Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ азамат ва шукӯҳ бахшиданд

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 11 января, 2021 - 13:41 пользователем Ҳайати тадорукот
Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ азамат ва шукӯҳ бахшиданд

Азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро бо ҳама шоистагӣ муаррифӣ кард. Зеро он аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии давлатдорони Осиёи Марказӣ буд.

Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони расмии давлати Сомониён ҳамчун забони байналмилалии ҷаҳони асримиёнагӣ зиёда аз ҳазор сол Шарқи маънавиманишро бо Ғарби моддигаро пайваст ва асрҳо чун забони кории Роҳи бузурги абрешим хизмат намуда, рисолати забони муоширати байналмилалиро ба ҷо овард. Дар ҷаҳони муосир алҳол ин мақомро забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ ва арабӣ соҳибанд.

Муддате сангарҳои сунъии сиёсии онзамона садди инкишоф ва азамату партавафшонии хуршеди оламгири забони тоҷикӣ гашта, чун абри тираву тор болои забони соҳиб­рисолатро гирифт. Хушбахтона, забон ҳамеша қудрати ҳифз ва нигаҳдории истиқлолият ва ҳувиятро дошт. Бо тулӯи хуршеди Истиқлолият забони тоҷикӣ ҷавҳари маънавиро эҳё намуд ва бо ноил гардидан ба мақоми забони давлатӣ, ба иборае нафаси тоза кашид.

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ, ки аҳамияти мақом ва мартабаи забони миллиро дар ташаккули давлати миллӣ хеле хуб дарк мекард, ҳанӯз дар даврони шӯравӣ адабиёти тоҷик­ро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишт. Вақте ки ­масъалаи вуҷуд ва бақои минбаъдаи миллатро таърих дар охири асри ХХ мубрам гардонид, вориси алломагону фарзонагон Исмоили сонӣ ва сиёсатмадори нотакрори арсаи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зербинои давлати тоҷиконро асос гузошта, сулҳу Ваҳдати миллӣ, амният ва суботи кишварро таъмин намуданд. Дар ин замина, миллат сарҷамъу муттаҳид, давлати мус­тақили Тоҷикистони муосир эъмор гардида, аз кишвари ақибмондаи дастнигар ба ҷумҳурии пешрафта мубаддал шуд.

Абармарди арсаи сиёсат, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон беш аз дигарон ва таври бояду шояд ба Модар – Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ, ҳамчун ба Модар – сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт арҷгузорӣ карда, мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Ҳоло ҳама шоҳиданд, ки забони тоҷикӣ аз лаҳни гуворои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад.

Боиси фараҳмандӣ ва сарбаландии тоҷикон аст, ки Тоҷикистони моро тамаддунҳои пешрафтаи муосири олами башарӣ, ба ҳайси як ҷумҳурии ҷавону соҳибистиқлол ва мутамаддини дорои неъмати бебаҳои сулҳу субот ва соҳибқудрат мешиносанд.

Пешвои миллат чанде пеш супориш доданд, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим шавад.

То кунун Пешвои миллат асарҳои мондагору пурарзиш ва пурқимат ба табъ расонидаанд, ки ин амал бори дигар шаҳодати шахсияти нодир, дилогоҳу мутафаккир ва донишманд буданашон аст.

Асарҳои бунёдии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», дар чор ҷилд, (Аз Ориён то Сомониён), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат — ҳастии миллат» (китоби якум), «Забони миллат — ҳастии миллат» (китоби дуюм) боз даҳҳо асару мақолаҳои дигар дар бораи дину ахлоқ, маънавият ва сиёсату иқтисодиёт ба хазинаи тиллоии фарҳангу миллати тоҷик ворид гардидаанд. Онҳо ба дили хонанда — аз олиму сиёсатмадор то деҳқону коргар роҳ ёфта, рисолати роҳнамоӣ ба фардои дурахшонро касб кардаанд.

 Гузашта аз ин, паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтдиҳандаи сиёсат, амнияту субот, иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва ҳаёти ҳаррӯзаи миллат мебошанд. Илова бар ин, оинаи тамомнамоянд, ки барои шинох­ти аслу пайванди хеш, хештаншиносӣ ва дарки масъулияту ватандӯстӣ ва ҷойгоҳу мақоми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мусоидат мекунанд.

Асари мондагору бунёдии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон — «Забони миллат – ҳастии миллат», китоби дуюм, ки ба ифтихори 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ ба табъ расид, баёнгари таърихи пуршараф, мақом ва манзалати забони тоҷикӣ мебошад.

Ба масъалаи забон рӯй овардани Пешвои миллат бесабаб нест. Чунон ки муаллиф ишора намудаанд: «Бақои тоҷик, забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурѓановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ, навишта ва эҷод шудаанд».

Мояи ифтихору сарбаландист, ки Сарвари давлат пуштибону ҳомии забони тоҷикӣ мебошанд ва забонро ба ҳайси рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувориву будубоши давлат, ҳамчун муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд. Таълифи асари калонҳаҷми дуҷилдаи беназири «Забони миллат – ҳастии миллат» ҳам натиҷаи муҳаб­батҳои беандозаи Президенти кишвар нисбат ба забони модарӣ мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон, Роҳбари давлат онро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон ­эътироф намуданд, ки аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Ҷаноби Олӣ дар таълифоти илмию таҳқиқотиашон, бахусус, дар асари дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат» муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор дода, иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳими миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат дар баробари баррасии масоили марбут ба забоншиносӣ, доир ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ, давлатдории сулолаҳои гуногун аз замони Ҳахоманишиён то Ғазнавиён (китоби якум) ва аз суқути Ғазнавиён то давлатдориҳои гуногуни ибтидои асри ХХ (китоби дуюм) маълумоти амиқи таърихӣ дода, нуктаҳо ва саҳифаҳои номакшуфи таърихи халқи тоҷикро баён намудаанд.

Дар китоб перомуни ҳаёт ва эҷодиёти адибони барҷастаи миллати тоҷик аз қадим то ибтидои асри ХХ маълумоти муҳими илмӣ ҷой гирифтааст, ки бо таҳлилҳои илман асоснок, бо диди нави академӣ ва усулҳои нави таҳқиқ аз дигар асарҳо фарқ мекунад. Китоб саҳифаҳои наверо доир ба ҳаёт ва фаъолияти адибони давраҳои гуногуни таърихи адабиёт во намуда, намунаи барҷастаи таҳлилҳои адабиётшиносӣ дар замони муосир ба шумор меравад.

Пас аз сукуту таҳаммули тӯлонии зиёда аз ҳазор сол хуршеди азамат ва ҷалолу шукӯҳи забони тоҷикӣ, ки дар аҳди Оли Сомон партавафшон буду нурҳои зиёбахши он аз Мағриб то ба Машриқ, аз Ироқу Аҷам то ба Чин ва аз Мовароуннаҳру Хуросон то ба Ҳинд равшангари маърифат ба шумор мерафт, бо фазилати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тулӯи тоза кард. Бигзор ин тулӯи хуршеди забон тулӯи беѓурубу ҷовидона ва ҳумои толеи ин миллату забон дар фазои сиёсии ҷаҳон пуравҷ бошад.

Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» таҳия ва қабул гардид. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъсис ёфт, соли 2008 соли забони тоҷикӣ эълон шуд. Ҳар сол 5 — уми октябр таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба расмият даромад.

Забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориву пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати маҳдуд берун омад. Ҳоло забони тоҷикӣ дар ақсои олам танинандоз аст ва ба ҳайси забони давлатӣ қудрату тавонои­ашро дар ҳама соҳаи ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, илмиву маърифатӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҷилва овард.

Маҳз бо ташаббусу дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доманаи корбурди сиёсии забони тоҷикӣ фарох гардида, зарфиятҳои он дар ифодаи муҳимтарин матлаб­ҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ба кор даромаданд.

Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ (равонаш шод бод) ба забондонӣ, ақлу заковат ва наттоқонаву воизона ҳарф задани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтиром арҷгузорӣ намуда, таъкид карда буд: «Ҷаноби Олӣ Президенти кишвар бевосита дар бораи забони модарӣ ва азиз доштани он суханҳое гуфтанд, ки банда дар ин умри худ, дар ин умри дарозу тӯлониам аз ҳеҷ як сарвари Тоҷикистон нашунидаам. Агар Сарвари кишвар нисбат ба забон ва фарҳанг бо чунин ҳақшиносӣ сиёсат пеш бигирад, шак нест, ки аз ҳалли душвортарин ­масъалаҳои рушди ҷомеаи навини тоҷикон умед метавон кард».

Манбаъ: Садои мардум
№3(4265) 09.01.2021
Рейтинг контента: 
5
Средняя оценка: 5 (2 голос)

Категория: