ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 23 ноября, 2023 - 17:33 пользователем Ҳайати тадорукот

Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода - Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,
Аъзои Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Забони модарӣ як рукни асосии давлатдорӣ буда, аз гузаштаҳои миллати тоҷик ба мо мерос мондааст. Аз ин рӯ, ҳар як соҳибзабон вазифадор аст, ки баҳри поку беолоиш нигоҳ доштан, ба наслҳои оянда расонидани забони давлатӣ саҳмгузор бошад. Мо соҳибзабонон дар даврони Истиқлолият шоҳиди дигаргуниҳои зиёд дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ гаштаем. Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони давлатӣ дубора эҳё гардида, имрӯз низ барои амалӣ кардани ҳадафҳои наҷиб дар роҳи ҳифз ва гиромидошти яке аз арзишҳои миллӣ - муқаддасоти забонӣ пайваста азму талош меварзад.
Пешвои миллат бо ин ҳама кӯшишҳои пайгирона дар давлату фарҳанг, миллату маънавиёт, аз аввалин рӯзи амалашон ба ҳайси як Пешвои воқеии миллат, таълифоту пажӯҳиши зиёди илмиро баҳри бедории тафаккури худшиносии миллӣ ва худогоҳиву меҳанпарастии азалии мардуми азизи худ ва арҷгузории забони модарии хеш, забони давлату давлатдории тоҷикон, онро дар арсаи ҷаҳон ба оламиён ба таври сазовор шиносониданҳоро анҷом дода, дасти муборак ба эҷоди асарҳои илмии бунёдӣ дар риштаи таърих, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, ахлоқу маърифат, ҳуқуқ, танзими расму оин ва суннатҳои миллӣ, эҳёи фарҳангу ҳунари мардумӣ, дину мазҳаб, фарҳангу адаб ва забони модарии тоҷикӣ доранд [1,9].

    Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат тағйиротҳои назаррас дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва танзим намудани муносибатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати риояи меъёрҳои забони давлатӣ заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати забон аст, зеро ин забон яке аз омилҳои муҳимтарини танзим ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ҳамаи халқиятҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 қабул гардидааст, ки аз 37 модда иборат буда, вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва истифодаи он ба сифати забони давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овард [2].
Баъди қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ҷараёни инкишофи санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон якхела набуда, он вобаста ба тағйирёбии вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва байналмилалӣ давра ба давра такмил ва рушд ёфтааст, ки дар ин замина дар моддаи 2 Конститутсия чунин меъёр пешбинӣ шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд» [3,9].
Забони тоҷикӣ дар асоси Конститутсия ба сифати забони расмии давлатӣ қабул гардида, аз ҷониби давлат пуштибонию дастгирӣ меёбад. Мақоми давлатии забон бояд бар асоси Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда шавад.
Бо мақсади иҷрои Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини шароити мусоид барои тавсиаи забони давлатӣ ва забонҳои миллӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи забонҳо ва истилоҳот Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд [4]. Инчунин, доир ба тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 тасдиқ карда шудааст [5]. Дар баробари ин, оид ба риояи меъёрҳои забони адабӣ «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз 3 сентябри соли 1998 қабул карда шудаанд [6].
Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ рушди забонро як рукни муҳими сиёсати худ медонад. Бинобар ин, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2001, №28 [7] қабул гардидааст, ки тибқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии мазкур масъалаҳои забони давлатӣ амалӣ карда мешаванд. «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди забон, адабиёт, санъати касбӣ, танзими анъанаҳо ва расму оинҳо мусоидат менамояд ва муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангиро таъмин мекунад.».
Забон ҳастии миллат ва давлату давлатдории мост. Аз ин рӯ, соли 2008 таҷлили Соли забони тоҷикӣ якҷоя бо ҷашни 1150 - солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс - Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз ҷониби Пешвои миллат эълон ва тасдиқ карда шудааст [8]. Инчунин, Нақшаи чорабиниҳои баргузории Соли забони тоҷикӣ таҳия гардида, 13 сентябри соли 2007 тасдиқ карда шудааст [9].
Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки дар даврони Истиқлолият ба хотири ҳимояи асолати миллӣ ва арҷ гузоштан ба забони модарӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2010 забони давлатӣ дар радифи Модар ва Ватан ҳамчун муқаддасоти олӣ эълон гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 15 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ноябри соли 2009 оид ба беҳтар намудани сифати қонун, аз ҷумла, дар бораи истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини низоми мантиқии меъёрҳои қонун, аз байн бурдани ихтилофи байни қонунҳо, мукаммалу мушаххас намудани механизми татбиқи онҳо изҳори ақида намудаанд [10].
Дар асоси банди 3-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» [11], Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» [12], Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» [13], Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» [14], Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» [15], Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» [16], Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» [17], Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» [18], Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» [19], Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» [20] ва ғайра таѓйиру иловаҳо вобаста ба донистани забони давлатӣ ворид карда шудааст, ки ин иқдоми наҷиб ҳангоми озмунҳо доир ба санҷиши кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон мусоидат менамояд.
Поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост. Бо мақсади риояи меъёри забони адабӣ ва танзими мушкилоти коргузорӣ «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз 4-уми октябри соли 2011 тасдиқ карда шуд [21]. Бо ҳадафи рушди густариши забони тоҷикӣ «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» аз 30-юми июни соли 2012 [22] тасдиқ гардида, барои татбиқи давра ба давраи сиёсати забони давлатӣ заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард. Қайд менамоем, ки дар заминаи Барнома ва Қоидаҳои мазкур бо ҷалби мутахассисони забоншинос аз донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст соли 2013 таҳия шуда, нашр гардидааст. Фарҳанги имло беш аз 65 ҳазор вожа ва истилоҳотро фаро гирифтааст. Фарҳанги мазкур ҳамчун дастури руйи мизӣ буда, барои истифодаи мутахассисони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таҳия гардидааст [23].
Барои ба технологияҳои иттилоотии муосир ворид гардидани забони тоҷикӣ ва риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ «Стандартҳои рамзгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар саҳвакалидҳои компютерии стандарти юникод барои истифодабарии компютерӣ» қабул гардид [24].
Забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистқлол аст [25, 75-88]. Мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқии забони давлатӣ ин аз таҳлил намудани сифати қонунҳо, ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мутобиқ намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқ ба талаботи рӯз мебошад.
Бинобар ин, бо овардани далелҳои илмӣ ва амалӣ дар бахши густариши забони давлатӣ ва танзими истилоҳоти илмӣ дар риштаҳои илм ва технологияи муосир, таҷдиди назар намудани Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки дар ин замина бо мақсади ҳифз ва гиромидошти забони давлатӣ бо ибтикори Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 [26] қабул гардидааст, ки аз 28 модда иборат мебошад. Қонуни мазкур мавқеи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва истифодаи онро ҳамчун забони давлатӣ дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон муқаррар намуда, доираи амали забонҳои дигари қаламрави кишварамонро низ муайян кард. Мақоми давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ барои рушду такомули он имкониятҳои зиёд фароҳам овард.
Баъди қабул гардидани Қонуни мазкур дар партави сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ ва равобити дипломатӣ қарор гирифта, ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва нишони ҳамдилии тамоми миллати тоҷик шинохта шудааст.
Боиси тазаккур аст, ки дар заминаи Комиссияи татбиқи Қонуни забон ва бо мақсади ба талаботи замони муосир амалӣ намудани муқаррароти Қонуни мазкур дар ҷумҳурӣ зарурати таъсиси сохтори нав бо номи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2009 таъсис дода шуд [27].
Бо мақсади татбиқ ва назорати Қонуни мазкур Низомнома ва Сохтори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, фаъолияти он бо маром идома дорад [28].
Ҳамзамон, ҷиҳати баргузор гардидани ҷаласаҳои салоҳиятдор дар Кумита, баррасии масъалаҳои сиёсати забони давлатӣ, ба тасвиб расонидани санадҳои ҳуқуқмуайянкунанда ва ғайра аъзои Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи мутахассисон интихоб гардида, тасдиқ карда шуд [29].
Ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октбяри соли 2009, №11 ба мақомоти дахлбор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар асоси супориши мазкур назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебаранд.
Ҳамзамон, вобаста ба масъалаҳои санҷиши субъектҳои хоҷагидор, шахсони ҳуқуқи новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аз 25 декабри соли 2015, №1269 [30] қабул гардидааст, ки тибқи банди 21) моддаи 10 Қонуни мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи забон ва истилоҳот муайян гардида, муқаррарот оид ба риояи қонунгузории забони давлатӣ пешбинӣ шудааст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебарад.
Инчунин, барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни мазкур дар моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, барои шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муайян карда шудааст [31].
Қобили зикр аст, ки таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 22 июл баргузор мегард, ки ба таътили тобистонаи хонандагон ва донишҷӯён рост меомад, дар бисёр мавридҳо бе иштироки онҳо сурат мегирифт. Аз ин рӯ, ҷиҳати эҳтиром ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ бо иштироки хонандагону донишҷӯён баргузор намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июл ба 5-октябр гузаронида шуда, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 2 августи соли 2011, №753 [32] тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Танзим намудани номгузории шаҳрвандон ва меъёрҳои суннатии номгузории тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз суннату арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб меёбад ва аз гузаштаи дури таърихи забонамон маншаъ мегирад, ҳамчун суннати арзишманд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат қарор дорад. Танзими намудани насаб, ном ва номи падар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз ҷониби мақомоти ваколатдор амалӣ карда мешавад [33]. Дар асоси супориши Пешвои миллат Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, 27 июни соли 2016 тасдиқ карда шуда, мавриди амал қарор дорад [34].
Қайд менамоем, ки масъалаҳои техникаи қонунгузорӣ, забон, тартиби ба расмиятдарорӣ ва мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқэҷодкунӣ мавриди омӯзиш ва таҳлили мутахассисони муассисаҳои илмӣ ва мақомоти давлатӣ қарор дошта, мунтазам баррасӣ мегардад [35]. Масъалаи забони қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаҳои 49, 50 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414 [36] танзим карда мешавад. Аз ҷумла:
- «Моддаи 49. Талаботи забонӣ ба матни санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда мешавад.
2. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, содда ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд.
Моддаи 50. Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шавад.
2. Ҳамон як истилоҳ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад.
3. Дар ҳолати зарурати дақиқ намудани истилоҳот ва мафҳумҳои дар санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодашуда дар санад моддае (қисме, банде) оварда мешавад, ки дар он моҳияти ин истилоҳоту мафҳумҳо шарҳ дода мешавад.
4. Истилоҳоти махсус мумкин аст дар санади меъёрии ҳуқуқӣ танҳо бо ҳамон маъное истифода гардад, ки он дар соҳаи махсуси дахлдор истифода мешавад. Истилоҳоти махсус бояд дар санади меъёрии ҳуқуқӣ шарҳ дода шавад.
Моддаи 51. Талабот ба сабку услуби санади меъёрии ҳуқуқӣ
Дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодаи чунин калимаву ибораҳо норавост:
- забони гуфтугӯи халқӣ (лаҳҷавӣ ва шевагӣ), ифодаҳои маҷозӣ ва пуробуранг;
- мафҳумҳои (истилоҳоти) гуногуни ҳаммаъно;
- истифодаи калима ва истилоҳоти бегонаи ѓайримаъмул дар сурати дар забони давлатӣ мавҷуд будани чунин калима ва истилоҳот;
- ибора ва таркибҳои норавшан, мулоҳизот, хитобу даъватҳои умумӣ;
- калимаҳои мураккаби ихтисоршуда (аббревиатура), ба истиснои ҳолатҳои зарурӣ ва бо нишон додани шакли пурраи онҳо;
- истилоҳоти ѓайримеъёрӣ.».
Расмиёти ҳуқуқэҷодкунӣ, ки аз марҳилаҳои ташаккули қонунгузорӣ, муҳокима, қабул, мавриди амал қарор додани қонун иборат мебошад, дар даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон марҳила ба марҳила такмил ёфтааст. Дар асоси муқаррароти муайяншуда, мутахассисони вазорату идораҳои давлатӣ дар таҳияи лоиҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки барои рушди забони қонунгузорӣ мусоидат менамояд.
Қайд намудан зарур аст, ки аз риояи талаботи қонунгузории соҳаи забони давлатӣ суботи муомилоти меъёрҳои адабии забони давлатӣ вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳимтарини мутахассисон ин таҳияи чунин механизмҳои ҳуқуқие мебошад, ки барои аз байн бурдани мушкилот ва таъмини рушди қонунгузории соҳаи забони давлатӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд. Гарчанде аз лаҳзаи эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани Қонуни мазкур вақти муайяне гузашта бошад ҳам, вале то ба ҳол аз таҷрибаи татбиқи меъёрҳои ҳуқуқии соҳаи забони давлатӣ ба таври пурра истифода намешавад.
Аз ин рӯ, барои марҳила ба марҳила амалаисозии мушкилоти ҷойдоша, таъмини рушди қонунгузорӣ ва содаву фаҳмо будани забони санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳалли масъалаҳои зикргардида тибқи талаботи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 қабул гардидааст, яке аз ҳадафҳои рушди қонунгузории миллии соҳаи забони давлатӣ мебошад [37].
Ҳамзамон, бо мақсади ҳифз ва гиромидошти мақоми конститутсионии забони тоҷикӣ, барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа шароити заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам овардан ва истифодаи забони давлатӣ дар умури иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, муайян кардани қонуниятҳои дохилии ташаккули таърихӣ ва меъёрҳои забони адабӣ, ҳамчунин таъмини ҳамаҷонибаи рушди забони давлатӣ дар ҳолати ҷаҳонишавӣ ва фаро гирифтани луѓоту истилоҳоти муосир бо истифода аз имконоти дохилии забон мувофиқи мақсад мебошад. Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 таҳия шудааст, ки барои татбиқи давра ба давраи сиёсати забони давлатӣ заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард. Барномаи мазкур дар асоси таҳлилҳои илмӣ бо таваҷҷуҳ ба дурнамои рушди забони давлатӣ таҳия гардида, дар он роҳҳо ва воситаҳои ташаккули забони миллӣ мутобиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон муқаррар гардидааст [38].
Инчунин, ҷиҳати риояи меъёри забони адабӣ, танзим намудани истилоҳоти соҳавӣ ва бартараф намудани норасоиҳои забони давлатӣ дар соҳаи илм, маводи таълимӣ, дастурҳои методию коргузорӣ «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» [39] таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки барои рушди забони давлатӣ мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2019 баён доштанд [40], таҳлил, омӯзиши қонунгузорӣ ва санадҳои зерқонунии самти сиёсати забони давлатиро бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар қонунгузорӣ ба роҳ монда, чунин тағйиру иловаҳоро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зарур мешуморем. Қабули Қонуни мазкур барои рушди забони давлатӣ заминаҳои хуби ҳуқуқиро фароҳам овард. Натиҷаҳои он дар замони на он қадар тӯлонӣ хеле хуб ба мушоҳида мерасанд, ки ҷаҳонишавӣ ва бархурди фарҳангҳо дар замони муосир таъсири худро ба забони давлатӣ низ гузошта, барои рушди он монеаи сунъӣ эҷод намудаанд. Инчунин, дар бисёр моддаҳои Қонуни мазкур мушкилотҳо ба мушоҳида расида, масъалаҳои зиёде дар самтҳои гуногуни иҷтимоиву сиёсӣ, фарҳангиву илмӣ ва дигар равандҳо аз назар дур мондаанд ва ё ҳатто баъзе қонунҳо ба Қонуни мазкур мухолифат менамояд, ки меъёрҳои танзимкунандаи соҳа вуҷуд надорад.
Аз ин рӯ, пешниҳод менамоем, ки ба баъзе моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таѓйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд.
Дар моддаи 2 Қонуни мазкур хориҷ намудани калимаи «(Сарқонуни)» бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар қисми 6 моддаи 3 иваз гардидани калимаи «адабӣ» ба калимаи «тоҷикӣ» ҷиҳати мутобиқ намудан ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ пешниҳод мешавад.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар Қонуни мазкур дарҷ нашудааст, ин масъалаи роҳҳои истифодаи забони имову ишора барои шахсони ногӯё ва ношунавоён дар кишвар мебошад. Бар асоси муқаррароти моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» [41] ҷиҳати муайян намудани забони имову ишора барои ногӯё ва ношунавоён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи истифодаи дигар забонҳо дар забони имову ишора, инчунин, фароҳам овардани шароит барои омодакунии мутахассисон дар ин соҳа моддаи алоҳида пешниҳод мегардад.
Дар қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур баъд аз калимаи «таълимӣ» илова гардидани калимаҳои «новобаста аз забони таҳсил,» дар доираи Қонуни мазкур ҷиҳати танзим ва назорат намудани забони таҳсили муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, дар моддаи 11 Қонуни мазкур илова намудани калимаҳои «илмӣ ва» бо мақсади танзим намудани масъалаҳои илмӣ ба забони давлатӣ мебошад.
Дар моддаи 12 Қонуни мазкур илова намудани қисми 2 доир ба танзим ва риоя гардидани забони нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ба забони давлатӣ пешбинӣ карда шавад.
Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки эҳтироми забон ва пос доштани он як рукни маданият аст. Вале шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар баъзе ҳолатҳо забони давлатиро сарфи назар карда, истифодаи онро дар ҷойи дуюм қарор медиҳанд, ки ҳангоми таҳия ва истифодаи эълону реклама, маводи иттилоотӣ ба забони давлатӣ беэҳтиромӣ зоҳир менамоянд.
Дар қисми 4 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» чунин муқаррарот муайян шудааст, ки реклама дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо салоҳдиди рекламадиҳандагон, инчунин ба дигар забонҳо, паҳн карда мешавад. Ин муқаррарот ба радиошунавонӣ, пахши телевизионӣ ва нашрияҳои чопие, ки танҳо ба забони давлатӣ, забонҳои дигар миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта ва забонҳои хориҷӣ сурат мегиранд, инчунин ба тамѓаҳои молии (тамѓаҳои хизматрасонӣ) ба қайд гирифташуда дахл надоранд [42]. Ҳангоми таҳия ва истифода бурдани чунин муқаррарот оид ба реклама шаҳрвандон ба мушкилиҳо дучор мешаванд.
Бо ин мақсад, дар моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова намудани қисми 3 ҷиҳати аввал эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ ва истифодаи он дар эълону реклама ва ҳамаи матнҳои иттилоотӣ: аз боло ва ё аз тарафи чап бо забони давлатӣ, аз тарафи поён ё аз тарафи рост ба забони дигар бо ҳарфҳои баробар ба роҳ мондан пешбинӣ гардидааст. Чунин тартиби муқаррарот дар заминаи таҳқиқу таҳлили қонунгузории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод гардида, аз рӯи таҷрибаи кории Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия ва ѓайра гирифта шуда, ворид намудани чунин таҷрибаи корӣ барои ҳимояи забони давлатӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Инчунин, тибқи моддаҳои 8-11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» масъалаи ба забони давлатӣ ҳуҷатгузорӣ ва номгузории шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин соҳа мушкилоти тарҷума, баргардон ва ҳуруфгардон намудани номгузорӣ вуҷуд дорад [43]. Бинобар ин, дар қисми 3 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавқеи забони давлатӣ номуайян буда, калимаи «баргардон» нодуруст истифода шуда, мантиқан ѓалат корбурд шуда, он маънои тарҷума ва ҳуруфгардонро дар як маврид дода наметавонад. Зеро тарҷума ва ҳуруфгардон ду ҳолати гуногун мебошанд ва ин ду ҳолатро наметавон бо як калимаи «баргардонидан» ифода кард. Масалан: номи ташкилоти байналмилалии United Nations дар забони русӣ Организация Объединённых Наций ва дар забони тоҷикӣ дар шакли  Созмони Милали Муттаҳид ё ин ки ҷамъиятҳои Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмар ва ѓ. тарҷума шудаанд. Номи ихтисорашудаи ташкилоти байналмилалии UNESCO (United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization) дар забони тоҷикӣ дар шакли ЮНЕСКО ҳуруфгардон (транслитератсия) шудааст. Ҳамин ҳолатро дар номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштараки ИМОН ИНТЕРНЕШНАЛ, ЮНИСЕФ ва ѓайра дидан мумкин аст. Аз ин рӯ, қисми 3 моддаи 18 бо мақсади фарогири ҳамагуна масъалаҳои номгузорӣ таҷдиди назар карда шуда, дар таҳрири нав бо чунин мазмун мувофиқи мақсад мебошад: «3. Номгузории ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ба забонҳои дигар низ ҳуруфгардон ва ё тарҷума мешавад.».
Инчунин, танзим намудани номгузорӣ, навиштаҷоти молу маҳсулот, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва бахши хусусӣ, аз ҷумла, соҳибкорӣ ба шумор меравад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» [44] амалӣ карда мешавад. Вале дар Қонуни мазкур муқаррароте вуҷуд надорад, ки масъалаҳои забони давлатиро ба пуррагӣ танзим намояд. Бинобар ин, ҷиҳати танзим намудани масъалаҳои забони давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 181 бо мақсади танзим намудани номгузорӣ, навиштаҷоти молу маҳсулот, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ пешниҳод мешавад.
1. Номгузорӣ ва навиштаҷоти ҳама гуна молу маҳсулоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба забони давлатӣ навишта мешаванд ва дар муносибат бо ташкилотҳои хориҷӣ мумкин аст ба забонҳои дигар низ ҳуруфгардон ва ё тарҷума шаванд.
2. Дастурамалҳо, навиштаҷотҳо ва дигар маводи иттилоотии ҳар як молу маҳсулоти воридотӣ бо забони давлатӣ тарҷума карда мешаванд.
3. Навиштаҷоти тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ба забони давлатӣ ва ба дигар забонҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.». Меъёри пешбинигардида саривақтӣ мебошад, чунки субъекти воридкунандаи молу маҳсулот дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда намешавад. Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» [45] истеъмолкунандагон – шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол барои дастрасии маълумоти зарурӣ ва боэътимод бо забони давлатӣ ҷиҳати истифодабарии молу маҳсулот ҳақ доранд. Зикр бояд кард, ки ба ҷумҳурӣ молу маҳсулоте ворид шуда истодааст, ки бо забони давлатӣ дастури истифодабарӣ надоранд, аз ҷумла, маводи хӯрокворӣ, доруворӣ, техникӣ, кишоварзӣ ва ѓ., ки зиёни он, пеш аз ҳама, ба мардуми кишвар мерасанд. Номгузории ҳама гуна молу маҳсулоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба забони давлатӣ навишта шуда, метавонад ба дигар забонҳо ҳуруфгардон ва тарҷума шавад». Қайд бояд кард, ки ин пешниҳодҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси Дастурамали техникии молу маҳсулот, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, таҳия шудааст. Масалан: шарбати «Оби набот» ба англисӣ – juice«Obi Nabot», оби газноки «Шоҳамбарӣ» - газированная минеральная вода «Шаамбары» ва ѓайра.
Дар ном ва муҳтавои қисми 1 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳалҳои аҳолинишин ва дигар мавзеъҳои ҷуѓрофӣ дарҷ нагардида буданд, бо сабаби маҳдуд будан (маънои маҳал «ҷой, макон» буда, ба он кӯҳу пиряхҳо, чашмаҳо, пулҳо, роҳу хиёбонҳо ва ѓайра дохил намешаванд) таҷдиди назар ва барои пурра танзим намудан пешниҳод шудааст. Зеро пиряхҳо, кӯҳҳо, чашмаҳо, қуллаҳо ва ѓайра инҳо на маҳалли ҷуѓрофӣ, балки объектҳои ҷуѓрофӣ маҳсуб мешаванд. Инчунин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуѓрофӣ» [46] ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» [47] вожаҳои «маҳал» ва «объект» мафҳумҳои алоҳидаи худро ифода мекунанд.  Бо ҳамин мақсад, ҷиҳати танзим гардидани маҳалҳои аҳолинишин ва дигар объектҳои ҷуғрофӣ дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст.
Ҳамзамон, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар фаъолияти баъзе ташкилоту муассисаҳои ватанӣ матни муҳру тамғаҳо, бланкҳо, нархномаҳо, борчаспҳо, навиштаҷот ва маводи дигари айёнии иттилоотӣ ба забонҳои ғайр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, матни онҳо бо ғалатҳои имлоӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар муносибат бо ташкилотҳои хориҷӣ мумкин аст ба забонҳои дигар низ ҳуруфгардон ва ё тарҷума шаванд, инчунин, ҷиҳати мутобиқ намудан ба талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар таҳрири нав пешниҳод кардан ба мақсад мувофиқ мебошад. Барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта мақомоти ваколатдори давлатиро зарур аст, ки бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030-ро таъмин намоянд.
Таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди соҳаи забони давлатӣ таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошта, бо маром идома дорад. Қобили зикр аст, ки талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусияти ҳаволадиҳанда дошта, дар дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ, мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар баробари Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи муқаррароти Қонуни мазкурро таъмин намоянд. Қайд менамоем, ки дар давраи сипаришуда як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифз ва рушди сиёсати забони давлатӣ қабул гардидаанд, ки ин ҳама хидмат ва заҳматҳои Пешвои миллат мебошад. Инчунин, бо лаҳни шевои меъёри забони адабии тоҷиқӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Мутаҳид баромад намуда, миллати тоҷикро дар ҷаҳони муосир бо забони давалатӣ муаррифӣ намудан ин арҷ гузоштан ба муқаддасоти олӣ буда, шоёни аҳсан мебошад.
Таҳқиқу таҳлили гузаронидашудаи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи забони давлатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки заминаҳои ҳуқуқӣ марҳила ба марҳила қабул гардида, бо сурат рушт ёфтааст. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки минбаъд барои ба низом даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулгардида, миллӣ кунонидани қонунгузорӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ бо риояи техникаи қонунгузорӣ, риояи услуби расмии забони адабӣ, содда ва равону фаҳмо будани истилоҳот, калима ва ибораҳои оммафаҳм дар қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ омӯзиш, таҳлил, танзим, муқоиса ва мураттабсозии қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷиикстон, таҳлили қонунгузории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз таҷрибаи корӣ ва қонунҳои намунавии қабулнамудаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил истифода кардан ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар баробари ин, бо ибтикори Пешвои миллат чандид асарҳои соҳаи забони давлатӣ таҳия ва нашр шудаанд. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён. – Душанбе: Ирфон, 2002., Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён. – Душанбе: Ирфон, 2002., Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён. – Душанбе: Ирфон, 2006., Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. – Душанбе: Ирфон, 2006., Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби 1. – Душанбе: Эр-рафт, 2016., Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби 2. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020., Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон. – Душанбе: Табъу нашр, 2021. ва ғайра. Асарҳои мазкур вазъи забони тоҷикон аз оғози таърихи забони тоҷикӣ то давраи истиқлолияти давлатиро дар бар мегирад. Омӯзиш, таҳлил ва истифодаи асарҳои зикршуда ҳамчун дастури илмӣ ва таълимӣ барои рияои меъёри забони адабӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои олии касбӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Пешвои миллат дар паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо соҳибзабонон муроҷиат намуда, такид намудаанд, ки мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад. Хотирнишон месозам, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла, падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад [48].

Адабиёт:
1. Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон. – Душанбе: Таъбу нашр, 2021 – С.9.
2. Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1989, №15, мод.102.
3. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе: Нашриёти Ганҷ, 2016. – С.9.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 октябри соли 1995, №662.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 октябри соли 1997, №459.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз 3 сентябри соли 1998, №355.
7. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2001, № 4, мод. 215; соли 2003, №4, мод. 152; соли 2008, №1 қ 1, мод. 1; соли 2009, №12, мод.813; соли 2016, №7, мод.602; соли 2017,№7-9, мод.565.
8. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Соли забони тоҷикӣ» аз 26 июли соли 2007, №296.
9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргуузории Соли забони тоҷикӣ» аз 13 сентябри соли 2007, №478.
10. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2009.
11. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, № 12, мод. 298; соли 2007, №5, мод.353; соли 2012, №8, мод.813; соли 2014, №7 қ.1, мод.383; №11, мод.640, соли 2017,№5 қ1, мод.269; соли 2019, №7, мод.461.
12. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №7,қ.1, мод.379;соли 2015,№3,мод.197; №7-9,мод.697;соли 2017,№5,қ.1, мод.266; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 №1805; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 №1806.
13. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №7қ.1, мод.380;соли 2015,№7-9,мод.698, соли 2016, №7, мод.603; соли 2018 №2, мод.62, соли 2021, №1- 2, мод.1; №4, мод.191; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 №1807.
14. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, №7, мод. 398; соли 2006, №3, мод. 141; соли 2007, №5, мод. 350, №7, мод. 652; соли 2008, №12, қ-1, мод.981; соли 2009, № 5, мод.314; соли 2011, №3, мод.150, №6, мод.428; соли 2012, №8,мод.810; соли 2013, №7, мод.497, мод. 498; №12,мод.876; соли 2014, №3, мод.139; №12, мод.820; соли 2016, №3, мод.125; соли 2017, №5, қ1, мод.267; соли 2019, №6, мод. 308;  соли 2020, №12, мод. 897; соли 2021, №1- 2, мод.2.
15. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.2004, №12, қ.2 мод.704; соли 2017, №5, мод. 278; соли 2018, №2, мод.68; №7-8, мод. 528.; соли 2019, №4-5, мод. 228; соли 2020 .№1, мод.24.
16. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли  2008, № 3, мод.191; соли 2011, №6, мод.453; соли 2012,№4,мод.261; соли 2014,№7қ1.мод.398, соли 2016,№3,мод.134; соли 2017, №5 қ1, мод. 281.
17. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли  2008, № 3, мод.183; соли 2011, №6, мод.457; соли 2013, №7, мод.513;№12,мод.886;соли 2014,№11,мод.654; соли 201;5,№7-9,мод.701. соли 2016,№3,мод.138; соли 2017, №1-2, мод.7, соли 2018, №5, мод.274; соли 2020, №12, мод. 908.
18. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли  2008, № 3, мод.193; соли 2009, № 5, мод.323; соли 2010, №3, мод.154; соли 2011, № 6, мод. 459; соли 2013, № 7, мод.517; соли 2014, №11, мод. 645; соли 2016, №3, мод. 137, соли 2017, №1-2, мод.10, мод.11, мод.12; №5 қ1, мод.298; соли 2020. №1, мод. 10; соли 2020, №12, мод. 909; соли 2021. №1-2, мод.6.
19. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №3, мод. 166, №6, мод. 429; соли 2010, №3, мод.158; соли 2011, №6, мод. 452; соли 2012, №8,мод.834 ; №12, қ1, мод.1008; соли 2013, №7 мод., 542; №12, мод.905; соли 2014,№7, қ.2,мод.425; соли 2015,№12, қ1, мод.1106; соли 2016,№3,мод.156; соли 2017,№1-2, мод.28, мод.29, №5, қ1, мод.290, соли 2018, №7-8, мод.526.; соли 2019, №4-5, мод.225; соли 2020, №1, мод.18.
20. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №7-8, мод.503; соли 2012,№4,мод.277; №8,мод.833;соли 2015,№11,мод.964; соли 2017, №5 қ1, мод.288; соли 2019, №4-5, мод.226.
21. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз 4 октябри соли 2011, №458.
22. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» аз 30 июни соли 2012, №335.
23. Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ. Душанбе, «Шарқи озод», соли 2013, 320 с.
24. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои рамзгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар саҳвакалидҳои компютерии стандарти юникодбарои истифодабарии компютерӣ» аз 2 августи соли 2004, №330.
25. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон - Душанбе: «Истеъдод», 2013. С. – 75-88.
26. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №9-10, мод. 546.
27. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 октябри соли 2009, №604.
28. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомнома ва Сохтори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 январи соли 2010, №1.
29. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аъзои Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 октябри соли 2010, №470.
30. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №9-10, мод. 546.
31. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, №12, қ-1, мод. 989, мод. 990; соли 2009, №5, мод.321, №9-10, мод. 543; соли 2010, № 1, мод.2, мод. 5; №3, мод.153, №7, мод. 547; №12, қ1, мод.812; соли 2011, №6, мод.430, мод.431; №7-8, мод.610; №12, мод.838; соли 2012, №4, мод.256; №7, мод.685, мод.693; №8, мод.814; №12 қ 1, мод.1004; соли 2013, №3, мод.181; №7, мод. 508; соли 2014, №3 мод.143,  мод.144; №7 қ.1, мод.389; мод.390; соли 2015, №3, мод.201; №7-9, мод.707, мод.708; №11, мод.955; №12 қ1, мод.1108; соли 2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132; №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614; №11, мод.877; соли 2017, №1-2, мод.5, мод.6; №5  қ1,  мод. 275; №7-9, мод.568, мод.585; соли 2018, №1, мод.9, №5, мод. 268, мод. 269; соли 2019, №1,мод.8; №6, мод.312, мод. 313; №7, мод.464; соли 2020, №1, мод.6; №7-9, мод.604, мод. 606. мод.621; №12, мод.900, мод.901; соли 2021, №6, мод.384, мод.385; Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 №1812, №1813, №1814, №1815.
32. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015, №12 қ1, мод.1115; соли 2017, №7-9, мод.578; соли 2019, №6, мод. 326; соли 2020. №1, мод.29.
33. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №4, мод. 201; 2008, №12, қ-2, мод.1017; соли 2009, № 3 мод. 89; соли 2011, №3, мод. 178;  № 6, мод. 444; соли 2015, №3, мод.220, №11, мод.961, мод.962; соли 2016, №3, мод.144, мод.145; соли 2017, №7-9, мод.574; соли 2019, №7, мод. 470; соли 2020.№7-9. мод.612; соли 2021. №1-2, мод.13.
34. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» аз 27 июли соли 2016, №325.
35. Забон ва сифати қонун (маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ш. Душанбе, 22 июни соли 2010) / Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимов М.З. – Душанбе: «Шуҷоиён», 2010. – 356 с.
36. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №7-8, мод.608; соли 2012, №7, мод.684; №12 қ1, мод.1011, мод.1012; соли 2014, №7 қ-2, мод.401; соли 2015, №3, мод.209; №7-9, мод.706, соли 2016, №5, мод.371; №7, мод.619; №11, мод.878; соли 2017, №1-2, мод.13; №5 қ1, мод.294, соли 2018, №1, мод.12; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 №1819.
37. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» аз 6 феврали соли 2018, №1005. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: http://base.mmk.tj/view_sanadhoview.php?showdetail=&sanadID =563 (санаи муроҷиат: 16.11.2019).
38. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2022, №647.
39. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ» аз 30 июни соли 2021, №268.
40. Супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таҳкими фаъолият дар самти таҳия, қабул, бақайдгирӣ ва иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 2 октябри соли 2020, №21/11-03.
41. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, №12, қ-1, мод. 834; с. 2020, №12, мод. 913.
42. Ахбори Маҷлиси Оолии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.2003, №8, мод.457; с. 2007, №6, мод. 432; с.2008, №10. мод. 824; с.2011, №12, мод.843; с.2012, №4, мод.262; соли 2014, №11, мод.672; соли 2015, №3, мод.224; соли 2017, №7-9, мод.575, мод.576; соли 2018, №1, мод.26.
43. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №5 мод.316; соли 2010, №12, қ-1, мод.828; соли 2012,№ 12 қ1,мод.1006, соли 2015,№11,мод.972; соли 2016,№5,мод.370; соли 2019, №1, мод.33; соли 2019,№7, мод.475; соли 2020.№1, мод.27.
44. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №3, мод. 167; соли 2012, №7, мод.708; соли 2019, №1, мод. 31.
45. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2004, №12, қ-1, мод. 699; соли 2008, №10, мод.805,мод.817; соли 2013,№12,мод.896; соли 2015,№3,мод.215, соли 2018, №1, мод.28; соли 2021. №1-2, мод.19; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 №1847.
46. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, №4, мод. 198; соли 2013, №3 мод. 188.
47. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №3, мод. 177, соли 2018, №1, мод.1.
48. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26.01.2021.

Рейтинг контента: 
Средняя оценка: 5 (1 голос)

Категория: