ҲИФЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН МУҚАДДАСОТИ ОЛӢ

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 3 ноября, 2023 - 08:00 пользователем Ҳайати тадорукот

Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода - Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,
Аъзои Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муроҷиат намуда, таъкид намудаанд, ки Забон моли халқ, меъроси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст.

Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Забони модарӣ як рукни асосии давлатдорӣ буда, аз гузаштаҳои миллати тоҷик ба мо мерос мондааст. Ҳар як соҳибзабон вазифадор аст, ки баҳри поку беолоиш нигоҳ доштан, ба наслҳои оянда расонидани забони давлатӣ саҳмгузор бошад.
Аз ин рӯ, мардуми бонангу номуси тоҷик ба хотири ҳифз ва гиромидошти забони давлатӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва эълон намудаанд, ки мавқеи забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсия ҷойгир карда шуда, чунин меъёр пешбинӣ шудааст:
«Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».                                                   
         Забони тоҷикӣ дар асоси Конститутсия ба сифати забони расмии давлатӣ қабул гардида, аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад. Пешвои миллат дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати шонздаҳумин солгарди Рӯзи забон 22 июли соли 2005 волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани онро аз далелҳои ифтихори миллӣ ва Ватану ватандорӣ дониста, забони тоҷикиро аз олитарин муқаддасоти миллӣ эълон доштаанд, ки ин волотарин арҷгузорӣ ба забони миллӣ ва миллати хеш аст. Ҳамзамон, таъкид ва роҳнамоӣ намудаанд, ки насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар руҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва Забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем.
Аз ин рӯ, бо ибтикори Пешвои миллат бо мақсади ҳифз ва гиромидошти забони давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 қабул гардидааст. Баъди қабул гардидани Қонуни мазкур дар партави сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ ва равобити дипломатӣ қарор гирифта, ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва нишони ҳамдилии тамоми миллати тоҷик шинохта шудааст.
Баҳри таъмини назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 таъсис додан, ки Кумита вазифаи пешбурди сиёсати давлат, ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд.
Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллат аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Мутаассифона, баъзе шаҳрвандон, соҳибкорон талаботи қонунгузории соҳаи забони давлатиро сарфи назар намуда, бетарафӣ зоҳир менамоянд, ба забони модарии худ арҷ намегузоранд, истилоҳоти соҳавиро ғалат истифода мебаранд, меъёри забони адабиро дар оила, ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намекунанд, обрӯй, шаъну шарафи якдигарро паст мезананд, дидаву дониста номгузории ташкилоту муассисаҳо, марказҳои савдо, эълону реклама, тамғаҳои молӣ, хизматрасониро ба забонҳои хориҷӣ мавриди истифода қарор дода, дар баъзе ҳолатҳо бошад забони давлатиро дар ҷойи дуюм қарор медиҳанд, инчунин, масъалаҳои иқтисодӣ ва соҳибкориро аз забони давлатӣ, яъне аз муқаддасоти олӣ боло медонанд, ки чунин муносибати онҳо ба забони давлатӣ хатар оварда, минбаъд мушкилоти зиёд бавуҷуд меояд.
Бинобар ин, барои аз байн бурдани мушкилоти ҷойдошта ҷиҳати таъмини назорати талаботи Қонуни мазкур ҳимояи забони давлатӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2022, №647 қабул гардидааст, ки Кумита назорати рушди сиёсати забони давлатиро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
Дар асоси Нақшаи амалисозии Барномаи мазкур ҳифзи муқаддасоти олӣ дар идоракунии давлатӣ таъмин карда мешавад. Қайд менамоем, ки вақте, ки мо калимаи Ватанро ба забон меорем, модари азизамон пеши назар меояд, чунки Модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда, забони модарӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, зирракию сиёсӣ ва ҳифзи сохти маъмурию ҳудудии Ватанро ба мо омӯзонда, тарбия намудааст.
Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми Модар ҳаммаъно донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибватан арзишу манзалати хоса дорад. Таълиму тарбияи Модари тоҷик аст, ки ба дунё фарзандони фарзонаи бонангу номус,чеҳраҳои мондагор, қаҳрамонон, ҳуқуқшиносони асил, олимон, шоирон ва мардони далеру шӯҷо овардааст, ки ҷавонон метавонанд пайравони онҳо шаванд.
Таърих гувоҳ аст, ки Забони модарӣ аз гузаштаҳои Модари тоҷик ба мо меърос монда, Модари тоҷик ҷиҳати таълиму тарбияти фарзандон дар идоракунии давлатӣ нақши муҳим дорад. Мафҳуми забон воситаи муҳимтарини муомилоти инсоният буда, бо шарофати забон мардум бо ҳамдигар иртибот барқарор мекунанд, афкору эҳсосу хостаҳои худро ба дигарон мерасонанд. Забони модарӣ як рукни асосии давлатдорӣ буда, риояи меъёри забони адабӣ дар ҷомеа муҳим арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, Пешвои миллат Забони давлатиро дар радифи Модар ва Ватан ҳамчун муқаддасоти олӣ эълон намудаанд, ки дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Ҳамзамон, заминаи ҳуқуқии истилоҳҳои Ватан, Модар ва Забон дар моддаи 2 ва 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муқаррар карда шуда, аз ҷониби давлат ҳифз ва пуштибонӣ карда мешавад.
Аз ин рӯ, ба ҳамагон тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандоне, ки Ватани худро, Забони давлатии худро ва Модари худоро дӯст медорад, бояд нисбати Забони давлатӣ беэҳтиромӣ зоҳир накунанд, ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва ба наслҳои оянда расонидани он саҳми арзандаи худро гузоранд.

Рейтинг контента: 
Средняя оценка: 5 (1 голос)

Категория: