МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД

ОРФОГРАФИЧЕСКИЙ СЛОВАРЬ ТАДЖИКСКОГО ЯЗЫКА 2026

Вожаеро ворид намоед
Опубликовано 28 февраля, 2026 - 11:11 пользователем Ҳайати тадорукот

Субҳи имрӯз 28 феврали соли 2026 дар боғи фарҳангӣ фароғатии "Низомиддин Алишер Навоӣ" бо иштироки кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тарҷума, ҷавонон ва сокинони маҳаллӣ машқҳои пагоҳирӯзи ва роҳгардии саломатӣ баргузор гардид.
Баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардида буд. Қарор дода шуд, ки ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ «Рӯзи варзиш» эълон карда шуда, бояд аҳли ҷомеа, аз ҷумла кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ба он ҷалб карда шаванд.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар шаҳри Душанбе ҳар ҳафта аз соати 07:30 то 08:30 дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Куруши Кабир», «Парчами давлатии Тоҷикистон», боғҳои фарҳангӣ- фароғатии ба номи «Абулқосим Фирдавсӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Аҳмади Дониш», инчунин дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо баргузор карда мешавад.

Рейтинг контента: 
Еще нет оценки

Категория: