Мизи мудаввар дар мавзӯи «Конститутсия - санади тақдирсози миллат» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 5 ноября, 2020 - 15:55 пользователем Ҳайати тадорукот
«Конститутсия-санади тақдирсози миллат»

       Имрӯз 5-уми ноябри соли 2020, соати 14:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Конститутсия-санади тақдирсози миллат» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита, муовин, доктори илми фалсафа, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Маҳмадҷонова М.Т., сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита баргузор гардид.
       Мизи мудавварро раиси Кумита бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз  намуда, аз ҷумла, қайд кард.
       Ҳозирини гиромӣ!
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин санади бузурги таърихӣ гувоҳӣ медиҳад.
       Баъди эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессияи 17-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз бо роҳбарии раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи муштарак оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
       Дар натиҷаи заҳматҳои мунтазами аъзоёни комиссия Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ онро санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул намуд.
Лозим ба зикр аст, ки қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик буда, ҳамчун санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлолро инъикос менамояд.
Қабули Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, пояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи комёбиҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад.
       Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегирад, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.
       Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода ва равшангари роҳи ҳаёти мардум, воқеан санади тақдирсозе аст, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд.
Ҳамчунин, гуфтан бамаврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи шаҳрвандони кишвар, риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигарон, ҳимояи ватан ва манфиатҳои давлату ҷомеа, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллиро ба сифати уҳдадориҳои конститутсионӣ вогузор намудааст, ки чунин вогузоркунии уҳдадориҳо ҳифзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу бономус мебошад.
       Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо ва дар симои Шумо, аҳли хонадон  ва тамоми мардуми сарбаланд ва азизи кишварро ба ифтихори ин ҷашни бузург, ки барои ҳар яки мо бисёр азизу гиромист, самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, хушбахтиву некрӯзӣ, саодати рӯзгор ва барори корро орзумандам.
Сиҳатманду пирӯз бошед!

Рейтинг контента: 
5
Средняя оценка: 5 (2 голос)

Категория: