Баргузории семинари машваратӣ бо кормандони прокуратураи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 11 августа, 2024 - 15:15 пользователем Ҳайати тадорукот

Дар замимаи ҳамкориҳои тарафайн бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 8-ум то 10-уми августи соли 2024 дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) ва Прокуратураи вилояти Хатлон (шаҳри Бохтар) семинари машваратӣ дар мавзуи «Риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳуҷҷатнигорӣ» бо ҷалби кормандони прокуратураи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон бо иштироки кормандони Кумита баргузор гардид.
Чорабиниро намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, зикр намуд, ки риояи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ дар вазорату идорҳо, ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ хеле муҳим мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳа шарҳу тавзеҳ дода мешавад.
Сипас намояндагони Кумитаи забон оид ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ҳадаф ва иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, арҷгузорӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ намояндаи Прокуратураи генералӣ ба намояндагони Кумитаи забон ҷиҳати иштирок ва гузаронидани семинари машваратӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Рейтинг контента: 
1
Средняя оценка: 1 (1 голос)

Категория: