи пайванд мегардад миёни тоҷикон.

*****
Ганҷи якто
Шаҳду қандӣ ба коми ҷони мо,
Як ҷаҳони ту дар ҷаҳони мо,
Давлату ганҷи ҷовидони мо,
Ай забони биҳиштии тоҷик!

Ёдгоре ту аз ниёгонӣ,
Лафзи ширини шеъру дастонӣ,
Дар сарири сухан ту султонӣ,
Ай забони биҳиштии тоҷик!

Порсиро ту дурри дарёӣ,
Ҳам дариро ту ганҷи яктоӣ,
Шӯҳра гашта ба рӯи дунёӣ,
Ай забони биҳиштии тоҷик!

Лафз не, баҳри ҳикмату пандӣ,
Ҳамчу модар азизу дилбандӣ,
Оламеро ба ҳам ту пайвандӣ,
Ай забони биҳиштии тоҷик!

Мазҳари номи мо, нишони мо,
Гулшани сабзи бехазони мо,
Ояи меҳр дар забони мо,
Ай забони биҳиштии тоҷик!

Шуҳрату ифтихори миллат ту,
Шаъну шону виқори миллат ту,
Рӯҳи поку мадори миллат ту,
Ай забони биҳиштии тоҷик!
Ай забони биҳиштии тоҷик!

*****
Забони модар
Сарчашмаи зиндагӣ забони Модар,
Ин лафзи гуҳаррези равони Модар.
Ҷо дар лабу ҷисму ҷони мо гардида
Ҳар ҳарфу ҳиҷои ҷовидони Модар.

Пайванди равони мо забони Модар,
Бар реша тавони мо забони Модар.
Дар олами пуртазоди пуршебу фароз
Аз умр нишони мо забони Модар.

Ин шева, ки атри мушку анбар дорад,
Шаҳду шакари забони Модар дорад.
Дар Ҳинду Хуросону Варорӯди куҳан
Сад шукр, барои хеш минбар дорад.

Чун шаҳду шакар лафзи дарӣ ширин аст,
Гулқанди каломи модарӣ ширин аст.
Бо ҳикмату панди Рӯдакӣ шуҳраи даҳр
Бо шираи шеъри Анварӣ ширин аст.

Як қитъаи гулфишон забони Модар,
Як хиттаи ҷовидон забони Модар.
Як олами шуҳрату нишони тоҷик,
Як парчами парфишон забони Модар.


Нуриддини Амриддин
шаҳри Ваҳдат
Рейтинг контента: 
4
Средняя оценка: 3.5 (2 голос)