БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ ТАВАССУТИ ИН ПАЙВАНД ВОРИД ШАВЕД
Замима ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «2» марти соли 2023, № 83
ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ (минбаъд – Феҳрист) бо мақсади эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ таҳия карда шудааст. Забони давлатӣ ва эҳтиром гузоштан ба он, инчунин, танзими номгузории шаҳрвандон дар заминаи меъёрҳои таърихии номгузории миллӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои маънавии халқи тоҷик маҳсуб ёфта, аз гузаштаи дури таърихи забони тоҷикӣ маншаъ мегирад,
2. Феҳрист аз ду қисмат иборат буда, бо рақамгузорӣ пайгирӣ мешавад. Дар қисмати аввал номҳои духтарона ва дар қисмати дувум номҳои писарона оварда шудаанд. Бо мақсади навиштани дурусти номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона дар се шакл тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дода шудаанд.
3. Феҳрист дар пояи суннати номгузорӣ ва меъёри номсозии тоҷикӣ бо дарназардошти фарҳанги пурғановати миллӣ беҳтарин номҳоро дар бар мегирад. Гузоштани номҳои зебо ва хушоҳангу сода мувофиқи мақсад мебошад. Бинобар ин, барои интихоби номҳои миллӣ меъёрҳои зерин муқаррар шудааст:
- номҳое, ки аз вожаҳои ифодакунандаи ранг, ҳайвонот (ба истиснои шер, ки дар номгузории суннатии тоҷикон ифодагари далериву мардонагӣ мебошад) ва парандагоне, ки хосияти бад доранд, бархе аз меваву сабзавот, ашёи рӯзгору масолеҳ ва монанди инҳо иборатанд, ба Феҳрист ворид карда нашуданд;
- дар асоси меъёри таърихии забони тоҷикӣ дар охири номҳои мардона калимаи «аллоҳ» ва гунаи савтии он «уллоҳ» дар шакли пурра навишта мешаванд: Сафиаллоҳ, Исматуллоҳ, Мақсадуллоҳ, Баҳруллоҳ ва ғайра;
- номҳое, ки аз номи пайғомбар ташаккул ёфтаву дар тули таърих ба ихтисор дучор шуда, дар шакли ма, мат, мад, мамад, маҲмад корбурд мешуданд, ба Феҳрист дар шакли пурра (дуруст) ворид гардиданд ва дар Ҳамин шакл барои истифода дар номҳо пешниход мегарданд: Гулмад - Гулмуҳаммад, Нормат - Нормуҳаммад, Мадкарим - Муҳаммадкарим, Маниёз - Муҳаммадниёз, Шоҳмат –- Шоҳмуҳаммад, Маҳмадҷон – Муҳаммадҷон ва ғайра;
- дар таърихи номгузории миллати тоҷик баъзе номҳо ҳам ба ҷинси мардона ва ҳам ба ҷинси занона гузошта мешаванд. Ин ҳолати табии номгузории миллӣ вобаста ба минтақаҳои маскунӣ сурат гирифтааст. Бо мақсади нигоҳ доштани анъанаи деринаи номгузорӣ номҳое, ки вобаста ба минтақаҳои Тоҷикистон ба ҷинси мардона ё занона мансубанд, дар Феҳрист бо нишонаи ситорача дар охири ном (*) пешниҳод шудаанд. Ситорача аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ном ба ҷинси занонаю мардона баробар хизмат мекунад. Муҳаббат*, Равшан*, Меҳрубон* ва ғайра;
- дар асоси меъёри таърихии забони тоҷикӣ дар охири номҳои мардона калимаҳои «шоҳ», ки собиқаи деринаи номсозӣ дорад, дар шакли пурра навишта мешавад ва барои истифода дар номҳо тавсия мегарданд: Шоҳназар, Шоҳрух, Давлатшоҳ, Меҳробшоҳ, ва ғайра;
- дар асоси меъёри таърихии забони тоҷикӣ дар аввал ва охири номҳо калимаҳои “бибӣ”, “ моҳ”, бек, “ҷон” ва “ хон” истифода шаванд: Бибигул, Марямбибӣ, Моҳлиқо, Давлатмоҳ, Бекмуҳаммад, Сафарбек, Ҷонфидо, Каримҷон, Хоналӣ, Шарифхон ва ғайра;
- дар номгузории забони тоҷикӣ пасвандгунаҳои “бону”, “нисо”, “хотун” ва монанди инҳо метавонанд истифода шаванд: Манижабону, Сарвбрну, Тоҷинисо, Сорохотун ва ғайра;
- дар суннати номгузории тоҷикӣ номҳои мураккаб бо ҷузъҳои “мирзо”, “мир”, “гул” собиқаи дерина доранд, ки онҳо дар Феҳрист ҷой дода шудаанд ва барои истифода дар номҳо тавсия мешаванд: Мирзошариф, Мизоамон, Мирвафо, Шаҳмир, Гулғунча, Гулбону, Савригул ва ғайра;
- мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҚайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба номи шахс илова намудани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тура», «хоҷа», «хуҷа», «валӣ», «охун», «амир», «суфӣ» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегардад, манъ аст.