Табрикоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 26 июня, 2024 - 18:09 пользователем Ҳайати тадорукот

Ҳамкасбони азиз, меҳмони олиқадр ва ҳозирини  гиромӣ!

Имрӯзҳо мо дар остонаи яке аз ҷашнҳои хеле муқаддас ва арзишманд барои кишвари мо 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ  қарор дорем, аз номи ҳайати мушовара ва кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи  Шуморо  ба ифтихори ин Ҷашн  самимона табрику муборакбод   гуфта, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти рӯзафзуни Ватани азизамон, ки бо  ҷаҳду талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ба хонадони ҳар як фарди ватан, тоҷику Тоҷикистонӣ осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва барору комёбӣ орзу намоям.

Дар ҳақиқат, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ неъмати аз ҳама бебаҳо ва арзишманд ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, мардуми сарбаланди тоҷик кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар бобати боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ неъмати пурарзиш буда, ба некуаҳволии халқамон ва пешрафту ободии Ватани азизамон заминаи воқеӣ гузошт.
Аз ин лиҳоз, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Ҷанги шаҳрвандие, ки дар давраҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар рух дод, аз лавҳи хотири касе фаромӯш нашудааст.
Мусаллам аст, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба сари мардуми кишвар бадбахтиҳои зиёд оварда, боиси марги 150 ҳазор нафар гардид ва ба мамлакат ба андозаи беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари иқтисодӣ овард.
Бояд зикр намуд, ки барои барқарор кардани Ҳукумати конститутсионӣ ва сулҳу суботи кишвар ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст.
Пешвои миллат дар давраи бисёр ҳам мудҳиш аз ҳеҷ хавфу хатар ва таҳдидҳои дохиливу берунӣ наҳаросида, зимоми давлатдориро ба даст гирифт ва савганд ёд намуд, ки то охирон гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором ҳис намекунам.
Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои маҳбуби кишвар дар бораи ваҳдати миллӣ чунин баён намудаанд: “Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи 16– уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт”.
Дар ҳақиқат, ҳамин тавр ҳам шуд, маҳз, бо шарофати ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Баъди ба тасвиб расидани ин санади тақдирсоз, ба лабони хурду бузурги мардуми кишвар ханда дамид. Маҳз, ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру манзалати бениҳоят баланд дорад.
Барои ноил шудан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ анҷом бахшид ва таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.
Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.
Вақте Созишнома ба тасвиб расид ва “сулҳи деринтизори мо омад” маълум гардид, яке аз мушкилоти  асосии кишвар дар сохтмони давлати мустақил ва соҳибстиқлол-ҳаллу фасли масъалаи баромадан аз бунбасти энергетикӣ ва  ба роҳ андохтани энергетикаи худ ба миён омад.
Ин масъала бо ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об робитаи бевосита дошта, бо дастгирии СММ ҳаллу фасли худро пайдо кард. Имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвар ташаббускори ҳалли масъалаҳои об ва бунёдгузори самти нави дипломатияи ҷаҳонӣ, ки он номи «дипломатияи об» -ро гирифтааст, мешиносанд.
Мардуми Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карда, дар мавриди истиқрори неруву тавони кишвар, иқтидори иқтисодиву иҷтимоии он, вусъат додани муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкориву дӯстӣ бо кишварҳои ҷаҳон кору тадбир менамоянд.
Дар ин кори пуршараф - роҳбарии дурбинона ва сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати кишвар, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давлат ва ҷомеаи моро ба дастовардҳои наву тоза мерасонад.
Ҳидоятҳои Пешвои миллат мардуми Тоҷикистони азизро доимо ҷиҳати арҷгузорӣ ва мустаҳкам кардани Ваҳдати миллӣ роҳнамоӣ карда, ба дарки аҳаммияти абадии ин падидаи муҳим илҳом мебахшанд.
Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо муносибати 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, орзуманди онам, ки парчами давлатиамон дар фазои сулҳу субот доимо парафшон бошад ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон шукуфоӣ, пешрафт ва тараққиёт хоҳонам.
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бошад,  ҳамватанони азиз!

Поянда бод, Ваҳдати миллӣ
Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Аз саводаш дидаи мо равшан аст,
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Решаи ҷонҳост дар ҳам бофта,
Риштаи ҷонҳост дар ҳам тофта.
Аз пари Симурғи тавҳидаш қалам,
Мераҳонад ҳасти моро аз адам.
Ваҳдати миллат бақои миллат аст,
Устувор аз муддаои миллат аст.
Ҳарфҳо аз муддао гардад китоб,
Зарраҳо аз тоби мақсад офтоб.
Чашми Сино бар сари гаҳворааш,
Тарҳи сад олам ба ҳар ангорааш.
Дар вуҷуди миллати яктопараст
Ваҳдату мақсуд чун ду шаҳпар аст.
Бо ду шаҳпар дарнавардад ин ҷаҳон,
Зери болаш як бувад ҳафт осмон.
Сӯйи дому донаи кас нангарад,
Ҳимматаш то авҷи гардун мебарад.
Он ки ҳаст Албурзу Алвандаш нишем,
Аз сияҳчоли замонаш нест бим.
Бартариҳояш ҳам аз худогаҳист,
Огаҳӣ – шерозаи девони Зист.
Дастҳо пайванди ин ҳаблулматин,
Асли ҳикмат, асли ойин, асли дин.
Не гусастан, не шикастанро раҳе,
Пайкари пӯлоду ҷони огаҳе.
Фитнаи айём монанди ҳубоб
Мешавад аз мавҷи дарёяш хароб.
Ҳикматаш деринаву бахташ ҷавон,
Дар замираш растхези ҷовидон…
Рустами Ваҳҳоб

Рейтинг контента: 
5
Средняя оценка: 5 (4 голос)

Категория: