Мағозаи "Obi Zulol"

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 17 февраля, 2018 - 11:55 пользователем Ҳайати тадорукот
Выборочно
Город: 
Душанбе
Улица: 
Ҳиёбони Рӯдакӣ
Место/Организация/Компания/Веб-сайт/Товары/Продукты: 
Мағозаи "Obi Zulol"
Снимок: 

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи онлайни "Кишвари бехато" ва назорати қатъии матни ҳама гуна навиштаҷоти шиору лавҳаю овезаҳо ва мутобиқ намудани барчаспҳо, нархномаҳои ширкату ташкилотҳои истеҳсолии кишвар, бахусус, номгузории маводи истеҳсолӣ дар ширкатҳо ва лавҳаҳои муваққатии мавсимӣ ва ҳамешагии насбшаванда ва зери назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти муассисаҳои табъу нашри хусусӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба хулоса омад, ки номгузории мағозаи таҳти унвони "Obi Zulol" ба талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷмҳурии Тоҷикистон" мувофиқат намекунад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мағозаи мазкурро огоҳ менамояд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин номгузории мағозаро ба талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷмҳурии Тоҷикистон" мувофиқ намояд.

Дар ҳолати иҷро нашудани огоҳиномаи онлайн, шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.